Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Қиссаи модаре, ки намоди қаҳрамонист
Дар ҳоле ки дар кӯчаҳо садои хандаи кӯдакон ва табрикоти пуршӯри "Модарҷон, идат муборак!" танинандоз аст, ҳангоме ки кӯдакон ба модарони хеш табрикномаҳо менависанд, вақте ки ба онҳо туҳфаҳои боарзиш ва як даста гул тақдим мекунанд, пушти пардаи баъзе хонаҳо сукут ҳукмфармост. Ин сукути дард аст. Сукути сабр аст. Ин сукути тақдир аст. Ин ҷо модароне зиндагӣ мекунанд, ки солҳо боз мунтазири як сухани фарзандашон ҳастанд. Барои онҳо 8-уми март иди садоқати бепоён ва умеди шикастнопазир аст.
ҚАҲРАМОНМОДАР
Холаи Садбарг, сокини шаҳри Левакант, 24 сол боз ҳар саҳарро бо як умед оғоз мекунад. Писараш Худойдод, ки гирифтори бемории фалаҷи мағзист, наметавонад роҳ равад, сухан гӯяд ва ё мустақилона даст ба косаи хӯрок барад. Аммо барои Садбарг ӯ гаронбаҳотарин туҳфаи тақдир аст.
«Вақте мардум мепурсанд, ки оё аз чунин бахту зиндагӣ хаста нашудаам, ман танҳо табассум мекунам», - мегӯяд холаи Садбарг ва бо меҳр мӯйҳои писарашро шона мезанад. - «Чӣ гуна метавон аз нафас кашидан хаста шуд? Худойдод нафаси ман аст. Дуруст аст, ки ӯ ба ман "Идат муборак!", намегӯяд, аммо вақте субҳ чашмонашро мекушояд ва маро дида лабханд мезанад, ин бароям аз ҳазорон туҳфаю сухан болотар аст».
Рӯзе, ки холаи Садбарг қиблаи умедаш - падари азизашро аз даст дод, ноилоҷ Худойдодро ба ҳамсоя амонат гузошт, то рафта бо падараш видоъ кунад. Ӯ мехост пас аз бозгашт ҳуҷраро омода созад ва баъд писарашро биёрад. Аммо вақте танҳо вориди хонаи холӣ шуд, деворҳо гӯё бар сараш фурӯ рехтанд, чашмонаш пурнам шуданд, донаҳои ашк ба рӯяш ҷорӣ гаштанд. “Вақте ба ҳуҷраи холиву хомӯш нигаристам, бе писарам Худойдод, зиндагӣ бароям ҳеҷ маънӣ надошт. Хона бе ӯ гӯё бе руҳ буд. Дигар лаҳзае сабру тоқат накардам ва ҷигарбандамро зуд ба хона овардам”, - ба ёд оварда, нақл кард ӯ.
СУКУТ АГАР СУХАН МЕГУФТ...
Худойдод, картошкабирёнро дӯст медорад. Холаи Садбарг дар ошхона машғули пухтани хӯроки дӯстдоштаи писараш буд. Бӯйи хуши хӯрок фазои хонаро фаро гирифт. Холаи Садбарг зуд-зуд ба ҳуҷраи Худойдод сар мехалонд, то ҳоли ӯро бидонад. Вақте холаи Садбарг бо косаи картошкабирён вориди ҳуҷра шуд, чашмонаш бо чашмони Худойдод бархӯрданд. Ин як манзараи риққатовар буд. Албатта Худойдод сухан гуфта наметавонист, аммо дар он лаҳза нигоҳи ӯ аз ҳар сухан гӯётар буд. Агар сукут метавонист садо барорад, дар сукути Худойдод чунин суханҳо танин меандохтанд:
"МОДАРҶОН МЕБИНАМ, КИ ЧӢ ГУНА ДАСТОНИ НОЗУКАТ АЗ КОРИ ПАЙВАСТА ХАСТА ШУДА-АНД. МЕБИНАМ, КИ ЧӢ ГУНА МӮЙҲОИ СИЁҲАТ ДАР РОҲИ НИГОҲУБИНИ МАН САФЕД ГАШТАНД. БУБАХШ МАРО, КИ НАМЕТАВОНАМ АЗ ҶОЙ БАРХЕЗАМ ВА ИН КОСАРО АЗ ДАСТОНАТ БИГИРАМ. БУБАХШ, КИ НАМЕТАВОНАМ ДАСТОНИ ХАСТААТРО БИБӮСАМ, САРУ РӮЯТРО БИБӮЯМ ВА БИГӮЯМ: «МОДАРҶОН, ДИГАР ИСТИРОҲАТ КУНЕД, АКНУН МАН ШУМОРО НИГОҲУБИН МЕКУНАМ"
Ташаккур, ки танҳоям нагузоштӣ. Ташаккур, ки маро бо ҳамин ҳолам қабул кардӣ ва дӯст доштӣ. Ту бароям тамоми ҷаҳон ҳастӣ. Модарҷон, идат муборак... Инро на бо забон, балки бо ҳар як тапиши қалбам мегӯям.”
Холаи Садбарг гӯё ин садои ботиниро шунид. Назди писараш нишаст ва ӯро ба оғӯш гирифт. Дар ин лаҳза ягон сухане лозим набуд. Ду фаришта - яке бо ҷисми ранҷур ва дигаре бо қалби пуртоқат дар сукут бо ҳам розу ниёз мекарданд.
МУҲОФИЗ, ТАБИБУ ПАРАСТОР
Зиндагии холаи Садбарг мисли китобест, ки саҳифаҳои аввалаш бо ашк ва ҷудоӣ навишта шудаанд. Ӯ чор ҷигарбандашро, ки бо дарди бедаво ба дунё омада буданд, ба хоки сард супорид. Шавҳараш низ дунёро тарк кард. Дар ин лаҳзаҳо дасташ аз осмону пояш аз замин канда шуданд. Аммо ӯ таҳаммул кард. Имрӯз тамоми ҳастии ӯ дар вуҷуди Худойдод хулоса мешавад. Худойдод барояш маънои зиндагӣ ва ягона нури умед аст.
Ин модари фидокор ҳар рӯзи худро бо нигоҳубини писараш сипарӣ мекунад. Ҳуҷраи Худойдод ҳамеша бӯи тозагӣ дорад. Дар як рӯз то шаш маротиба либосҳои ӯро иваз карда, сару рӯяшро бо меҳрубонии хос орову торо медиҳад.
Модароне чун холаи Садбарг дар як вақт ҳам табиби ҳозиқанд, ҳам парастори дилсӯз ва ҳам муҳофизи содиқ. Шабҳои бехобӣ ва хастагиҳои ҷисмонӣ қомати онҳоро хам мекунад, вале иродаашонро шикаста наметавонад.
Дар остонаи Рӯзи Модар, вақте ҳама дар фикри туҳфаву либоси наванд, холаи Садбарг дар фикри худ нест. Барои ӯ беҳтарин туҳфа лаҳзае дидани лабханди Худойдод аст. Ӯ мегӯяд: «Ман бо тамоми вуҷудам ба муъҷиза бовар дорам.
Агар дар ин дунё насиб накунад, медонам, ки дар он дунё писарам бо пойи худ ба пешвозам меояд. Ӯ он ҷо дастгири ман мешавад. Маҳз ҳамин умеди ширин маро зинда нигоҳ медорад».
P.S. Қиссаи холаи Садбарг танҳо саргузашти як зани заҳматкаш нест, балки намунаи зиндагии садҳо модарони қаҳрамон аст. Чунин модарон умри худро нисори ҷигарбандони маъюби худ кардаанд ва иродаашон аз кӯҳҳои сарбаланд ҳам қавитар аст. Онҳо бо вуҷуди дарди ҷисмонӣ ва хастагии шабзиндадориҳо, ҳар рӯзро бо умеди нав оғоз мекунанд.
Ин матлаб арҷгузориест ба тамоми Садбаргҳои диё-рамон. Модарони азиз! Ҳарчанд тақдир бар дӯшатон бори сангин гузоштааст, бо иродаи матин сари по ҳастед. Дастонатон бо нигоҳубини фарзанд навозиш ёфтаанд. Шумо қаҳрамонони ҳақиқии замони мо ҳастед. Ҷомеа бояд аз шумо дарси мардонагӣ ва вафодорӣ биомӯзад.
Бигзор иди 8-уми март ба хонадонатон баракат ва ба дилҳоятон оромӣ орад. Фарзандонатон шояд сухан нагӯянд, аммо ҳар тапиши қалби онҳо дуоест барои шумо.
Идатон муборак, фариштагони заминӣ!
Нуриннисо ИБОДУЛЛОЕВА,
шаҳри Левакант
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
