Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР


ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР




Модарони гиромиқадр!
Хоҳарону бонувони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пуршарафатон комёбиҳои тозаро орзу менамоям.

Рӯзи модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз ҷашнҳои пурифтихор маҳсуб меёбад, ки дар он, пеш аз ҳама, бузургии Зан-Модар, мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, нақши созандаи ӯ дар тарбияи насли наврас ва саҳмаш дар рушду пешрафти давлату миллат арҷгузорӣ карда мешавад. Ин рӯз таҷассумгари эҳтироми амиқи давлат ва ҷомеа нисбат ба Зан-Модар аст.

Модар барои ҳар як инсон муқаддастарин мавҷуд аст. Ӯ сароғози зиндагӣ, нахустин мураббӣ, аввалин омӯзгор ва раҳнамои фарзанд мебошад. Модар фариштаи ҳаёт, чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва рамзи покиву садоқат аст. Меҳри ӯ беинтиҳову беминнат буда, тамоми умр роҳи фарзандро равшан месозад.

Дар фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик симои Модар бо мафҳумҳои покӣ, садоқат, сабр ва фидокорӣ ҳаммаъно дониста мешавад. Аз ин ҷост, ки дар адабиёти классикии мо, дар осори безаволи шоирони бузург Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ва меҳвари ҳастӣ васф гардидааст.

Имрӯз низ Модари тоҷик рисолати таърихии худро бо сарбаландӣ идома дода, дар тарбияи фарзандони солеҳу ватандӯст ва донишманду соҳибкасб саҳми арзанда мегузорад. Маҳз дар оғӯши гарми Модар ҳисси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва садоқат ба давлату миллат шакл мегирад. Фарзандони шуҷоъ, олимону омӯзгорон, табибону муҳандисон, афсарону сарбозони ҳомии Ватан ҳама парвардаи домони поки Модар мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки «Мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеа ниҳоят баланд буда, рушди давлат ва ояндаи миллат ба сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ӯ вобаста аст». Ин аст, ки давлату Ҳукумати мамлакат масъалаи баланд бардоштани мақоми занонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ меҳисобад.

Дар вилояти Хатлон низ ба масъалаҳои дастгирии занон, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Имрӯз ҳазорон нафар занони соҳибтаҷриба дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо фаъолият намуда, бо меҳнати софдилона ва масъулиятшиносӣ дар рушди вилоят саҳми намоён мегузоранд.

Занони роҳбар дар мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо бо хираду заковат, поквиҷдонӣ ва муносибати одилонаашон барои ҷомеа намунаи ибрат мебошанд. Онҳо дар баробари иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ, рисолати муқаддаси модариро низ бо сарбаландӣ адо менамоянд. Ин тавозуни зебои масъулияту меҳрубонӣ, сахтгириву инсондӯстӣ симои зани муосири тоҷикро таҷассум месозад.

Нақши занон дар ҳифз ва рушди суннатҳои миллӣ низ бисёр бузург аст. Маҳз бонувони тоҷиканд, ки аз насл ба насл арзишҳои фарҳангӣ, расму ойинҳои неки ниёгон, анъанаҳои хонаводагӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи миллиро интиқол медиҳанд.

Онҳо бо ҳунари дастони моҳирашон гулдӯзиву чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумиро зинда нигоҳ дошта, ба эҳё ва рушди онҳо такони ҷиддӣ мебахшанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири омилҳои гуногуни беруна маҳз Зан-Модар метавонад фарзандро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба фарҳанги бегона тарбия намояд. Модар бо гуфтору рафтор ва намуна будан ба фарзанд мефаҳмонад, ки ифтихор аз миллату давлат, эҳтиром ба забони модарӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Имрӯз масъалаи пешгирии хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, тақлидҳои куркурона ва хароҷоти бемақсаду зиёдаравӣ дар маъракаҳо аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳими рӯз маҳсуб меёбанд. Дар ҳалли ин мушкилот низ нақши занон хеле муассир аст.

Модар метавонад бо ақлу заковат ва тадбиркорӣ фазои солими маънавиро дар оила таъмин намуда, фарзандонро аз ҳар гуна таъсирҳои манфӣ эмин нигоҳ дорад.

Зани тоҷик ҳамеша рамзи покдоманӣ, иффат ва масъулиятшиносӣ будааст. Дар таърихи миллат номҳои зиёди бонувони тоҷик сабт гардидаанд, ки бо ақлу заковат ва шуҷоату матонат дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳм гузоштаанд.

Имрӯз низ садҳо нафар занони донишманду соҳибкасб дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд. Бо меҳнату заҳмати содиқонаи худ ба давлату меҳани аҷдодӣ исбот карда истодаанд, ки зани босавод ва дорои ҷаҳонбинии муосир асоси ҷомеаи солиму пешрафта мебошад.

Модарони тоҷик имрӯзҳо дар баробари тарбияи фарзандон, инчунин дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми назаррас доранд. Онҳо дар қалби фарзандон эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба дигаронро парвариш менамоянд. Ин арзишҳо заминаи асосии суботи ҷомеа ва рушди устувори давлат ба шумор мераванд.

Дар шароити муосир, ки ҷомеа ба ислоҳоту навсозӣ рӯ овардааст, иштироки фаъоли занон дар раванди бунёдкориву созандагӣ аҳамияти калидӣ дорад. Бонувони хатлонӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, бахусус, маъракаҳои ниҳолшинонӣ, ободонии маҳал, корҳои хайрия ва дастгирии ниёзмандон фаъолона ширкат варзида, бо амалҳои шоистаашон рӯҳи ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносиро тақвият мебахшанд.

Зани деҳот бо меҳнати ҳалол ва заҳмати шабонарӯзӣ дар рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанигардонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда дорад.

Ҳазорон нафар бонувони соҳибкор бо таъсиси коргоҳҳои хурду миёна барои дигар занон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, ба беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд.

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва фаъолияти занон тадбирҳои мушаххас андешем. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таъмини баробарии имкониятҳо аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад.

Дар баробари ин, ҳар як оила бояд эҳтирому қадршиносии Зан-Модарро вазифаи муқаддаси худ донад. Модар сутуни хонадон аст. Вуҷуди ӯ ба хонадон оромию хушбахтӣ меорад ва фазои хонадон орому солим мегардад. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба Модар ҳамеша бояд дар меҳвари муносибатҳои хонаводагӣ қарор дошта бошад.

Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, файзу баракат, хонадони обод ва саодати ҷовидона таманно дорам.

Бигзор меҳри Шумо- Модарон ҳамеша чароғи зиндагии мо бошад!
Бигзор табассуми Зан-Модар ҳамеша мунавварсози ҷомеа бошад!
Бигзор Тоҷикистони азизи мо бо дуои Модарон ҳамеша тинҷу обод ва пешрафта бокӣ монад!

Идатон муборак Модарони азиз!

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода