Чӣ моро ба нестӣ мебарад: ХУРОФОТ Ё ҲАВАС?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Таҳқиқи журналистӣ / Матолиби чандрасонаи, Боздид 3 755
“...Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон
танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Хурофот чист ва хурофотпараст кист? Хурофотпараст аз нигоҳи
динҳо чӣ гуна баҳогузорӣ мегардад?
Дар кадом маврид бо хурофотпарастӣ бештар бархӯрд кардан мумкин аст? Тоҷикистон бо хурофотпарастӣ чӣ гуна мубориза мебарад?
Барои гирифтани посух ба ин суолҳо бо коршиносон, мутахассисони соҳа, намояндаи динҳои гуногун, нафарони рӯзгордида ва ҳуқуқшиносон суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
ХУРОФОТ ЧИСТ?
Коршиноси соҳаи дин Умарҷон Сафаров изҳор дошт, ки хурофот ба маънои чизи зиёдатӣ, бемаъниву бемантиқ ва нодаркор омадааст. Пас онро парастидан як тараф истад, баҳои баланд додан ё пайравӣ кардан худ нишонаи нодонист. Тибқи таҳлилҳо хурофотпарастӣ бештар дар маросими дафн ва азодорӣ ба мушоҳида мерасад. Агар ҳамин самти мавзӯъро шарҳ диҳем, пас аниқ мегардад, ки ҳар дине бо худ хурофоте дорад, вале диндорон дар самти несткунии он талош мекунанд.
АЗ НИГОҲИ ДИНИ ИСЛОМ
ХУРОФОТПАРАСТРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
- Ҳар амал ё андешаву гуфтаеро, ки ба мардум зарар мерасонад, дини ислом ҳаргиз иҷозат намедиҳад.
Бахусус, дар маросими дафн ва азодорӣ харҷҳои зиёдатӣ лозим нест. Зеро, дини ислом ҳамеша ба сарфакорӣ роҳнамоӣ мекунад. Дар ҳаққи майит танҳо дуои хайр аст. Бо хурофотпарастӣ идома додани маъракаҳои дабдабаноку зиёфатҳои калонро маҳкум намудааст, - гуфт муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби шаҳри Бохтар Усмоналӣ Нурализода. – Бо мусоидати Роҳбари давлат китоби “Қуръони карим” бо забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст. Ҳар як шахс метавонад, ки онро мутолиа намояд, соҳибилм гардад ва аз тартибу талаботи дини ислом бохабар шавад. Чуночи дар ҳадисе аз Паёмбари ислом ба мо расидааст, ки мегӯяд: “Илм иззат дорад ба дунё ва шарофат дорад ба охират”. Дар ин ҳол, талаботи динро аз хурофот фарқ карда метавонад. Чи гунае истеъмоли маводи мадҳушкунанда ё қатлу зиноро дин манъ намудаву ҷазои вазнинро дар охират пешгӯӣ кардааст, ҳамонгуна хурофотпарастӣ низ ҷазои худро дорад.
ХУРОФОТ ВА ҚОНУНИ РАВИЯИ
ИНҶИЛИИ ИСОИ МАСЕҲ
Аъзои калисои масеҳиёни инҷилии шаҳри Бохтар Юрий Михайлович (номи шартӣ) гуфт: “Ҳам аз назари инсонӣ ва ҳам аз назари динӣ хурофот бар зиёни мардум аст. Аз нигоҳи инҷилӣ агар назар кунем, дар китоби муқаддас омадааст, ки ин нисбат ба Худо ва бандаҳои Худо як гуноҳи азим аст. Дар равияи инҷилии масеҳиён пурра гуфта шудааст, ки хурофотпарастӣ ин гуноҳ аст ва имони комил дорам, ки дар ин бора дар маъбадҳо ва ҷамъомадҳо мегӯянд то ин ки идеяи хурофотпарастӣ умуман набошад. Хурофотпарастӣ ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ зарар мерасонад.
Агар дар бораи маросими дафн ва азодорӣ ҳарф занем, пас аъзои калисои масеҳиёни инҷилӣ танҳо баъди ба хок супоридани майит додани як пиёла чой доранду халос. Дигар намуд харҷҳо вуҷуд надорад. Хуб, ки тобути расмӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ вуҷуд дорад. Аммо, пешсафони дин ҳамеша камхарҷиро тарғиб мекунанд.
ОЁ КАЛИСОИ АРХИСТРАТИГА БОЖИЯ
МИХАИЛА НАЗАРИ ДИГАР ДОРАД?
Муъбади калисои Архистратига Божия Михаила дар шаҳри Бохтар иеромонах Владимир (Мухин) низ бо маҳкум намудани хурофоту хурофотпарастӣ суханро оғоз кард. Ӯ изҳор дошт, ки хурофот таҳмил кардани дин, нуқтаи назари шахс аст, ҳатто баъзан бо роҳи зӯроварӣ. Яке аз Падарони калисо мегӯяд: «Меъёр дар ҳама чиз лозим аст, бе он, ҳатто он чизе, ки фоидаовар аст, ба зарар мубаддал мешавад ва ҳама чиз ба хок меравад». Исҳоқи Сурин. Инчунин, файласуфи рус Н.А.Бердяев таъкид мекунад, ки «Хурофотпарасти ашаддӣ зӯроварӣ мекунад, канораҷӯй аст, дигаронро зиндонӣ карда, ҳатто ба қатл мерасонад. Аммо, ҳамчун шахс устувор нест, бар вай тарс ғолиб омада, тафаккури ӯ танг мебошад, имони ӯ ба Худо мустаҳкам нест.». Хурофотпарастӣ аксар вақт ба нобудӣ оварда мерасонад, на ба офариниш. Шахсе, ки бо дини худ (масеҳият ё ислом) огоҳ аст, имони худро таҳмил намекунад. Бояд тавре зиндагӣ кунӣ, ки мунофиқ бо дидани аъмоли нек ва зиндагии шоистаи ту ба имон ва дини ту таваҷҷуҳ кунад ва онро донистан хоҳад.
