Бозиҳои Наврӯзӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 910
Лӯхтакбозӣ
Лӯхтакбозӣ шуғли дӯстдоштаи духтарони хурдсол мебошад. Лӯхтакҳои муқаррарӣ аз ҷониби модарону бибиён, хоҳарбузург ва янгаҳо барои духтарон сохта мешаванд.
Баъзан худи духтаракон низ барои бозияшон лӯхтакҳо месозанд.
Тарзи сохтани лӯхтакҳои анъанавии тоҷикӣ чунин аст: ду чӯбчаи якеаш тақрибан 15-20 см ва дигарӣ 8-10 см бударо гирифта, бо ришта ба шакли салиб мебанданд. Ду канори чӯбчаи хурдӣ дар салиб дастҳои лӯхтак ҳисоб мешавад. Сипас, ба болои чӯбчаи дарозтараш тугма, танга ё ягон чизи гирдро гузошта, бо риштаҳои ранга мепечонанд. Усули печонидан одӣ набуда, риштаҳо ба шакли салиб баста мешавад ва дар натиҷа дар қисмати рӯйи лӯхтак якчанд ромби рангаи дарун ба дарун ба вуҷуд меояд. Ба лӯхтак мувофиқ аз латтапораҳо куртаву пойҷомаву рӯймол мебуранд ва мепӯшонанд.
Тухмбозӣ
Тухмбозиро инчунин тухмҷанг меноманд, ки аз бозиҳои машҳури анъанавии бачагон буда, дар идҳои Наврӯз, Қурбон ва Фитр бо тухми пухтаи мурғ бозида мешавад. Бачаҳо дар ин рӯз идгардак карда, тухмҳои гуногун ҷамъ мекунанд ва сипас дар майдонча ё кӯчаи калоне гирд омада, тухмбозӣ барпо менамоянд.
Онҳо тухмҳоро нӯг ба нӯг мезананд, кадоме, ки тухми дигареро шикаст, онро моли худ мекунад. Ҳамин тариқ, бачаҳое, ки тухмашон ғолиб омадааст, бозиро идома медиҳанд, дигарон ҳамчун тамошобин бозиҳоро наззора мекунанд.
Дар охир тухми яке аз бачаҳо пирӯз шуда, ҳамаи тухмҳои дигаронро ба шикаст мерасонад. Шахси ғолиб тухмҳои бурдаашро боз бо дӯстону рафиқонаш тақсим карда, бо ҳам мехӯранд.
Таҳияи Гесу