Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО


ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО



Дар яке аз гӯшаҳои зебову таърихии Кӯлоб зане зиндагӣ мекунад, ки бо дастони пурҳунараш на танҳо тоқиҳои чакан  медӯзад,  балки  риштаҳои  ҳунари  ниёгонро  ба  имрӯз мепайвандад.  Номи  ӯ  апаи  Зайнаб  аст  -  зани  ҳунарманд, пуртоқат ва содиқ ба касбу кори аҷдодӣ, ки беш аз сӣ сол мешавад, бо сӯзану ришта зиндагии худро пеш мебарад.

Ҳар  субҳ  ӯ  паси  дастгоҳи  одии дӯзандагии худ менишинад, матоъ-ро бо эҳтиёт паҳн мекунад, нақшро дар  хаёл  меофарад  ва  бо  сабру таҳаммул ҳар як гулро рӯйи тоқиҳо зинда  месозад.  Барои  апаи  Зайнаб  ин  танҳо  пеша  нест,  ин  роҳи зиндагӣ,  ифтихор  ва  масъулияти нигоҳ доштан ва ба дигарон ба ме-рос мондани ҳунари миллӣ аст.

Ӯ мегӯяд, ки ин ҳунарро аз мо-дару  бибиаш  омӯхтааст.  Аз  овони кӯдакӣ,  вақте  ки  дигар  духтарон ба  бозӣ  машғул  буданд,  ӯ  дар  канори  модараш  нишаста,  ҳаракати сӯзанро  тамошо  мекард,  ран-ги  риштаҳоро  ҷудо  менамуд  ва оҳиста-оҳиста  худ  низ  ба  дӯхтан шуруъ  кард.  Бибиаш,  ки  дар  деҳа ҳамчун зани чирадаст маъруф буд, ба ӯ меомӯзонд, ки ҳар нақши чакан маъние  дорад:  гулҳо  рамзи  зебоӣ, офтоб  нишонаи  рӯшноӣ  ва  умед, баргҳо  ифодаи  ҳаёт  ва  сабзиш мебошанд.  Ин  суханон  дар  қалби духтари хурдсол ҷой гирифтанд ва баъди солҳо ба меҳвари фаъолия-ти ӯ табдил ёфтанд.

Апаи  Зайнаб  бо  ёдоварӣ  аз  он рӯзҳо  мегӯяд,  аввалин  тоқиеро,  ки худ  мустақилона  дӯхта  буд,  модараш бо ифтихор ба сари ӯ гузоштааст. Ҳамин лаҳза дар қалбаш шуълаи муҳаббат ба ин ҳунар фурӯзон шуд. Солҳо гузаштанд, ӯ ба камол расид,  соҳиби  фарзанд  шуд,  аммо сӯзану  ришта  ҳамеша  ҳамроҳаш монданд.

Вақте  дид,  ки  тоқиҳои  чакани дӯхтааш ба мардум писанд меоянд ва харидорони зиёд доранд, ба ин кор  бештар  ҷалб  гардид.  Оҳиста-оҳиста  фармоишҳо  зиёд  шуданд. Мардум  тоқиҳои  ӯро  бештар  барои  туҳфа  мехариданд,  барои арӯс,  барои  меҳмони  азиз,  барои идҳо  ва  ҷашнҳои  хонаводагӣ.  Ҳар як тоқиеро, ки аз зери дасти ӯ мебарояд, бо нияти нек ва дуои хайр медӯзад.  Ӯ  бовар  дорад,  ки  ҳунар бояд  бо  муҳаббат  иҷро  шавад,  то баракат оварад.

Дар  шароити  имрӯза,  ки  бисёр молҳо  ба  таври  саноатӣ  истеҳсол мешаванд,  кори  дастӣ  арзиши  хос дорад.  Апаи  Зайнаб  мегӯяд,  ки ҳар  як  тоқиаш  такрорнашаванда аст,  зеро  бо  даст  дӯхта  мешавад ва  дар  ҳар  яке  порае  аз  қалбаш нуҳуфтааст.  Ӯ  барои  интихоби  матоъ ва ришта вақти зиёд сарф ме-кунад,  мекӯшад,  ки  рангҳо  бо  ҳам созгор  бошанд  ва  нақшҳо  зебову равшан  бароянд.  Баъзан  барои  як тоқӣ чанд рӯз вақт сарф мешавад, аммо  ӯ  шитоб  намекунад.  Ба  гуф-таи ӯ, ҳунар сабр мехоҳад.

