Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

16-умин намоишгоҳи байналмилаллии IIFME international invention Fair in the Middle East Kuwait дар Ховари Миёна бо иштирок 70 давлати ҷаҳон дар Давлати Ал-Кувайт аз 8-11 феврали 2026 баргузор гардид. Мунира Роибова бо ихтирои синтези пайвастагиҳои кобалт бо дибазол сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра шуд. Дар ин бора Мунира ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дод.
-Дар ҷараёни намоишгоҳ лаҳзае фаро расид, ки ҳаргиз аз хотирам фаромӯш нахоҳад шуд. Одатан ҳайати ҳакамон назди ҳар як иштирокчӣ ҳамагӣ як ё ду дақиқа таваққуф мекарданду суол медоданд ва ба пешниҳоди кор гӯш мекарданд. Вақте ба назди ман ра-сиданд, вазъ тамоман дигар шуд. Онҳо 12 дақиқаю 36 сонияи пурра назди кори ман истоданд. Ҳар ҷузъиёту нозукиро бодиққат тамошо карда, саволҳои амиқ медоданд, ба ҳар посух бо диққат гӯш медоданд. Ростӣ, дар оғоз қалбам пур аз изтироб буд. Ҳакамон - мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, олимони варзида ва коршиносони соҳа пеши рӯям меистоданд. Лаҳзае эҳсоси тарс маро фаро гирифт. Оё метавонам кори худро ба сатҳи лозима муаррифӣ кунам? Аммо дар ҳамон сонияҳо чашмам ба Парчами Тоҷикистон афтод, ки дар рӯ ба рӯям насб шуда буд. Парчам гӯё маро аз нав неру бахшид. Ба худ гуфтам: ман танҳо барои худ ҷавоб намедиҳам, ман намояндаи як миллатам. Ман танҳо Мунира не, Тоҷикистонро муаррифӣ меку-нам, - бо дили пур аз фараҳ нақл мекунад Мунира.
Мунира бо тамоми ҳастӣ, бо бовар ва итми-нон ба донишу таҷрибаи худ, ба шарҳи кор оғоз на-муд. Нозукиҳои синтез, шароити таҷриба, таҳлили спектрҳо, хусусиятҳои электропроводнокро бо далелу рақамҳо, бо тавзеҳи илмӣ ва мантиқӣ баён кард. Ҳарчанд саволҳои онҳо ҳар қадар амиқтар мешуданд, посухҳои Мунира низ муфассалтар ва асосноктар ме-гаштанд. Ӯ бо чанд забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ бо онҳо суҳбат мекард, то фикри худро дақиқтар расонад. Ин ҳолат худи ҳакамонро ба ҳайрат овард.
Дар чеҳраҳояшон аломати қаноатмандӣ ва ҳайрат эҳсос мешуд. Онҳо ба якдигар менигаристанд, сар ҷунбонда тасдиқ мекарданд. Дар анҷом раиси ҳайати ҳакамон ба ӯ рӯ оварда, бо табассум мегӯяд: «Яке аз ҷойҳои ифтихорӣ насиби ту мешавад».
Ин рӯйдод танҳо як хабар нест. Ин достони мубори-за, сабр, заҳмат ва ормони як бонуи тоҷик аст, ки дар миёни мушкилоти рӯзгор, масъулиятҳои хонаводагӣ роҳи илмро интихоб кард ва то поён расонд.
Мунира Роибова зодаи ноҳияи Вахш буда, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Аз кӯдакӣ муҳити хонаводагӣ ӯро ба китобу дониш наздик кард. Падару модар, ки аҳли маърифат буданд, фарзандонро ба таҳсил ва меҳнатдӯстӣ тарбия мекарданд. Ӯ мактаби миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 хатм намуда, ҳанӯз дар давраи мактабӣ ба фанҳои дақиқ, махсусан химия ва биология шавқу рағбат дошт. Омӯзгорон истеъдоди ӯро пай бурда, пайваста тавсия медоданд, ки роҳи илмро пеш гирад.
Соли 2007 ӯ ба Коллеҷи тиббӣ ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дохил шуда, ихтисоси кори ҳамшираи тиббиро интихоб намуд. Ин интихоб тасодуфӣ набуд. Ӯ мехост ба мардум хизмат кунад, дарди беморонро сабук намояд. Соли 2010 коллеҷро бо муваффақият хатм кард. Орзуи дар қалб доштааш фаҳмидани табиати доруҳо, механизми таъсири онҳо ва имкони эҷоди воситаҳои нави табобатӣ ӯро ба факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ овард. Солҳои донишҷӯӣ барои ӯ давраи шаклгирии ҷаҳонбинӣ ва андешаи илмӣ гардид. Ӯ дар маҳфилҳои илмӣ фаъолона ширкат мекард, дар конференсияҳои донишҷӯён маърӯзаҳо пешниҳод менамуд. Соли 2016 донишгоҳро хатм намуда, ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намуд, аммо дил аз илм наканд.
