Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУҲАЙМИНА- беҳтарин футболбоздухтар дар соли 2025


МУҲАЙМИНА- беҳтарин футболбоздухтар дар соли 2025




Аз деҳаи хурди Суғдиёни ноҳияи Вахш то майдонҳои  бузурги  футболи  кишвар  -  роҳи ӯ  пур  аз  заҳмату  талош  буд.  Муҳаймина бо  натиҷаҳои  назаррас  номашро  миёни беҳтаринҳо  сабт  кард.  Духтаре,  ки  исбот кард,  барои  расидан  ба  орзуҳо  маҳдудият вуҷуд надорад.

Қаҳрамони  имрӯзаи  мо аз  маркази  ноҳияи  Вахш, деҳаи  Суғдиёни  Ҷамоати «Тоҷикобод»  аст,  ки  ҳанӯз дар хурдсолӣ ба арсаи футболи кишвар қадам гузошт. Муҳаймина  Муродзода соли  2025  аз  ҷониби  ФФХ ҳамчун  «Беҳтарин  футбол-боздухтари  сол»  эътироф гардид.

Муҳаймина  аз  кӯдакӣ ба  футбол  меҳри  беандоза  дошт.  Чуноне  ки  худи ӯ  мегӯяд:  «Дар  хурдӣ  бо ҳамсинфон ва дӯстон бисёр футболбозӣ  мекардем.  Падарам завқамро дида, маро ба  дастаи  футболи  “Вахш” бурд.  Ин  оғози  фаъолияти касбии  ман  гардид».  Па-дараш  Гулаҳмад  Бозоров, омӯзгори  мактаб,  аввалин нафаре  буд,  ки  истеъдо-ди  духтарашро  дид  ва  ӯро ба  дастаи   «Вахш»  овард. Муҳаймина ҳангоми шомил шудан  ба  дастаи  «Вахш» 14 сол дошт. То ин ҷониб ӯ тӯли 8 сол мешавад, ки дар ин даста фаъолият дорад.

Ӯ дар ҳайати дастаи Лигаи  олии  бонувони  «Вахш» рушд  ёфт  ва  маҳорати  баланди  касбӣ  нишон  дод. Соли  2025  дастаи  «Вахш» дар  Лигаи  олии  бонувон ҷойи  дуюмро  соҳиб  шуд.

Ин натиҷа барои даста ва худи Муҳаймина дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад.

Муносибаташ бо ҳамдастаҳо ва мураббиён хеле самимист. «Мо ҳама аъзои як оилаем. Ин аввалин дастаи ман аст, ки дар он рушд ёфтам ва пешсаф шудам», - мегӯяд ӯ.

Дар  майдон  Муҳаймина  бештар  дар  хатти  ҳамла бозӣ  мекунад.  Ҷиддият  ва  масъулиятшиносӣ  яке  аз принсипҳои асосии ӯст.

«Дар  ҳар  бозӣ,  новобаста  аз  рақиб,  мо  ҳамеша ҷиддӣ рафтор мекунем», - иброз медорад ӯ.

Яке  аз  бозиҳои  хотирмони  ӯ  муқобили  дастаи  «Хуҷанд» буд.  Дар  он  дидор  дастааш  бо  ҳисоби  3:2  пирӯз  гардид  ва Муҳаймина ҳар се голро ба самар расонд.

«Пас аз оне, ки голи сеюмро ба дарвоза ворид кардам, як эҳсоси  хело  баланд  маро  фаро  гирифт.  Ҳамдастаҳоям  маро ба оғӯш гирифтанд ва ин лаҳза яке аз хотирмонтарин саҳнаҳои фаъолияти варзишиам гардид». 

Баъзеҳо  футболро  танҳо  хоси  мардон  медонанд.  Аммо Муҳаймина ба ин андеша розӣ нест: «Не, ин тавр нест. Агар шавқу ҳавас бошад, духтарон ҳам метавонанд бозии хуб нишон диҳанд».

Ба духтарони ҳамсоли худ ӯ маслиҳат медиҳад, ки ба варзиш  машғул  шаванд,  зеро  «варзиш  гарави  саломатист».  Ба гуфтаи ӯ, мушкилии асосӣ барои бонувон набудани дастгирии баъзе волидон мебошад, ки ба духтарон иҷозаи машғул шудан ба варзишро намедиҳанд.

Ҳамзамон Муҳаймина духтари доно, ором ва чолок аст. Ба ҷуз  тамринҳо,  ӯ  ба  модараш  дар  корҳои  хона  кумак  мерасонад ва кӯшиш мекунад, ки аз дарсҳо қафо намонад. Айни ҳол ӯ  донишҷӯи  курси  чоруми  факултети  педагогика  ва  варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.

Орзуи ҳар як футболбоз - бозӣ кардан дар тими мунтахаби миллӣ аст. Муҳаймина низ ба ин орзу расид. Соли 2020 ӯ ба тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон U20 даъват шуд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас нишон дод.

Аммо зиндагӣ на ҳамеша тибқи нақша пеш меравад. Бинобар сабаби вазъи оилавӣ муваққатан дар ҳайати тими мунтахаб бозӣ карданро қатъ кард. 

- Маро боз ба тими мунтахаб даъват карданд, вале бинобар  вазъи  оилавӣ  маҷбур  шудам  ин  пешниҳодро  рад  кунам. Оила барои ман ҳамеша дар ҷойи аввал меистад.

Дар арафаи Рӯзи Модар Муҳаймина ҳамаи модарон ва бонувони тоҷикро табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, умри дароз, хонаободӣ, сарбаландӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно мекунад.

Нуъмони РАВШАН,
коромӯзи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода