Баракати умри якасра
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Баҳори умри фарзанд аз Зан-Модар сарчашма мегирад. Худованд дар симои ӯ давоми насли инсониятро додааст. Ривояте ҳаст, ки Худованд дар як дастаташ фарзанд, дар дасти дигараш ҷаннатро ато намуд. Бузургон ба он ақидаанд, ки Модар фарзандро дар даст гирифту ҷаннатро зери по гузошт. Ин ба он далолат мекунад, ки Модар ҳамеша баҳри фарзанд ҷонашро дар хатар мегузорад ва барои ба камол расидани он ҳама роҳҳоро истифода мебарад.
Аз модаре пурсиданд, ки аз ҳама фарзанди дӯстдорат кист? Гуфт: То бузург нашавад, хурдашро, то шифо наёбад, беморашро, то аз ғарибӣ наояд, ғарибашро, то аз мушкилӣ набарояд, мушкилотдорашро, то ҳастанд, ҷонамро барояшон фидо мекунам.
Озарбӣ Сафарова аз зумраи чунин модарон аст. Ӯ 25-уми феврали соли 1924 дар Деҳаи Оби Ширини Ҷамоати деҳоти “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик арзи ҳастӣ намудааст. Умри худро баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия сипарӣ намудааст. Ҳамсараш Маҳмадӣ Азизов аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Дар тӯли ҳаёташон 4 писару 4 духтарро ба камол расонида, онҳоро хононда соҳибмаълумот намудаанд.
Озарбӣ Сафарова умри мубораки хешро дар таълиму тарбияи фарзандону наберагони хеш сипарӣ намудааст. Айни замон ӯ дар синни мубораки 102-солагӣ қарор дошта, муддати 20 сол аст, ки аз нобиноӣ ранҷ мекашад. Дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ ронда, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар, дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат, хоса Пешвои муаззами миллат менамояд.
Дар арафаи Рӯзи Модар барои Озарбӣ Сафарова саломатии бардавом хоҳонем.
Қӯрбоналӣ АБДУЛФАЙЁЗ,
ноҳияи Темурмалик
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...