Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТ


ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТ


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту суханрониҳояшон вобаста ба дастгириву ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон ва тарбияву омода намудани кадрҳои баландихтисос  ҳамеша пуштибонӣ ва таъкид менамоянд.

Баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти  ҷамъиятии ҷавонон дар соли 2020 чанде пеш дар толори Қасри фарҳангии шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон доир гардид.  Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, оғоз карда, оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи ҷавонон ва дастоварду комёбиҳои онҳо  дар самтҳои маориф, варзиш ва дигар ҷанбаҳо ибрози андеша намуд.  

Тавре мавсуф изҳор дошт, фаъ-олияти ҷавонон дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дошта,  насли ҷавон дар ҳама самтҳои муҳими давлатдорӣ дастгирӣ меёбанд. 

- Воқан ҳам, ҷавонон неруи тавонои миллату давлат буда, ҳар  як амали шоистаи онҳо ба нафъи давлату ҷомеа равона гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат барои ҷалби ҷавонон ба таҳсил,  илм ва касбу ҳунаромӯзӣ шароит фароҳам овардааст, - таъкид дошт Фирӯза Шарифӣ. 

Зимни ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон, инчунин, котиби Шӯро, ҳамзамон сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти як соли охир ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Шӯрои кор бо ҷавонон дар соли 2020 ҳисобот дод. Ба гуфтаи Ф. Абдуллозода, аъзоёни Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон, новобаста ба хуруҷи бемории COVID-19, дар соли 2020 ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯи 10 самти афзалиятноки соҳа корҳои назаррасеро анҷом додаанд. 

-Дар соли сипаришуда, ки маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҳамчунин, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар доираи омодагӣ ба ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар қаламрави вилояти Хатлон  таҳти унвони «Ҷавонон- Паём ва манфиатҳои миллӣ» ва «Ҷавонон- интихобот ва манфиатҳои миллӣ»   бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ ва дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи умумии вилояти Хатлон 1348 хониши сиёсӣ бо фарогирии 79860 нафар ташкил ва баргузор шуд.  Дар давраи маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати кор бо ҷавонон ва варизиши вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо аъзоёни Шӯрои кор бо ҷавонон панҷ ҳазор ҷавонони фаъ-олро ба ҳайси тарғибчиён, ихтиёриён ва нозирон аз ҳисоби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафарбар намуда, дар баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми худро гузоштанд.  Айни ҳол, дар ҳудуди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо он аъзоёни маҳфили пайравони Пешвои миллат 2778 нафарроо ташкил медиҳад, ки дар баргузорӣ ва татбиқи чорабиниҳои гуногуни маърифативу иттилоотӣ, махсусан мубориза бар зидди терроризм, пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан бемориҳои КОВИД-19 ва ВИЧ СПИД корбарӣ доранд»,- ёдовар гардид, Фариза Абдуллозода.

Дар ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, ҳамчунин,  фаъолону масъулони соҳаҳои гуногун ва донишҷӯёну олимони муаcсисаҳои олии ҳудуди вилоят оид   ба нақши ҷавонон дар рушди нумӯи ҷомеа   ибрози андеша намуданд. Дар анҷоми ҷаласа ба шаш нафар олимони ҷавон ва беҳтарин варзишгарони вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода