Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Чойи сиёҳ


Чойи сиёҳ



Чойи сиёҳ, тавре ки мо онро меномем, ё сурх, тавре ки онро дар Чин мегӯянд, аз дигар навъҳо бо дарозтарин раванди истеҳсолот фарқ мекунад. Баргҳои чой дар давоми 12-18 соат хушк мешаванд.


Дар натиҷа баргҳо рутубатро гум мекунанд ва пас аз он сахт печонида, ба утоқҳои калон, тафсон, намнок ва торик, ки дар он оксид мешаванд, интиқол дода мешавад. Чиниҳо ин навъро истеъмол намекунанд, аммо онро ба миқдори зиёд содир мекунанд.

Чойи сиёҳ системаи дилу рагҳоро ба кор меандозад, кори гурдаҳо ва системаи ҳозимаро беҳтар мекунад.

Пуэрҳро дар Чин чойи сиёҳ меноманд. Баргҳои даравшуда, ки барои чойи сабз коркард шудаанд, аз пиршавӣ ва пахшкунӣ мегузаранд. Он ба фарқ аз дигар намудҳои чой, бо мурури замон бад намешавад, балки маззаашро беҳтар мекунад. Барои каму беш ошкор кардани хосиятҳои он чойро аз 2 то 3 сол нигоҳ доштан ва барои таъми мутлақ аз 10 то 20 сол лозим аст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода