Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Зуҳуроти номатлуби замони муосир


Зуҳуроти номатлуби замони муосир




Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.  Айни  замон  марбут  ба  амалҳои  террористӣ вазъият дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад.

Сарфи  назар  аз  тадбирҳои солҳои  охир  андешидашуда  дар бахши  мубориза  бо  терроризм, таҳдиди  амалҳои  нави  террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори  онҳо  ба  мушоҳида мерасад.  Вобаста  ба  вазъияте,  ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке  аз  самтҳои  афзалиятноки  сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар  зидди  экстремизм  ва  терро-ризм мебошад. 

Имрӯз  дар  як  қатор  давлатҳо ҷангҳои  харобиовар  идома  дошта, боиси  афзоиши  шумораи  фирориёни  иҷборӣ,  бекорӣ,  гуруснагӣ  ва шиддат  гирифтани  мушкилиҳои дигари  иҷтимоӣ  гардидаанд.  Терроризм  ва  ифротгароӣ  беш  аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору  бераҳмонаи  худ  ба мушкилоти  ҷиддитарини  инсоният  дар  асри  21  табдил  ёфтааст. Ифротгароӣ  дар  кадом  шакле  набошад,  онро  мо  қабул  надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. 

Қайд  кардан  ҷоиз  аст,  ки ифротгароӣ  асосҳои  маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба  амнияти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ  таҳдид  мекунад.  Ба  муқобили ифротгароӣ  бояд  дастаҷамъона мубориза  бурд.  Алалхусус,  мо-ҷавонон ҳамеша ба суханони Пешвои  миллат   муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва  экстремизмро  шадидан  маҳкум менамоем.  Инчунин,  барои  ҳифзи якпорчагии  ин  Ватани  биҳиштосо пайваста  омодаем  ва  сиёсати  хирадмандонаю  бунёдкоронаи  Пеш-вои миллатро дастгирӣ мекунем. 

Парвина СОҚИЕВА, 
омӯзгор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода