Ба ҷойи меҳр хиёнат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 879
Ахлоқ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи волидон, тарбиятгарон, устодону донишмандон ва эҷодкорон буду ҳаст. Дар ботини инсон, ки хулқи неку бад мавҷуд аст, саъй мекунем, то ҷанбаи хубашро парвариш диҳем. Бештар ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон насиҳат мекунем, ки боодоб бошанд, бо рафтори некашон обрӯманд шаванд. Андешае ҳаст, ки аз хурдӣ одоби ҳамидаро бояд омӯхт, зеро ҳар қадар инсон калонсолтар шавад, ҳамон қадар мавқеи тарбияи вай камтар мегардад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки инсон то охири умр ба тарбия ниёз дорад.
Зуҳуроти нохуши аз пайи нафси бад маҳкум шудани инсонҳо кам нест. Яке барои ҳирси мол бошад, дигаре аз рӯйи бадахлоқию нафси шаҳвонӣ. Саъдии бузург бомаврид таъкид кардааст, ки нафс бар ақл ғолиб ояд, нохушиҳо меорад:
Ақл дар ман ҳокими имон бувад,
К-ӯ зи бимаш нафс дар зиндон бувад.
Аз шунидани хабари дастдарозӣ нисбат ба духтари ноболиғе, ки паст задани шаъну шараф, намунаи хушунат аст, афсӯс хӯрдем, ки чунин инсонҳо ҳам дар байни мо ҳастанд.
Дар тасаввурамон ҳам намеғунҷад, ки пада-ре ба духтарандааш дастдарозӣ кунад. Нис-бати кӯдаки ноболиғ раво дидани чунин му-носибат аз кадом одоб, аз кадом синну сол ё фаросату инсонгарии ин гуна одамсуратони ҳайвонтабиат дарак медиҳад?! Бовариамон намеояд, ки вориси чунин фарҳанги бою саропо одобу фазл бошему инсонҳои пастфи-трате дар ҷомеаи мо чун доғҳои сиёҳ пайдо мешаванд. Унсурмаолии Кайковус насиҳат кардааст: “Муқаддимаи некӣ шарм аст ва муқаддимаи бадӣ бешармист”. Чаро эҳсоси шарм барои кирдори беадабона, масъулият барои маҳкум шудан, радди маърака шудан дар байни мардум ва ниҳоят, тарс аз ҷазо ин қабил одамонро ҳушдор намедиҳад?
Донишмандон мегӯянд, ки ахлоқи инсон дар ботини ӯст ва онро танҳо виҷдони вай идора мекунад. Суқрот қайд кардааст, ки “Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз дониш нест ва ҳеҷ душман бадтар аз хӯи бад нест ва ҳеҷ иззе бузургвортар аз дониш нест ва ҳеҷ пирояе беҳтар аз шарм нест”.
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки дар таъсири фарҳангу тамаддунҳои дигар, тариқи шабакаи интернет паҳн гардидани аксу филмҳои шаҳватангез одоби муносибати маҳрамонаи одамон ҳам коста шудааст. Шарму ҳаёи ҷавонон дар пайравӣ ба маданияти тоҷиконаамон бегона ва номуносиб камтар гардидааст.
Дар шигифт мемонӣ, марде, ки ҳаққи падарӣ дорад, ба ҷойи ҳифз кардани фар-зандаш аз муносибати ноадолатонаи дигарон, худаш чунин бераҳмиро раво мебинад.
Дар сураи “Нисо”-и Қуръони карим омадааст: “Бар шумо ҳаром карда шудаанд: модарони шумо ва духтарони шумо ва духтарони бародар ва духтарони хоҳар ва он модарони шумо, ки ба шумо шир додаанд ва хоҳарони шумо аз ҷиҳати ширхорагӣ ва модарони за-нонишумо ва духтарони занони шумо, ки дар канори шумо парвариш меёбанд”. Дар дини мубини ислом покии ахлоқ чизи асосӣ буда, зино гуноҳи кабира маҳсуб меёбад.
Аз рӯйи қонун муносибати бадахлоқонаи калонсолон нисбати кӯдак маҳкум мешавад. Моддаи 31-уми Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак муқаррар кардааст: “Давлат бояд кӯдакро аз истисмори шаҳвонӣ ва истифо-да бурдан ба бадроҳии шаҳвонӣ, аз ҷумла фоҳишагӣ ва бараҳнатасвирӣ ҳифз намояд”.
Шаҳрвандоне, ки кӯдаконро бо ниятҳои но-поки худ истифода мебаранд, ба ҷазои сахт сазоворанд.
Духтарандар, яъне фарзани зане, ки ҳамсари мард аст, ҳаққи баробари фарзандҳои аз никоҳи дуюм тавлидшударо дорад. Ҳолатҳои зиёдеро мушоҳида кардаем, ки ҳангоми ташкили оилаи дуюм, агар зан фарзанд дошта бошад, мард уҳдадор меша-вад, ки он фарзандро ба оила қабул карда, тарбия ва нигоҳубини ӯро ба зиммаи худ гирад. Садҳо оилаҳое ҳастанд, ки духтарандар ва писарандарро бо меҳру муҳаббат ба воя расонида, аз фарзандони худ фарқе нагузоштаанд.
Ҳодисае ба хотирам омад. Рӯзи никоҳи духтарандар мард хоҳиш мекунад, ки рафта аз падари худаш дуо бигирад. “Ман дигар падар надорам, шумо падари ман”-гӯён гиря карда ба пояш таъзим карда буд.
Воқеан, духтарчаи 1,5 соларо эрка калон кард. Худаш, ки аз сабаби бефарзандӣ ҷудо шуда буд, ба духтарча меҳри падарӣ дод. Худованд бар ивази он чор писарро муносиб дид. Духтарак додарҳояшро нигоҳубин кард, дастёри модар шуд.
Падар ё модари ҳақиқӣ он марду занест, ки дар тарбияи тифл заҳмат кашида-аст, барои хушбахтию ояндаи ӯ ғамхорӣ кардааст. Афкори шахшудае, ки фарзанди зан-кӯдаки марди бегона иштибоҳест, ки муносибатҳои аҳли оиларо сард мекунад. Ҳол он ки барои модарон ҳамаи кӯдакон яксон азизанд. Дӯстдорӣ ва эҳтироми кӯдаки зан боварӣ ва мустаҳкамии оиларо таъмин мекунад.
Пайғамбари Худо (с) дар ҳадисе мефармояд: “Ҳар дарахт мевае дорад ва меваи қалб низ фарзанд аст. Бегумон, Худованд раҳм намекунад ба касе, ки ба фарзанди худ раҳм намекунад. Қасам ба касе, ки вуҷудам дар дасту қудрати Ӯст, касе дохили биҳишт мешавад, ки бисёр меҳрубону бораҳм бошад”. Одамони хайрхоҳу савобҷӯе зиёданд, ки аз ятимхонаҳо ба оилаҳояшон фарзандхон гирифта, онҳоро чун инсонҳои наҷиб тарбия кардаанд. Беҳтарин кор хурсанд кардани дили ятимону нимятимон аст, ки ба самимияти атрофиён ниёз доранд.
Тақдири он кӯдаконе, ки аз ҷабри калосолон осеби ҷисмонӣ ва равонӣ гирифтаанд, минбаъд чӣ гуна хоҳад буд? Он духтарако-ни мавриди хушунати шаҳвонӣ буда оянда чӣ кор мекунанд? Бовариашон ба одамон, аз ҷумла, инсонҳои наздик гум мешавад, рӯҳафтодагӣ ба сӯйқасди ҷон мебарад ва ё роҳи ягонаи халосиро дар фоҳишагӣ мебинанд? Муҳим он аст, ки сирати инсониашонро аз даст надиҳанд.
Азбаски мавзуи ҳаёти маҳрамона, бахусус, обрӯю иффати зан дар байни мардуми тоҷик пӯшида аст, оид ба мушкилоти мавҷуда бехабар мемонем. Танҳо дар сурати будани парвандаи ҷиноятӣ огоҳ мешавем, ки ҳодисаи нанговаре рух додааст. Донистани вазъи солимӣ, табъу равони фарзанд барои волидон зарур аст. Фарзандон бояд рози дили худро ба падару модар озодона гуфта тавонанд. Ба бадбахтии касе бетараф будан дуруст нест, аммо пешгирӣ кардани он шояд имконе дошт. Ба тақдири кӯдакони бегуноҳ, ки дар зиндагӣ орзуҳои ширин мепарваранд, аз рӯйи лутфу меҳрубонӣ муносибат кунем, аз рӯйи адолат мебуд. Онҳо ба калонсолон тақлид ва пайравӣ мекунанд. Инро набояд фаромӯш кард.
Д. МАҲКАМОВА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...