Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАЗОҚИСТОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ «FRUIT ART»


ҚАЗОҚИСТОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ «FRUIT ART»




19 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар вилояти Алмаато бо фаъолияти ҶДММ “Fruit Art” шинос шуданд. 

Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи олмонӣ меваро коркард намуда, дорои яхдонҳои махсуси 3000 тоннагӣ ва як анбори замонавии нигоҳдории меваҷот бо иқтидори 15 000 тонна мебошад. Тибқи иттилоъ дар ин коргоҳ 420 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардиданд. 

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ бо роҳбарияти ҷамъият вобаста ба табодули таҷриба ва ҳамкориҳо дар ин самт суҳбат намуданд.

Корхона аз рӯи ҳаҷми интиқоли ашёи хом дар ҷаҳон яке аз се корхонаи истеҳсолкундаи мева дар яхдон буда, таҷрибаи истеҳсолии он нодир аст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода