ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ ВАРЗИШ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 16 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҷавонон ва варзиш, Боздид 1 236
Дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид. Дар кори он муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, аъзоёни Шӯро ва роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, инчунин дигар масъулони соҳа ширкат доштанд.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2020 ибрози андеша намуд. Мавсуф зимни натиҷагирӣ аз дастовардҳои варзишгарони вилоят қайд намуд, ки дар баробари муваффақиятҳои ба дастомада фаъолияти баъзе бахшҳои варзишӣ дар самти омода намудани варзишгарон дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ беҳбудӣ мехоҳад.
Алишер Насриддинзода, котиби Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, зимни баромади хеш аз дастгириҳои Сарвари давлат дар самти рушди соҳаи варзиш ва дастовардҳои муассисаҳои варзишии вилоят ёдовар гардид.
Ба гуфтаи А. Насриддинзода, имрӯзҳо дар толору майдончаҳо ва мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯи 34 намуди варзиш 16 ҳазору 469 нафар нав-расону ҷавонон тамрин менамоянд, ки аз ин теъдод 1 ҳазору 126 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа раисони шӯроҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ноҳияҳои Балҷувон ва Носири Хусрав баромад намуда, оид ба дастоварду комёбиҳо ва рушди соҳаи варзиш дар ноҳияҳои мазкур маълумот доданд.
Зимни баррасии масоили ҳалталаби соҳаи варзиш, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иброз дошт, ки новобаста ба мушкилиҳои хуруҷи бемории КОВИД-19 масъулони соҳаро мебояд, ки ҷиҳати омодагии беҳтари варзишагарони вилоят барои ширкат дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди бештар намоянд.
Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,
«Хатлон»
-
16-01-2021, 08:13
-
17-01-2021, 09:05