Дар давоми фаъолияти сисолаи худ  ӯ  шогирдони  зиёдеро  тарбия кардааст. Духтарони ҷавон ба хонааш меоянд, то аз таҷрибаи ӯ баҳра бигиранд. Ӯ бо меҳрубонӣ ба онҳо на  танҳо  усули  дӯхтан,  балки  одоби  ҳунармандиро  низ  меомӯзонад: эҳтиром  ба  кор,  покиза  нигоҳ  доштани асбоб ва муҳимтар аз ҳама, дӯст  доштани  пеша.  Ба  андешаи апаи Зайнаб, агар ҷавонон ба ҳунар рӯ  оваранд,  фарҳанги  миллӣ  пой-дор мемонад. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки баъзе аз шогирдонаш имрӯз худ усто шудаанд ва аз ҳамин роҳ ризқу рӯзии худро меёбанд.

Гарчанде зиндагӣ осон набуд, ӯ ҳаргиз  аз  интихоби  худ  пушаймон нашудааст. Солҳое буданд, ки шароити  иқтисодӣ  душвор  буд,  аммо маҳз  ҳамин  ҳунар  ба  ӯ  имконият дод, ки фарзандонашро ба воя расонад,  соҳиби  маълумот  кунад  ва зиндагии хонаводагиро пеш барад. Вай мегӯяд, ки ҳар боре ки нафаре бо  чеҳраи  кушода  барои  тоқиаш миннатдорӣ  мекунад,  хастагиаш фаромӯш  мешавад.  Барои  ӯ  ин беҳтарин подош аст.

Тоқиҳои  чакани  апаи  Зайнаб имрӯз  на  танҳо  дар  Кӯлоб,  бал-ки  берун  аз  шаҳр  низ  харидор доранд.  Баъзе  меҳмонон  аз  ди-гар  минтақаҳо  омада,  маҳз  аз  ӯ тоқӣ  фармоиш  медиҳанд.  Ҳатто тоҷикони  бурунмарзӣ,  ки  мехоҳанд порае  аз  фарҳанги  ватани  ху-дро  бо  худ  баранд,  ба  ҳунари  ӯ таваҷҷуҳ  зоҳир  мекунанд.  Ӯ  орзу дорад, ки рӯзе намоишгоҳи шахсии ҳунарҳояшро баргузор кунад ва тамоми  намунаҳои  беҳтаринашро  ба мардум пешкаш намояд.

Бо  вуҷуди  синну  сол,  шавқу завқи ӯ ба кор кам нашудааст. Ҳар гоҳе ки нақши наве ба хаёлаш меояд, шод мешавад ва мехоҳад онро зудтар рӯи матоъ биофарад. Барои  апаи  Зайнаб  ин  ҳунар танҳо манбаи даромад нест, балки як  рисолат  аст  -  рисолати  ҳифзи мероси  фарҳангӣ,  пос  доштани анъанаҳои  миллӣ  ва  расонидани ин ганҷи бебаҳо ба наслҳои оянда. Дар  чеҳраи  орому  пурнури  ӯ  метавон симои зани тоҷикро дид, ки бо меҳнату сабр зиндагиро обод месозад. Ӯ намунаи равшани он аст, ки ҳунари  дастӣ  метавонад  инсонро сарбаланд ва рӯзгорашро пурбаракат гардонад.

Ҳар як тоқии чаканӣ, ки аз зери дасти  апаи  Зайнаб  берун  меояд, гӯё достоне дорад - достони меҳру муҳаббат,  пайванди  наслҳо  ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ. Ва то замоне ки чунин занони ҳунарманд зиндагӣ  мекунанд,  чароғи  ҳунари аҷдодӣ фурӯзон хоҳад монд.

Умарҷон ТОШМАТОВ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода