Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Қиссаи як пирхона, ки ба мактаби модар табдил ёфт
Дар остонаи Рӯзи модар сухан гуфтан аз зане, ки модари пурҳунару умедбахш барои садҳо занони дигар мебошад, ифтихоровар аст. Ашӯрой Алаёрова бонуест, ки қалби саршор аз меҳр ва ботини қашангу нозанин дорад. Дастонаш гул, андомаш латиф, аммо иродааш сахту устувор аст, чунон ки гӯё дар вуҷудаш ҷасорати мардона низ нуҳуфта бошад.
Ӯ худ бо табассум мегӯяд: «Солҳои зиёд бо мардон паҳлу ба паҳлу кор кардам, шояд ҳамин аст, ки руҳам каме мардо-на шудааст». Вале он чи ӯро воқеан тавоно кардааст, танҳо таҷрибаи корӣ не, озмоишҳои зиндагист.
Дар оила соҳиби се бародари бузург ва хоҳарони зиёд аст. Аммо модари навадсолаи ӯ бештар ба Ашӯрой такя мекунад ва бо ифтихор мегӯяд: «Тамоми ҳастии ман Ашӯрой аст». Модар бе ӯ ҷое намеравад, дар хонаи дигар фарзандон намеистад. Ин суханҳо меҳри самимии фарзанд ва эътимоди бепоёни модарро таҷассум мекунанд.
Дар ҷодаҳои зиндагӣ Ашӯрой ҳам ранҷи сангин дидаасту ҳам шодии нурбор. Ӯ се фарзанд дошт… Се гули умед, ки ҳамроҳ бо падари хонадон аз даст рафтанд. Ин дард дили ҳар модарро мешиканад. Аммо дар чеҳраи ӯ ғубори навмедӣ намебинед. Ӯ дардро ба қувват табдил додааст. Ҳамеша бо ҳазлу табассум суҳбат мекунад, гӯё мехоҳад ба дигарон омӯзад, ки зиндагӣ бо ҳама сахтиҳояш арзандаи идома додан аст.
Ашӯрой Алаёрова сокини ноҳияи Темурмалик буда, имрӯз 66 сол дорад. Хатмкардаи омӯзишгоҳи дизайнерии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ихтисосаш бофтану дӯхтан аст. Хушмуомилагӣ, сухандонӣ ва тавони муошираташ бо мардум боис шуд, ки солҳои зиёд ба ҳайси вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи худ ва дар қаламрави собиқ вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб фаъолият намояд.
СОЛҲОИ ДУШВОРИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ Ӯ БА ШАҲРИ ХУҶАНД КӮЧ БАСТ. ОН ҶО БА ТИҶОРАТ МАШҒУЛ ШУД. АММО ТАҚДИР БАРОЯШ ДАР ҲАМОН ШАҲР САҲИФАИ ДИГАРЕ ОМОДА КАРДА БУД. Ӯ ҚИССА МЕКУНАД: «ҲАР СУБҲ, ВАҚТЕ БА КОР МЕРАФТАМ, НАЗДИ БИНОИ ФАРСУДАЕ ОДАМОНРО МЕДИДАМ, КИ ДАСТ БА ДУО МЕБАРДОШТАНД. АВВАЛ МАН ҲАМ ҲАМРОҲ МЕШУДАМ. БАЪД КУНҶКОВӢ ҒОЛИБ ОМАД.
АЗ ЗАНЕ ПУРСИДАМ: “ИН ҶО БАРОИ ЧӢ ДУО МЕКУНЕД?” ГУФТ: “ИН ҶО ПИРХОНА АСТ”. БОЗ ПУРСИДАМ: “ПИРХОНА ЧӢ МАЪНО ДОРАД?” ГУФТАНД: “ДӮКОНХОНА. ПИР - УСТОДИ ҲАМИН ҶО АСТ”.
Ин вожа барои Ашӯрой нав буд. Дар маҳалле, ки бузург шудааст, чунин истилоҳро нашунида буд. Вале пас аз чанде, замоне ки сулҳ дар Ватан танинандоз гардид, ҳамон дӯкон ба кор оғоз кард. Ашӯрой бо ҳавас вориди он шуд.
