ШАБЕҲИ ЗИНДАГӢ БАР ТАБИАТ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Тандурусти ва экология, Боздид 1 783
Зиндагӣ бо табиат ба куллӣ шабеҳи ҳамдигаранд, ҳам дар шукуфоӣ ва ҳам дар тағйирёбӣ. Дар зиндагӣ чизи азизтарини инсон ин фарзанд аст ва фарзанди азизтарини табиат бошад, инсон.
Инсон сабзаест, сабзаи нав-нешзада, ки аз дили хок нури хуршеди фалак металабаду месабзад. Рӯҳу ҷисми инсон ба ҳар як фасли сол пайвастагӣ дорад.
Зиндагӣ мисли рӯди равон ҷорист, ҳам ба сӯи дашти синабирён, ҳам ба сӯи гулистон. Чун шоир шеър эҷод мекунад, шеъри эҷодкардаи худро рӯйи коғаз меорад, аммо дарё низ дар баробари худ шоир аст, шоирест, ки шеъраш обдору равон, савту садои хуш дорад, гарчи хомӯшу безабон аст.
Агар табиат зебову нотак-рор намебуд, на баҳоре буду на хазоне, на ишқе буду на ёре, на таровати гуле буду на овози булбуле. Табиат бе чаман намешавад, чаман бе андалеб, зиндагӣ бе орзу намешавад, орзу бе умед.
Дар зиндагӣ инсон гоҳ шуху гоҳ ҷиддист. Табиат ҳам бо ҳодисаҳои ғайричашмдошти худ, ки новобаста аз фаслҳои сол рух медиҳанд, гоҳ шухимиҷозу гоҳ ҷиддинамост. Дар зиндагӣ инсон хушбахтиро дар тани сиҳату болидарӯҳӣ эҳсос мекунад. Табиат ин ҳамаро ҳангоми эҳёшавиаш эҳсос мекунад, ки аз тавъамии инсону табиат дарак медиҳад.
Агар донае насабзад, аз кишти дигар умеди сабзиданаш ҳаст. Агар умеду муҳаббат дар дили мо насабзад, ҷойи афсӯс аст. Агар кӯҳи осмонбӯсе ба замин яксон шавад, ҷойи ғам нест, киштзор мешавад, вале агар эҳсоси муҳаббат мирад, ҷойи андӯҳ аст, зеро бе ӯ одамӣ худро намеёбад ва ба чашми одамон комил наметобад.
Дар зиндагӣ одаме нест, ки бе ном бошаду дар ин дунёи фонӣ умеди фардое надош-та бошад, лекин дар табиат гиёҳҳое ҳастанд, ки худрӯянду беноманд. На зеби гулшане ҳастанду на ороиши кокуле. Валекин бо ҳазорон орзу аз хок мерӯянд, месабзанд, то ки тухми хешро ба мерос гузоранд. Онҳо рӯшноии шамси тобон металабанду аз ҳаёт умедҳо доранд, ки шояд замоне табиатдӯсте ба онҳо майлу рағбат пайдо намояд, забони безабониашонро биомӯзаду ба онҳо ном гузорад...
Албина Мирзокулова
-
16-01-2021, 08:00
-
21-01-2021, 11:08