Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Оё медонед?


Оё медонед?



Дар аҳди Сосониён ва Кӯшониён ҷашни Сада то дараҷае шуҳрат ёфта буд, ки барои пазироии он дар дарбори салтанат вазири махсусе кордорӣ мекард.

Дар арафаи ҷашнгирии Сада дар қадим мусобиқа ва сабқатҳои варзишӣ ташкил мекарданд.

Ҳангоми ҷашнгирии Сада афрӯхтани гулхан ва оташ хос мебошад, ки рамзи ғалабаи гармӣ бар сардӣ, рушанӣ ба торикӣ ва некӣ ба бадӣ мебошад.

Ҷашнгирии Сада рамзи оғози кишту кори баҳорӣ дониста мешавад.

Пайдоиши ибораи “Сада” ба тарзҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Масалан, аз адади “100” гирифта шудааст, ки то ҷашни Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи дигар, истилоҳи “сада” аз калимаи “санд” –и “Авасто” гирифта шуда, маънои зуҳур ва воқеъ шуданро дорад. Яъне пайдоиши рӯшноӣ ва гармиро мегӯянд.

Ин ҷашн ёдбуди даврони ориёиҳост, ки дар маъхазҳои таърихию бадеӣ ба қаҳрамони таърихии Ҳушанг нисбат дода мешавад.

Ҳатто Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш дар бораи ҷаншгирии Сада маълумот додааст.

Сада то даврони Ғазнавиёну Салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то истилои муғулҳо дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон васеъ ид карда мешуд. Дар асрҳои XII-XIII зери таъсири  уҳониён ҷашнгирии Сада манъ карда шуд.

Тавсифи ҷашнгирии Садаро дар даврони Сомониён ва Ғазнавиён метавон дар осори таърихию бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо мушоҳида намуд.

Тоҷикистон дар ҷаҳон ягона давлате мебошад, ки дар он ҷашни Сада ҷашни давлатӣ эълон гардидааст.

Ин ҷашн дар баъзе минтақаҳои тоҷикнишин ва ориёитабори Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Узбекистон таҷлил мегардад.

Ақидае вуҷуд дорад, ки чӣ қадаре алангаи оташ дар Сада баланд бошад, ҳосилнокии сол хуб мешавад.

Дар Тоҷикистони муосир дар рӯзи таҷлили иди Сада ярмаркаи молу маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад.

Маҳз дар ин айём марди деҳқон донагӣ ва олоти меҳнаташро барои кишту кор омода месозад.

Далда – хӯроки рамзии ҷашни Сада аст. Он дар муддати се соат аз калаву почаи гӯсфанд, донагӣ ва гандуми кӯфта омода карда мешавад. Ҳамчунин, дар хони Сада чаппотӣ, фатир, ордоб ва атола низ гузошта мешавад.

Мувофиқи тақвими зардуштӣ ҷашни Сада дар байни моҳи Баҳман бояд таҷлил карда шавад.

Дар қадим ҳангоми ҷашнгирии Сада пораҳо аз “Авасто”-ро қироат менамуданду хӯрокаву нӯшокӣ тақдим менамуданд.

Аллома Берунӣ чунин менависад: “Оташ бояд тамоми шаб фурӯзон бошад. Субҳи рӯзи дигар занону бонувон назди оташ рафта чанд шохаи ҳанӯз фурӯзонро ба хонаҳои худ мебурданд, то бо оташи муқаддас хонаҳоро мунаввару покиза кунад. Боқимондаи оташро ба оташкада мебурданд”.

Таҳияи ТОЛИБ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода