Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САТЫБАЛДЫ ДАРХАН - ҲОКИМИ ШАҲРИ АЛМА-АТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САТЫБАЛДЫ ДАРХАН - ҲОКИМИ ШАҲРИ АЛМА-АТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН



19 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳокими шаҳри Алма-Ато Сатыбалды Дархан Амангельдиевич дидору мулоқот анҷом доданд.

Сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Қазоқистон боис гардид, ки ду халқ дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ зиндагӣ намуда, муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки худро боз ҳам густариш бахшанд. 

Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳор доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон сол то сол рушд ёфта истодааст, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. 

Боиси ифтихор аст, ки вилояти Хатлон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро дар шаҳри Алмато доир мекунад ва ин тадбири муҳим дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоидро фароҳам меорад. 

Қайд гардид, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи кишвар буда, дар он қариб чор миллион нафар аҳолӣ ба сар мебаранд. Вилоят ҳамеша бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот машҳур аст. 

Ҳокими шаҳри Алма-Ато Сатыбалды Дархан Амангельдиевич низ зимни суҳбат иброз дошт, ки муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки ду кишвар сол то сол густариш ёфта, роҳандозӣ кардани чунин намоишгоҳҳо дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷӣ нақши муҳим мегузорад. 

Изҳори итминон карда шуд, ки муносибатҳои дипломатии давлатҳо як далели рушди бемайлони муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода