ҶАШНИ САДА-ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ
...
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:
«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.
Ҷашни Садаро мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст:
Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд меоварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишороте торих, ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни «масленница» роиҷ аст.
Баъдҳо низ ин ҷашн идома ёфта, то аввали садаи ХХ ҷойгоҳи хос доштааст. Вале дар давоми қариб як аср агар он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, он аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Нишонаҳои эҳтиром ба оташ ва боварҳое ба ҷашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклҳои гуногун муаррифӣ мешуданд, ки қисме аз он дар рӯзгори мардуми мо дар шакли нақлҳои устураӣ, боварҳо ба оташ, алавгардонӣ, мақолу зарбулмасал, таъбир ва оини халқӣ пойбарҷост. Масалан, агар оташи оташдони хонаводае хомӯш шавад, ин фоли бад буд. То имрӯз дар миёни мардуми тоҷик нишонаҳое аз муқддас будани оташ дар шакли таъбир ва мақол боқӣ мондааст. Чунончи: «Алави хонаат хомӯш нашавад», «Худоё, чироғи хонаат ҳамеша даргирон бошад» (фарзандталабӣ, бахусус барои писар), «Худоё, ҳич кас бечироғ нашавад» (беписар набошад), «Вай бечора бечироғ аст» (беписар аст), «Чунон бачаи зӯр буд, ки алав барин дар мегирифт», «Бачаи фалонӣ чун оташ аст», «Алав барин гарде!» (мисли оташ боше!) ва амсоли ин.
Ҳамчунон, ба сифати қасам дар байни халқ таъбирҳои зиёд роиҷ аст, ки ба оини оташ ва ҷашни Сада мансубият доранд. Масалан, «Алав занад, ки…», «Ба оташ сӯзам, ки…», “Дар сарат алов”, «Агар ҳамин кора ман карда бошам, илоҳӣ мисли чӯб дар оташ дар гирам…» ва ғайра
То солҳои 70 садаи ХХ дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дарахтонро ҷамъ оварда, оташ афрӯхта шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд.
Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад.
Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукӯҳи бостонии он сол то сол барқарор мегардад.
Дар ҷашни Сада созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рӯзгор мадад намоем.
Мардум дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада ҷамъ меоянд, базм меороянд, хурсандӣ карда, чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил менамоянд. Инчунин, намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро боз ҳам бештар ташкил карда, мардум ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ ҷалб мешаванд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон рафта, онҳоро дилбардорӣ кардан расм шудааст.
Дар ҳақиқат, ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд.
«Хатлон»
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.