Дар девор нақши адрас медурахшид. Риштаҳо бо ранги офтобу гулҳои саҳроӣ ҷило медоданд. Ӯ дар ҳамон ҷо ба омӯзиш пардохт ва дар дил ният кард, ки рӯзе худ низ соҳиби чунин пирхона хоҳад шуд.
Баъди бист соли зиндагӣ дар шимол, дубора ба ноҳияи Темурмалик баргашт. Чанд сол омӯзгорӣ кард. Вале орзуи доштани чунин пирхона аз гӯшаи дилаш намерафт.
Соли 2017, дар партави сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар ноҳияи Темурмалик сехи адрасбофӣ таъсис ёфт. Бо пешниҳоди масъулини ноҳия роҳбарии он ба зиммаи Ашӯрой Алаёрова вогузор шуд.
Оғоз осон набуд. Занҳои хонашин ва духтарони ҷавон, ки ташнаи омӯзиш буданд, аз сабаби тангии ҷой навбат ба навбат, понздаҳ-бист дақиқаӣ, ҳунар меомӯхтанд. Аммо иродаи устод ва шавқи шогирдон тадриҷан ин марказро ба мактаби воқеии ҳунар табдил дод.
Ашӯрой ифтихор дорад, ки то имрӯз зиёда аз ҳафтсад шогирд аз ин даргоҳ гузаштаанд. Шояд на ҳамаи онҳо ҳунарманд шуда бошанд, вале ҳар яке ҳунарро ба хона бурдааст ва онро дар тар-бияи фарзанд, ободии рӯзгор ис-тифода карда, ҳунару анъанаҳои миллиро пос медорад.
Дар ин марказ танҳо адрасбофӣ не, инчунин, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, шероздӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ омӯзонда мешаванд. Имсол ҳатто либоси мактабии хонандагони литсейи ноҳия низ дар ҳамин ҷо омода гар-дид, ки нишонаи эътимоди ҷомеа ба ин мактаби ҳунарӣ аст.
Ашӯрой танҳо ҳунар намеомӯзонад. Ӯ ба занон тарзи муомила, эҳтиром ба муштарӣ, ширинсуханӣ ва одоби касбиро талқин мекунад. Барои ӯ ҳунар би-дуни ахлоқ маъно надорад.
Соли 2022 ӯ соҳиби гранти президентӣ гардид ва имсол гран-ти раиси вилоятро низ ба даст овард. Марказ имрӯз дорои 15 дастгоҳи адрасбофӣ ва чандин мошини дарздӯзӣ буда, 12 воҳиди корӣ дорад ва мақоми давлатӣ гирифтааст.
Дар арафаи Рӯзи модар Ашӯрой ният дорад ба чанд зани камбизоат матои адрас туҳфа на-мояд. Ҳамчунин барнома дорад, ки истеҳсоли матои беқасабро низ роҳандозӣ кунад, зеро ба гуфтаи ӯ, «беқасаб барои мардон ҳам матои зебо ва арзанда аст».
Ӯ бо ифтихор мегӯяд: «Ман худро модари зиёда аз ҳафтсад зани ноҳия меҳисобам. Агар як зарра тавониста бошам дар беҳбудии зиндагии онҳо саҳм гузорам, худро хушбахттарин инсон медонам».
Ҳангоми суҳбат аз дастгириҳои давлат ва эҳёи фарҳанги миллӣ бо самимият ёд мекунад. Ба бовари ӯ, агар сиёсати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ намебуд, шояд орзуи пирхонааш дар дил мемонд.
Имрӯз он дӯкони орзуҳо сехи одии адрасбофӣ нест, он мактаби сабру матонат, мактаби модарон, мактаби зиндагист.
Шояд рӯзе сокинони ноҳия аз назди ин марказ бигзаранд ва ба хотири баракату ободии он даст ба дуо бардоранд. Шояд онро низ «пирхона» номанд.
Ва дар он дуоҳо номи Ашӯрой ба некӣ ёд хоҳад шуд, ҳамчун зане, ки дарди худро ба неру, орзуяшро ба амал ва ҳунарро ба мероси ҷовид табдил дод.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
