БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ «АВАСТО»
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Маориф ва илм, Боздид 1 697
Донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил мекунанд, бо роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Икром Фатҳуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ аз осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон - “Авасто” дидан намуданд.
Бинои осорхона аз ду ошёна иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудааст. Дар осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти қаҳрамонони халқи тоҷик ва маснуоти мисӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.
Кормандон ва роҳбаладони осорхона ба донишҷӯёни хориҷӣ оид ба таърихи халқи тоҷик аз давраи қадим то замони имрӯз маълумоти муфассал доданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар қабати якуми осорхона нигораҳое мавҷуданд, ки таърихи халқи тоҷикро бозгӯянд. Меҳмонон ин ҳамаро бо шавқ тамошо карданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии
ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
9-01-2021, 00:50
-
16-01-2021, 08:00