Бо дастгирии устодонаш ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд. Маҳз дар ҳамин ҷо мавзуи асосии таҳқиқоти ӯ (-синтез ва омӯзиши комплексҳои кобалт (II) бо дибазол) шакл гирифт. Ин мавзуъ дар назари аввал барои хонандаи одӣ мушкил менамояд, аммо дар асл ба яке аз самтҳои муҳими дорусозӣ марбут аст. Пайвастагиҳои металлҳои гузаранда, аз ҷумла кобалт, метавонанд бо моддаҳои органикӣ комплексҳо ҳосил намоянд, ки хусусиятҳои нави биологӣ доранд. Омӯзиши чунин пайвастагиҳо имкони таҳияи доруҳои муассир ва камзарарро фароҳам месозад.
Роҳи расидан ба натиҷа осон набуд. Аз соли 2021 то 2026 пайваста дар лабораторияҳо кор мекард. Ҳар рӯз аз шаҳри Бохтар ба Душанбе мерафт, то дар озмоишгоҳҳои донишгоҳ таҷриба гузаронд. Баъзан соатҳо пушти мизи лабораторӣ меистод, маҳлулҳоро омода мекард, реаксияҳоро назорат менамуд ва натиҷаҳоро сабт мекард.
Дар баробари ин, Мунира мудири маркази малакаҳои таҷрибаомӯзии назди кафедраи фанҳои тиббӣ-биологии МД “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» аст. Саҳар дар Душанбе таҳқиқ мегузаронд, баъд аз нисфирӯзӣ дар Бохтар фаъолият мекунад. Шом корҳои хона, тарбияи фарзанд, нигоҳубини аҳли оила. Шабҳо барои пайдо кардани маблағи иловагӣ ба куртадӯзӣ машғул мешуд.
-Барои анҷоми таҳқиқот беш аз 300 ҳазор сомонӣ сарф кардам. Ин маблағ барои омӯзгор ниҳоят гарон аст. Аммо шавҳар, модар ва бародарам дастгирӣ мекарданд. Модарам нафақахӯр аст, нафақаи худро ҷамъ мекарду ба ман медод, то кори илмии худро қатъ накунам, иброз медорад ӯ.
Яке аз саҳнаҳои таъсирбахши зиндагии ӯ ба рӯзҳои охири таҳқиқ рост меояд. Ӯ дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ қарор дошт. Бо вуҷуди вазъи ҷисмонӣ, таҳқиқро идома дод. Рӯзи охирин натиҷаҳоро ҷамъбаст карда, ба роҳбари илмӣ супурд. Ҳамон рӯз пас аз нисфирӯзӣ фарзандаш ба дунё омад. Барои ӯ ин лаҳза рамзи пирӯзии дугона буд - пирӯзии модар ва муҳаққиқ.
Маводи истеҳсолнамудаи ӯ, пеш аз ҳама, барои ис-тифода дар тибби инсонӣ пешбинӣ шудааст. Аз оғоз ҳадафи асосӣ таҳияи як воситаи муосири табобатӣ буд, ки ҳам самаранок ва ҳам барои организм беха-тар бошад. Барои арзёбии хусусиятҳои биологӣ ва дараҷаи таъсир, ӯ силсилаи таҷрибаҳои озмоиширо дар ҳайвонот, аз ҷумла мушҳо ва заргӯшҳо, анҷом додааст. Натиҷаҳои бадастомада нишон доданд, ки пайвастагии синтезшуда ба организм таъсири манфӣ надорад ва сатҳи заҳролудии он дар доираи меъёрҳои қобили қабул қарор мегирад. Ин мавод до-рои патенти давлатии маркази патенту иттилоот мебошад. Дар таҳқиқоти эксперименталӣ, пайвастагии дибазол бо кобалт дар таносубҳои омехта ва таҳлил шуд, ки мақсад аз он муайян кардани шакли оптималии дору барои самаранокӣ бар зидди паразитҳо ва микробҳо мебошад. Ин тадқиқот потенсиали нобуд кардани паразитҳои калон (ҳатто кирмҳои то 12 метр) ва бактерияҳоро дорад ва дар оянда имкон медиҳад, ки шакли муассир ва навъи дору барои инсон пешбинӣ ва илми тибби тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
-Ин доруро мо шартан «Дикабот» номгузорӣ кар-дем. Дар раванди таҳқиқ муайян гардид, ки он дорои қобилияти баланди нобудсозии паразитҳо, аз ҷумла намудҳои гуногуни кирмҳо дар организм ме-бошад. Яъне, метавонад ҳамчун воситаи муассири
зиддипаразитӣ истифода шавад. Ин натиҷа барои мо хеле умедбахш буд, зеро масъалаи мубориза бо паразитҳо, махсусан дар баъзе минтақаҳо, то ҳол актуалӣ боқӣ мемонад.
Илова бар ин, дар ҷараёни озмоишҳо нишондодҳои ғайриинтизор ба даст омаданд. Таҳқиқ нишон дод, ки пайвастагӣ дорои хусусиятҳое мебошад, ки метавонанд дар пешгирии равандҳои саратонӣ низ нақш дошта бошанд. Дараҷаи таъсири он дар ин самт назар ба интизориҳои мо баландтар баромад. Ростӣ, мо чунин натиҷаи қавиро пешбинӣ накарда будем. Ин кашфиёт моро водор сохт, ки доираи таҳқиқотро боз ҳам васеътар намуда, механизми таъсири онро амиқтар омӯзем.
Албатта, то марҳилаи истифодаи васеи клиникӣ ҳанӯз роҳе дар пеш аст. Озмоишҳои иловагӣ, таҳқиқоти клиникӣ ва тасдиқи стандартҳои байналмилалӣ талаб карда мешаванд. Аммо натиҷаҳои ибтидоӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем дар оянда як доруи нав, муассир ва нисбатан безарарро пешниҳод намоем - доруе, ки аз бисёр воситаҳои мавҷуда беҳтару бехатартар бошад. Орзуи мо ин аст, ки «Дикабот» ба як дастоварди воқеии илмии тоҷик табдил ёбад ва дар хизмат ба саломатии инсон қарор гирад...
Дар намоишгоҳи байналмилалӣ, ки дар Кувайт баргузор гардид, ихтироъкорон аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Дар чунин муҳити рақобатпазир ба даст овардани медали нуқра нишон медиҳад, ки сатҳи таҳқиқоти илмии Тоҷикистон қобили рақобат аст. Ин муваффақият ифтихори шахсии Мунира Роибова ва тамоми ҷомеаи илмии кишвар мебошад.
- Лаҳзае ки номи маро эълон карданд ва дар баро-бари он бо ифтихор исми Тоҷикистонро садо доданд, вуҷудамро эҳсосе фаро гирифт, ки онро бо калимаҳо пурра баён кардан душвор аст. Он на танҳо шодӣ буд, на танҳо ифтихор гӯё тамоми роҳе, ки тай кардам, тамоми шабзиндадориҳо, ашкҳо, хастагиҳо ва муборизаҳо буд. Он лаҳза ҳама мушкилиҳо фаромӯш шуданд. Ҳеҷ дигар дард, хастагӣ ё ранҷе ба ёд намеомад. Танҳо эҳсоси сабукӣ, қувват ва сарбаландӣ дар қалбам ҷой гирифт. Ман ҳис кардам, ки ин пирӯзӣ танҳо аз они ман нест, ин пирӯзии оилаам, устодонам ва тамоми Тоҷикистон аст. Ашк беихтиёр аз чашмонам ҷорӣ шуд. Ин ашки шодӣ, ифтихор ва сабукӣ буд. Фақат медонам, ки вақте номи Тоҷикистон садо дод, ман худро хушбахттарин инсон эҳсос кардам, - нақл мекунад Мунира.
Дар анҷоми суҳбат Мунира миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд, ки дар доираи сиёсати созанда ва дастгирии ҷавонон, ҳамчунин дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа саҳми бузург гузоштаанд ва барои ҷавонон шароити хуб ва имкониятҳои васеи рушд фароҳам овардаанд.
Мунира мехоҳад дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Хатлон, лабораторияҳои муосир ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ таъсис дода шаванд. Зеро ӯ бо чашми худ дид, ки набудани шароити лозима чӣ қадар роҳи таҳқиқро душвор мегардонад. Чӣ қадар сафарҳои тӯлонӣ, чӣ қадар вақт ва маблағ сарф мешавад, то як таҷрибаи одӣ анҷом дода шавад.
Набиҷони САИДАБРОР,
“Хатлон”
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
