ҲХДТ- ҳизби иттиҳоду сарҷамъии миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 74
![]()
Ба бахти мардуми сарбаланди тоҷик тӯли 34 сол аст, ки мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар ин муддат ба як қатор дастовардҳои бебаҳои таърихӣ ноил шудаем. Истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи беназиртарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор мераванд.
Қобили зикр аст, ки дастовардҳои болозикр бо ҳам алоқаи зич дошта, якдигарро мукаммал намудаанд. Зеро истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар бо талошу ҷоннисориҳои фарзонафарзанди миллат, абармарди майдони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами он дар роҳи сарҷамъу муттаҳид сохтани миллат нақши бебаҳо дорад.
Ҳизби мазкур маҳсули тафаккури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар вазъияти муташанниҷ ва нобасомони сиёсӣ таъсис дода шуд.
Маҳз мафкураи созанда, фарогирии манфиатҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ва татбиқи сиёсати бунёдкорона ба муваффақ гаштани ҳизби мазкур боис гашта, нуфуз ва эътибори онро миёни аъзои ҷомеа афзуд ва ба ҳизби пешгому собитқадам табдил дод.
Инак, тӯли се даҳсола аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии кишвар фаъолияти пурсамар намуда, ҳадафи асосии он рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад, ки он дар заминаи ҳифзи истиқлолу амният, сулҳу субот ва ваҳдату манфиатҳои миллӣ амалӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи неъматҳои мазкур ва тарғиби арзишҳои миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизб табдил ёфта, тавассути тарҳрезӣ ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо амалӣ карда мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нахуст марҳилаҳои таъсис то ба имрӯз бо аҳолӣ робитаи зич дошта, роҳбарият ва кормандони он пайваста миёни мардум мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор менамоянд, ки дар доираи он ба аҳолӣ ҳифз ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ва неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ тарғибу ташвиқ карда мешавад.
Ҳизби мазкур чун неруи созандаву бунёдкор муаррифӣ гардида, аз лаҳзаҳои нахустини таъсис то имрӯз мароми он ободкориву сарсабзгардонии кишвар маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли он тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ роҳандозӣ мегарданд.
Маҳз фаъолияти пурсамар миёни халқ ва такя ба ин неруи қавӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ҳизби хушному бонуфузи ҷомеа мубаддал гардонида, ин сарҷамъиву иттиҳоди устувор пояҳои сулҳу ваҳдати миллиро мустаҳкам мегардонад. Омили мазкур моро водор месозад, ки бо сарҷамъиву якдилӣ ва ҳамрайъӣ баҳри амалисозии ҳадафҳои бунёдкорона ва созандаи ҳизби мазкур камари ҳиммат бандем. Зеро иттиҳоди мо қувваи бузургест, ки моро ба сӯйи муваффақият ва музаффариятҳои навин дар роҳи руш-ди минбаъдаи кишвар ва саодати халқ раҳнамун месозад.
Манучеҳр ҚУРБОНАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...