Барои мисол маросими дафн ва азодориро пеш меорем. Талаботеро, ки дини мо пешниҳод намудааст, на он қадар харҷи бисёр дорад. Барои мурдадор бояд вазнин наафтад. Барои ҳамин мо дар ҳама маҷлисҳову ҷамъомадҳо ва маъвизаҳоямон ин масъаларо шарҳ медиҳем. Маҳз дар Тоҷикистон маросими дафн ва азодориро бо харҷи кам мегузаронанд. Зеро, имконият ва талабот чунин аст.
ҶАРИМА БАРОИ ХУРОФОТПАРАСТӢ
- Дар соли 2021-ум дар ҳудуди вилояти Хатлон 2482 маросими чил, 2325 маросими сол гузаронида шуд, - гуфт мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Хуршед Мирзоев. - Аз соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расидааст. Ин қонун то андозае хурофотпарастиро дар маросими дафну азодорӣ ҷилавгирӣ кард. Аммо, мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандон бо сабабҳои гуногун ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Масалан, соли гузашта 211 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки 30 ҳолати он доир ба маросими дафн ва азодорӣ мебошад.
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО
ИСТИСНО НАМЕКУНАД
Худойдод Ҳақназаров, сокини шаҳри Бохтар, иброз намуд, ки зимни реҳлат кардани яке аз пайвандонамон чун анъанаи гузаштагон маъракаҳои панҷшанбегиву себегаҳа, ҳафт, чилу солро гузаронидем. Зиёда аз 20-50 нафар мӯйсафедонро даъват кардем ва таом додем. Намедонистем, ки як қисми маъракаҳои азодорӣ аз рӯи хурофотпарастӣ аст. Ҳарчанд, раиси кумитаи маҳалла ва масъулини бахши танзими ҷамоат огоҳӣ доданд, вале чун нав аз муҳоҷирати меҳнатӣ омада будам, хостам, ки бо сари баланд маъракаҳоро гузаронем. Пас аз огоҳӣ додан дар яке аз маъракаҳо мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтем. Мо кори хайр мекунем гуфтему нафаҳмида ба хурофотпарастӣ роҳ додаем, ки ин гуноҳ будааст. Аслан, намедонистам, ки худи хурофот чист. Акнун фаҳмидам ва қонуни давлату талаботи динро пурра риоя хоҳам кард.
КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
- Тибқи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқ-вайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дағалона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” - ро вайрон мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, - гуфт ҳуқуқшинос Абдураҳмон Маҳмасаидзода. - Дар моддаи мазкури ин Кодекс омадааст, ки барои шахсони воқеӣ ба андозаи 100 нишондиҳанда, барои шахсони мансабдор ба андозаи 500 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 700 нишондиҳанда ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда мешавад. (Як нишондиҳанда 64 сомониро ташкил медиҳад.)
ЙИРТИШ МАГАР ХУРОФОТ АСТ?
Дар бораи яке аз хурофотҳои маъмул бо номи йиртиш зани рӯзгордидаи шаҳри Бохтар Ализода Хатичабонуи Раҳмат чунин гуфт: “Аслан, дар Арабистон вақте нафаре фавт мешавад, аз қафои вай ин қадар хурду хӯроку дастархон намеороянд. Зеро, қонуни Ислом инро маҳкум кардааст”.
- Йиртиш як намуди хурофотпарастӣ мебошад. Аввалҳо ҳар касе, ки ба сари мурда меомад, матоъ меовард. Онро гирифта давра мекунем мегуфтанду баъдан онро тақсимот карда, як метри бурида дар лаби матоъ боз як сомониро баста, ба мардум тақсим мекарданд. Бисёре одамон барои ҳамон чиз ба ҷаноза меомаданд. Ин чиз миёни занҳо бештар вуҷуд дошт. Имрӯз қонун то андозае онро ҷилавгирӣ кард. Вале, ҳамоно боз ҳастанд нафароне, ки хурофотпарастиву худнамоӣ мекунанд. Матоъ намебуранду рӯймолчаи сафед ё дастпокунаку як собун медиҳанд. Ман маротибаи чанд ин ҳолро дидаму эътироз кардам, ки ин кори онҳо нодуруст аст. Зеро, ин хурофот аст ва қонун онро манъ намудааст.
МУБОРИЗАИ АСОСӢ БО ХУРОФОТ
(ба ҷойи хулоса)
- Ягона чизе, ки насли хурофотпарастро аз гумроҳӣ берун мекунад, ин таълиму тарбияи дурусти диниву дунявӣ мебошад. Яъне, новобаста ба синну сол инсоният дар бораи он чизе, ки парастиш ё пайравӣ мекунад, бояд маълумоти дақиқ дошта, онро аз рӯи меъёрҳои муайянгардида риоя намояд. Дар ҳолати баромадан аз чаҳорчӯбаи муқаррарӣ метавонад, ки бар зарари худи ӯ ва ҷамъияту давлат гардад, - изҳор дошт коршинос Умарҷон Сафаров. - Ҳар он чизе, ки гуфта ё таълим дода мешавад, бояд дар такя ба факту далелҳои дақиқ ва нафъи ҷомеа бошад. Дар самти мубориза алайҳи хурофотпарастӣ ҳамагонро зарур аст, ки нозукбину нуктасанҷ бошанд ва аз гуфтаҳои бузургон истифода кунанд.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”