Берунӣ - шоҳсутуни улуми ҷаҳонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 398
Бале, Ал-Берунӣ, ниёи тоҷикзабони мо, олиму муҳаққиқи забардасте буд, ки ҳанӯз асрҳои миёна кашфиётҳое кард, ки имрӯз аз мавқеи улуми муосир шигифтангез менамоянд. Берунӣ 1000 сол қабл мавҷудияти Амрикоро аз рӯйи фарзияҳо исбот карда буд. Ӯ фарзияе дошт, ки он сӯи уқёнус бояд қитъаи калон ва хушке бошад, то тавозуни кураи Замин нигоҳ дошта шавад. Он замон ҳокимони давр ӯро маблағгузорӣ накарданд, киштие насохтанд, ки Берунӣ уқёнусро гузашта, Амрикои кашфкардаашро ба ҳамагон собит намояд. Фақат баъди чанд сад сол Христофор Колумб онро кашф намуду ба шарафи Амрико де Веспуччи ин қитъа Амрека ном гирифт.
Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Берунӣ эҳтимолан 4 сентябр ё 4 октябри соли 973 дар шаҳри Кати музофоти Хоразми давлати Сомониён таваллуд ва 9-уми декабри соли 1048 дар шаҳри Ғазнии Афғонистони имрӯза вафот кардааст. Берунӣ яке аз олимону муҳаққиқони асримиёнагӣ, энсиклопедист ва мутафаккир, муаллифи таълифоти илмӣ-тадқиқотии бунёдии фаровоне оид ба таърих, ҷуғрофия, филология, астрономия, математика, механика, геодезия, минералогия, фармакология, геология ва чандин илми дигар буд. Берунӣ бо 13 забон - санскрит, юнонии қадим ва муосир, ҳиндӣ, туркӣ, тоҷикӣ, форсии дарӣ, хоразмӣ, яҳудӣ, суриёнӣ ва ғайра навишта ва хонда метавонистааст. Номгӯи феҳристи таълифоти илмии ӯ, ки шогирдону пайравонаш мураттаб намудаанд, қариб 60 саҳифаро фаро мегирифтааст.
Он ба қавли олимону муҳаққиқони имрӯза 126, 148 ва ё 195 ададро дар илмҳои мухталиф ташкил мекардааст ва ҳоло на зиёдтар аз 45 адади он дар китобхонаҳои гуногуни олам дар шакли дастхатҳо боқӣ мондаанд. Таълифоти илмии худро ӯ бештар ба забонҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ қариб дар тамоми соҳаҳо эҷод карда, ё ибрози назар намудааст. Зеро он замонҳо забони арабӣ - забони илм, забони дарӣ - забони дарборию давлатдорӣ ва забони туркӣ- забони мардуми оддию омма маҳсуб мешуд. Таҷрибаи илмиву амалии Берунӣ ба масъалаҳои заминшиносӣ, маъданшиносӣ, илми ҳайъат, улуми дақиқ, осори илмиву фарҳангӣ, расму оини халқу миллатҳои гуногун бахшида шудааст. Ӯ ба муҳокимаронӣ ва фаъолияти назариявию муроқибавии хоси тарзи тафаккури асримиёнаӣ муқобил буд. Аз мероси ӯ ба мо дар маҷмӯъ бештар аз 143 асар ба ёдгор мондааст, ки ба улуми риёзӣ, ситорашиносӣ, ҷуғрофия, натурфилософия, минералогия, фармакология, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва ғайра бахшида шудаанд. Баъзе аз асарҳои нодири мутафаккир то ба замони мо нарасидаанд.
Шаҳре, ки ӯ таваллуд шуда буд, ҳоло шаҳри Берунии Узбекистон ном дорад ва дар ҳудуди Қароқалпоқистон ҷойгир аст. Дар бораи волидайни ӯ маълумоти кам дорем. Дар қайду шарҳҳои худ Берунӣ нигоштааст, ки оид ба падар ва бобои худ қариб чизе намедонад. Тибқи маълумоти «Энсиклопедияи ислом» Берунӣ гӯё дар хонаводаи эронитаборе таваллуд гаштааст. Худи Берунӣ забонҳои омӯхтаашро чунин шарҳ медиҳад: «Сипас, ман ба омӯзиши арабӣ ва порсӣ гузаштам, нисбати ҳар яки он ман воридшаванда будам, бо мушкилиҳо онҳоро аз худ намудам».
Ал-Берунӣ аз доираи муҳити косибону ҳунармандон баромада, таҳсилоти васеи математикӣ ва фалсафиро фаро гирифтааст. Устод ва омӯзгори ӯ дар маркази қадимаи хоразмиҳо - шаҳри Кат математик ва астрономи варзида Ибни Ироқӣ будааст. Баъди оне ки соли 995 шаҳри Катро амири Гурганҷ фатҳ намуда, пойтахти Хоразмро ба Гурганҷ кӯчонид, Ал - Берунӣ, ки аз сулолаи суқуткардаи Афродитҳо ҳимоят мекард, ба шаҳри Рай рафта, дар назди олиму муҳаққиқ Ал-Хуҷандӣ кору фаъолият мекунад. Дар дарбори яке аз ҳокимони охирини Сомониён - амири Бухоро Абулҳорис Мансури Нуҳ буда, ба мукотибаи идоманоке бо Ибни Сино мепардозад ва бо ӯ масъалаҳои улуми табииро ҳамроҳ бо ҷаҳонбинии Арасту матраҳ мекунад.
Сипас, ӯ дар Гургон дарбори амири зиёраи Табаристон - Шамсулмаъолии Кобус чанде кору фаъолият менамояд ва соли 1000-ум ба ӯ китоби «Солнома»-ро бахшидааст. Ниҳоят ба Хоразм бармегардад ва дар Гурганҷ дар дарбори хоразмшоҳиҳо Алӣ (997-1009) ва Маъмуни II кору фаъолият менамояд. Соли 1017 баъди тасхиру тасарруфи Хоразм тавассути Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бо дигар олимону муҳаққиқон иҷборан ба Ғазна кӯч мебандад ва дар он ҷо дар дарбори Султон Маҳмуд ва меросхӯрони ӯ -Масъуд ва Маъдуд кору фаъолияти худро идома медиҳад. Берунӣ дар юришҳои Маҳмуд ба Ҳинд ширкат карда, он ҷо якчанд сол умр ба сар мебарад. Ба ҳомию сарпарасти худ- Масъуд таълифоти худро оид ба астрономия ва тригонометрияи соҳавӣ бахшидааст, ки номи машҳури «Конуни Масъуд»-ро гирифта буд.
Дар нахустин таълифоти худ таҳти унвони «Солнома ва ёдгориҳои наслҳои гузашта» (соли 1000) тамоми низомҳои тақвимии то он замон мавҷудбударо ҷамъоварӣ ва тавсиф мекунад, ки мардумони гуногуни олам истифода мекарданд. Зимнан ӯ ҷадвали тамоми давру замонҳоро шурӯъ аз патриархҳои библеӣ таҳия ва мураттаб намудааст. Дар китоби худ «Ҳинд ва ё Китобе, ки шарҳу баёни таълимоти ҳиндии қобили хирад ва ё инкоршуда», ки соли 1030 ба охир расонида буд, Берунӣ тавсифи илмӣ-интиқодии тарзи зисту маишат, фарҳанг ва илми ҳиндуҳоро тавсиф карда, низомҳои динӣ-фалсафии онҳоро баён менамояд, мушаххасан таълимоти классикии санкхӣ, назарияи таҳаввулоти кайҳонӣ, таълимот оид ба алоқаи рӯҳу ҷон бо «ҷисми нозук» ва ғайраро матраҳ ва ироа намудааст. Дар ҳамин ҷо қиссаю ривояти машҳур оид ба эҷодгари бозии шоҳмот матраҳ гаштааст. Ба астрономия Берунӣ 45 таълифоти худро бахшидааст. Муқаддимаи машҳуртарин ба илми астрономия «Китоби мулоҳизаҳо нисбати мабдаъҳои илми ситораҳо» маҳсуб аст, ки соли 1029 таълиф гашта, дар 2 шакл - арабӣ ва тоҷикӣ ҳифз шудааст. Ин китоб аз 530 пурсишу посухҳо оид ба геометрия, арифметика, астрономия, ҷуғрофия, хронология, сохтору таркиби астролябия ва астрологияро фаро мегирад.
Муҳимтарин таълифи Берунӣ оид ба астрономия - «Конуни Масъуд оид ба астрономия ва ситораҳо» мебошад. Нақшаи ин китоб наздик ба нақшаи меъёрии арабҳои зиҷҷа аст, аммо дар тафовут бо онҳо ин ҷо исботҳои муфассалу мушаххастари эксперименталӣ ва математикии ҳамаи нуктаҳои баёнӣ матраҳ гаштаанд; якчанд нуктаҳои илмии пешгузаштагони худ, масалан, фарзия ва эҳтимолиятҳои Собит ибни Қурра оид ба алоқаи ҳаракати апогейи Офтобро бо муқаддамоти баробарӣ ва тавозун Берунӣ радду инкор мекунад, оид ба бисёр масъалаҳо ба хулосаҳои нав меояд. Ӯ фарзияро оид ба ҳаракати Замин даври Офтоб баррасӣ мекунад: ӯ ягонагӣ ва монандии табиати оташин ва нурафкании Офтоб ва ситораҳоро тасдиқ намуда, дар тафовут нисбати ҷисму ҷирмҳои торик - сайёраҳо, ҳаракатнокии ситораҳо ва ҳаҷму андозаҳои бузурги онҳо нисбати Замин, ғояи ҷозибаи умумиҷаҳониро матраҳ менамояд.
Берунӣ таваҷҷуҳи зиёде ба математикаву тригонометрия дошт: ғайр аз қисмати аъзами «Конуни Масъуд» ӯ ба ин масъалаҳо таълифотеро таҳти унвони «Андар таъйиноти хурд дар давр (доира) бо ёрии хатти шикастаи ба он воридкарда» бахшидааст ва дар ин ҷо якчанд теоремаи ба Архимед мансуббуда баррасӣ мегарданд, ки дар катибаю дастнависҳои юнонӣ ҳифз нашудаанд.
Берунӣ ҳамчунин таълифоте аз қабили «Оид ба рашикҳои ҳиндӣ», «Сферика», «Китоби гавҳарҳо” оид ба ҳамвории сатҳ (соҳа)» ва чанде дигар дорад.
Соли 1038 Берунӣ «Минералогия ва ё китоби маҷмӯаҳо оид ба дарку маърифати қиматбаҳо»-ро таълиф кардааст, ки дар он ҳаҷму андоза ва вижагию хосиятҳои бисёре аз минералҳо тавсиф гаштаанд ва дар маҷмӯъ оид ба 50 навъи минералҳо ва фулузот маълумоти муфассал дода шудааст.
Берунӣ «Фармакогнозия дар тиб»-ро таҳия кардааст, ки китоб оид ба васоиту васоили тиббию табобатӣ буда, як таълифоти бунёдӣ аст ва имрӯз ҳам аз аҳамияту арзишмандиҳои зиёде бархӯрдор мебошад. Ӯ дар ин китоб вижагию хосиятҳои бештар аз 800 растаниро муфассалан асвиру тавсиф намудааст. Қисмату бахшҳои алоҳидаи онҳо, маҳсулотҳои хориҷшаванда ва аломату нишонаҳои мушаххаси онҳоро зикр кардааст. Истилоҳоти вобаста ба онҳоро мураттаб намуда, ба як низоми муайян даровардааст. Берунӣ ҳудуди 4500 номи растаниҳоро бо забонҳои мухталиф ҷамъоварӣ ва шарҳу тафсир кардааст. Ин муродифот ҳоло ҳам барои тадқиқотҳои муосир дар таърихи фармакогнозия мусоидат карда метавонанд.
Ҳамчун як олиму муҳаққиқ Берунӣ зарурати санҷиши муфассали донишҳоро дар амалияю таҷриба таъкид мекард, донишҳои эксперименталиро бо фарзияю эҳтимолият ва назарияҳо муқобил мегузошт. Аз ин мавқеъ ӯ консепсияи Арасту ва Ибни Синоро оид ба «макони табиӣ» ва далелнокӣ алайҳи мавҷудияти халоъ мавриди интиқод қарор медиҳад. Донистани забонҳои гуногун ба Берунӣ дар коркарди усулҳои истилоҳоти илмии табиӣ аз як забон ба забони дигар мусоидат карданд. Транскрипсияи дар заминаи арабӣ эҷодкардаи Берунӣ низоми муосири интиқоли вожаҳои ҳиндиро ба урду бартарият дода буд. Берунӣ дар таълифоти худ номи моҳҳои туркӣ ва растанию гиёҳҳои табобатиро меорад. Вай дар асараш таҳти унвони «Ёдгориҳои наслҳои гузашта» номҳои туркии солҳоро аз рӯи силсилаи ҳайвонот мео-рад: сичқон, од, барс, тушқон, луй, элон, юнт, қуй, пичин, тагиғу, тунғуз, улуғ-ой, кичик-ой, биринчи-ой, эккинчи-ой, учинчи-ой, туртинчи-ой, бешинчиой, олтинчи-ой, йетинчи-ой, саккизинчи-ой, тоққузинчи-ой, унинчи-ой ғайра. Новобаста ба тоҷикзабону эронитабор будани худ Берунӣ қисмати фаровони осори илмии худро ба забони илмии арабӣ таълиф кардааст, аммо «Китоб-ут-тафҳим» - яке аз шоҳасарҳои худро ба забони форсии тоҷикӣ навиштааст ва ҳамин тариқ, собит намудааст, ки ҳам бо забони арабӣ ва ҳам илмии тоҷикӣ эҷод карда метавонад.
Ба ифтихори ин нобиға кратери моҳтобӣ ва астероиди 9936 «Берунӣ» ном ниҳода шудаанд.
Берунӣ ба Ибни Сино бо 18 савол ба тариқи хаттӣ муроҷиат карда буд, ки Шайхурраис барои ҷавоб ба 8 саволаш оҷиз монда буд. Берунӣ гардиши Заминро атрофи Офтоб собит карда буд. Ӯ суръати нуру рушаниро дар асрҳои миёна қариб 99 фоиз дуруст ва мушаххас муайян карда буд ва ин замоне буд, ки Аврупою олимонаш дар хоби ғафлат буданд.
Ҷумъахон Алимӣ,
профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...