Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Китобе саропо аз панду насиҳат


Китобе саропо аз панду насиҳат




Мо дар хона китобхона дорем. Дар он ба ғайр аз китобҳои илмӣ, луғатҳо  ва  бастаҳои  рӯзномаву маҷаллаҳо,  инчунин  китобҳои  бадеии зиёд ҳаст. Вақте ки хостам китоберо  барои  мутолиа  гирам, бибиам китоби наверо тавсия доданд. Китоб “Нома ба наслҳои оянда”  ном  дошт.  Аз  расми  муқоваи китоб муаллифро шинохтам. Корманди собиқадори нашрияи вилоятии “Хатлон” Саттор Қарахонов (С. Аттор) ҳамкори бибиам аст.


Ин китоб соли  2025  нашр  шуда, 214  саҳифа будааст. Китобро варақ гардонида, пешгуфторро хондам.  Сармуҳаррир  Н.Маъмурзода  навиштаанд, ки ҳар шахс, бахусус ҷавонмардону духта-рони замони муосир масъулияти худро дар назди миллату давлат, фарҳангу табиат ва ояндаи хеш шиносад. Ва ин нома номаи падарест ба фарзандону наберагон, номаи қаламкаше, ки ҳеҷ гоҳ аз мардум ва муҳити худ дур намондааст.

Китоб аз чор боб иборат буда, мавзуъҳои гуногунро дар бар мегирад. Боби якум “Паёме ба бунёдгузорони  фардо”  буда,  аз  муроҷиати  муаллиф  “Номаи  ман  ба  ояндасозон”  оғоз  меша-вад. Устод навиштаанд, ки мо нахуст дар замин зиндагӣ карданро омӯзем, соҳибилму соҳибкасб шавем. Андешаҳо дар бораи ҷавонӣ, одоби нав-расону  ҷавонони  имрӯза  шавқовар  ва  пандомезанд. Дар мақолаи “Китоб покии руҳи инсон аст” дар бораи китобдӯстии Ҷонибек Қуқаниев хонда, таассуроти  зиёд  бардоштам.  Дар  давраи  ҷанги шаҳрвандӣ  вайрону  хокистар  шудани  махзани китобҳо,  аз  зани  семичкафурӯш  бозпас  харида гирифтани  китобҳояш,  аз  нав  барқарор  кардани китобхона  мисоли  хуби  донистани  қадри  китоб аст.  Даъвати  муаллиф  ба  ҳамсолонам,  ки  бояд аз  китоб  дур  нашавем,  китобро  азизу  муқаддас донем, бо мисолҳои хубу фаҳмо ифода ёфтаанд. 

Дар  китоб  суханони  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон оид ба донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, одоби нек ва бештар китоб  хондан  доштан  чун  сарсухан  оварда  шудаанд. Аз ҷониби раиси вилоятамон Давлаталӣ Саид имсол эълон гардидани “Соли маърифати китобхонӣ” низ  таваҷҷуҳи  ҳамагонро  ба   мутолиаи китоб ҷалб мекунад. Дар воқеъ, китобхонӣ ба ғайр  аз  дониш,  барои  ҷаҳонбинии   мо  манфиат меорад.

Дар  маводи  “Ҳаққи  устод  аз  падар  беш  аст” равад. Дарсгурезию бо тиҷорат машғул шудани Фаридун барин бачагони беодобу кутоҳандеш ва носипосии ӯ му-ассирам кард. Афсӯс, ҳамин гуна бачаҳо ҳастанд, ки ба қадри муаллиму мактаб намерасанд. 

Дар мақолаи “Тарбия “ бошад, як мушоҳидае оварда шудааст, ки бисёр шоҳиди он мешавем. Ба фикри муаллиф тарбия аз гаҳвора оғоз меёбад. Дар нақлиёти мусофирбар хонандагони мактабрав хеле зиёд буда, онҳо дар курсиҳо нишаста, ба калонсолон ҷой намедиҳанд ва бо телефонҳои мобилӣ машғули бозиҳо ҳастанд. Аз хондани ин мақола мо эҳтироми калонсолон, фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятиро меомӯзем. 

Дар мақолаи “Беодоб” низ мавзуи тарбия ифода ёф-тааст. Дар он гуфта мешавад, ки ҳамсоядорӣ ҳам риоя кардани тартиб, одоби меҳмониро мехоҳад. Дар боби дуюми китоб якчанд мақолаҳо ба эҳтироми калонсолон,  аёдати  модар,  ранҷидани  волидон  аз  фарзандони  бемеҳр,  аёдати  бемор  бахшида  шудааст.  Аз номаш  ҳувайдост,  ки  муаллиф  насиҳат  мекунад:   “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз...”. Қиссаи момои Қурбонгул, ки писари носипосаш Шодмон ӯро ранҷонида, оқибат худаш низ хор мешавад, ибратбахш аст. 

Боби  сеюм  дар  боби  “Оила-мадрасаи  муҳаббат  ва масъулият“ мебошад. Мақолаҳои ин қисмати китоб дар бораи меҳнати падару модар, расмҳои фаромӯшшудаи тоҷикӣ,  зарари  никоҳи  хешутаборӣ  ва  хатои  марди  пушаймон  мебошад.  Қиссаи  охирини  боб   дар  бораи булҳавасию  оилаҳои  маҷбурӣ  ташкилшуда,  интихоби ҳамсар ва ҷудо шудани оилаҳои ҷавон аст. Аз ҷумла дар бораи масъулияти келинҳои хонадон маслиҳатҳои зерин маъқул шуданд: Эҳтироми шавҳар, хусуру хушдоман, поккории хона, ҳавлӣ, пухту пази нону хӯрок, ҷомашӯӣ барои устувории оила лозиманд. Қиссаҳои воқеии “Дар суроғи бахт”, “Ашки ғам”, “Фоҷиаи як оила” низ таъсирбахшу тарбиявианд. Боби чоруми китоб “Сафеду сиёҳ” дар бораи масъалаҳои гуногуни ҳаёт мебошад. Дар  он  оид  ба  ҳамсоядорӣ,  сарфакорӣ, қадри  нон,  риояи  тозагӣ,  одатҳои  зараровари  шаробхорӣ,  қаҳришавӣ, шикамчаронӣ,  баднафсӣ,  номгузории нодуруст,  оқибати  қарздиҳӣ  ва  ғайра нақлҳои ҷолиб гирд оварда шудаанд. 

Як мисолро дар бораи ҳамсоядорӣ оварданиам. Ин  муносибатро  чун  анъанаи  гузаштагон  давом  диҳем, хуб мешуд. Дар китоб чунин сатрҳоро хондан мумкин аст: Солҳои  пешин  вақте  ки  ҳамсоя  хӯрок  ё  нон  мепухт,  ба хонаи ҳамсоя, албатта, як коса хӯроку як нон мефиристод. Бо ин шиками кӯдакони ҳамсоя сер намешуд, албатта. Вале меҳру муҳаббати онҳо зиёд мегашт. Ё бигирем, вақти ба хонаи ягон ҳамсоя омадани меҳмонро. Дар ин ҳолат низ ҳамсояҳо бе даъват бо косаи ҷурғот ва як нон аз  дари  ҳамсоя  медаромаданду  бо  меҳмон  дар  суҳбат мешуданд.

Ҳангоми сохтмони хона, андоваи он бошад, бо кумаки ҳамсояҳо тариқи ҳашар анҷом меёфт. Байни ҳавлиҳо, ки девор надошт, аз ҳолу аҳволи якдигарӣ зуд огаҳӣ меёфтанд.  Ҳоло  бошад,  ин  тавр  нест.  Ҳамсояҳоро  деворҳои баланд аз ҳам ҷудо месозад, баъзан мурда монӣ ,ҳамсоя хабар  намеёбад.  Ҳатто  ба  маъракаи  ҳамсоя  намераванд,  ҳамсоягӣ  бо  дороӣ  ё  вазифадорӣ  қадр  мегардад. Дар  шаҳр,  дар  хонаҳои  баландошёна  ҳамсоя  ҳамсояи паҳлуяшро  намешиносад,  якдигарро  бо  чашмаки  дар (глазок) мебинанд.

Гумон мекунам, ки дар шаҳрҳо ҳамин хел муносибатро бисёртар дидан мумкин аст. Китобро  мутолиа  карда,  чӣ  қадар  мушоҳидакор ва  таҷрибаи  бойи  зиндагӣ  доштани  муаллифро  эҳсос мекунӣ. 

“Нома ба насли оянда” аз ҳамин гуна қиссаҳои пурмазмуну тарбиявӣ зиёд аст.Осон ва бошавқ хонда мешавад. Хондани он барои ҳар яки мо лаззати маънавӣ медиҳад. Барои инсони хуб шудани мо раҳнамоӣ мекунад. 

Муноҷоти МУҲСИНҶОН,
хонандаи синфи 9-уми литсейи давлатии 
№1-и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода