МОДАРИ 103-СОЛА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Зан-Модар олиҳаи ҳусн, равшангари хонадон, роҳнамои фарзандон, гавҳари ноёб, баракати хонадон, тарбиятгари фарзандон ва неруи ҷисму ҷони ҳар як фарзанд ба шумор меравад.
Дар бораи Зан-Модар ҳар сухане гӯем, кам аст. Қудрату бузургӣ, нерую тавоноиро Худованд ба Ӯ ато намудааст. Маҳз ҳамин зан буд, ки насли инсониро дар ҷомеаи башарӣ афзуд. Яке аз чунин занҳо Бибиҷон Ҳайдарова мебошад. Ӯ 01.07.1923 дар деҳаи Намаки Ҷамоати “Ҳусайнобод”-и ноҳияи Темурмалик, дар оилаи зиёӣ тавлид ёфтааст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ ба ҳайси коргар фаъолият намудааст. Ҳамчунин, дар китоби собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия номаш ҷой дода шудааст. Мавсуф бо Раҷаб Абдулҳақов оила барпо карда, зиндагии хубу гуворое ба сар бурдааст. Дар тӯли зиндагӣ соҳиби 5 писару 2 дух-тар гардидаанд. Фарзандонро хононда, соҳибмаълумот намудаанд ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои гуногун ба халқу Ватан хиз-мат менамоянд.
Бибиҷон Ҳайдарова мегӯяд, ки то ба синни нафақа баромаданаш дар хоҷагиҳои ноҳия ба ҳайси колхозчӣ ва баъдан дар беморхонаи Кангурту идо-раи ҳифзи иҷтимоии ноҳия ба ҳайси фаррош кору фаъолият намудааст. Ӯ соҳиби набера, абера ва чабераи зиёд мебошад. Айни замон ӯ дар синни мубораки 103-солагӣ қарор дошта, дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.
Аз даргоҳи Офаридгор ба ӯ саломатии бардавом хоста, Рӯзи модарро ба-рояш шодбош мегӯем.
Ғанӣ САФАРОВ,
раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Темурмалик
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...