Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ»


«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ»




ДАР МАВЗЕИ ОВОЗАДОРИ ЧИЛДУХТАРОНИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ОҒОЗ ГАРДИД

5 июн Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» ба кори худ оғоз намуд. Чорабинии бонуфуз, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор мешавад, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, сармоягузорон, коршиносон ва воситаҳои ахбори оммаро аз зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон гирди ҳам овард.

Форум дар доираи сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар баргузор гардида, ҳадафи асосии он муаррифии имкониятҳои бузурги сайёҳии вилояти Хатлон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

Пеш аз оғози қисми расмии форум раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷамъи меҳмонон аз намоишгоҳи сайёҳиву ҳунармандӣ боздид намуда, бо намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти ҳунармандон ва имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос шуданд. Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла чакандӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, бофандагӣ ва дигар намунаҳои нодири фарҳанги миллӣ ба маъраз гузошта шуд.

Маросими ифтитоҳи форум бо суханронии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оғоз гардид. Зикр шуд, ки имрӯз вилояти Хатлон ба яке аз минтақаҳои муҳимтарини сайёҳии мамлакат табдил ёфта, дорои садҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои нотакрори табиӣ, имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатӣ ва зиёратӣ мебошад. Таъкид гардид, ки баргузории чунин форуми байналмилалӣ имконияти мусоид фароҳам меорад, то иқтидорҳои сайёҳии вилоят ба доираи васеи шарикони хориҷӣ муаррифӣ шуда, барои ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди хизматрасониҳои замонавӣ заминаҳои нав гузошта шаванд.

Дар маросими ифтитоҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷию ватанӣ низ суханронӣ намуда, баргузории форумро ҳамчун платформаи муҳим барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ карданд. Баъди қисмати расмӣ ба иштирокчиён лоиҳаи рақамии интерактивии мероси фарҳангии «Хутали қадим» муаррифӣ гардид. Ҳамчунин, дар фазои таърихии мавзеи Чилдухтарон порчае аз достони безаволи «Рустам ва Суҳроб»-и «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хос бахшид.

Дар идомаи форум кори ҷаласаҳои соҳавӣ оғоз ёфт. Панели якум ба мавзуи «Рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ» бахшида шуда, иштирокчиён масъалаҳои татбиқи технологияҳои муосир, истифодаи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои сайёҳӣ, автоматизатсияи низоми бронкунӣ ва таҳлили рафтори сайёҳонро бо истифода аз маълумоти бузург мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар панели дуюм масъалаҳои рушди сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ муҳокима гардиданд. Коршиносон оид ба истифодаи самараноки захираҳои табиии вилояти Хатлон, рушди инфрасохтори табобатию истироҳатӣ, омодасозии мутахассисон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба муассисаҳои табобатӣ ва солимгардонии минтақа табодули назар намуданд.

Панели сеюм бошад, ба мавзуи «Фарҳанги эҷодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: омили рушд ва шиносоии Хатлон дар арсаи байналмилалӣ» бахшида шуд. Дар он роҳҳои рушди иқтисодиёти креативӣ, брендсозии маҳсулоти ҳунармандӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳунарҳои миллӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Яке аз бахшҳои муҳими форум вохӯриҳои мустақими соҳибкорӣ дар шакли B2B ва B2G мебошад. Дар доираи ин мулоқотҳо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоя ва тавсеаи ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, барои баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ замина фароҳам месозанд.

Тибқи иттилои масъулин, танҳо дар соли 2025 ба вилояти Хатлон зиёда аз 1 миллиону 647 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст. Ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба имкониятҳои сайёҳии минтақа ва рушди устувори соҳа шаҳодат медиҳад. Мутахассисон бар он назаранд, ки рушди сайёҳӣ на танҳо ба муаррифии фарҳангу таърихи миллӣ мусоидат мекунад, балки ба пешрафти иқтисодиёти маҳаллӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад.

Бо афзоиши ҷараёни сайёҳон талабот ба меҳмонхонаҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд. Интизор меравад, ки дар натиҷаи кори форум як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, барои ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳии вилояти Хатлон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаҳои нави мусоид фароҳам оварда шаванд. Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон - сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат», ки то 5 июн идома меёбад, бори дигар собит месозад, ки вилояти Хатлон бо таърихи куҳан, табиати нотакрор, фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии сокинони худ метавонад ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии минтақа табдил ёбад ва саҳми назаррас дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гузорад.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода