Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КИТОБ ҲАЁТРО РАНГИН МЕСОЗАД


КИТОБ ҲАЁТРО РАНГИН МЕСОЗАД


Тарбияи маънавию   ахлоқии насли  наврас ҳамчун рукни асосии ғояи давлатдорӣ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳимтарин дар раванди рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар  ин раванд китобдор ва китобхонаҳо метавонанд, корҳои зиёдеро анҷом дода, дар ҷамъият мақоми хоса пайдо намоянд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   оид ба баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа ҷалби бештари наврасон, ҷавонон ва калонсолон ба китобу китобхонӣ ва бо мақсади тарғиби асарҳои бачагона, инчунин,  бозёфти роҳҳо ва шаклҳои дурусти  тарғиби мутолиаи китоб кормандони муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб як қатор корҳои мушаххасро ба сомон расонидаанд.   

Дар толори хониши Китобхона муаррифии китобҳои тозанашри бачагона бо гурӯҳи васеи хонандагон баргузор гашт. Дар муаррифии китоб   сардори  толори хониш Раҳмонова Назокат  ва методисти китобхона Хоҷаева Ситорамо хонандагони хурдсолро бо мазмун ва муҳтавои китобҳо аз наздик шинос намуданд.   

Мақсади асосии муаррифии китобҳо баланд бардоштани сатҳи маънавии тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ,  эҳтиром нисбат ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудан аз  ҳодиса ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон  ва ба воя расонидани кӯдакону наврасон  дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи  ҳамида мебошад.

 

Саодат Абдулҳакимзода, 

корманди муассисаи давлатии 

Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи 

Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода