Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО СУЛТОНГАЗИЕВ МАРАТ - ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ АЛМА-АТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО СУЛТОНГАЗИЕВ МАРАТ - ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ АЛМА-АТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН




19 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳокими вилояти Алма-Ато Марат Султонгазиев дидору мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар муҳимтарин самтҳои давлатдорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон  тақвият меёбад. Ин раванд дар заминаи сиёсати оқилонаи сарони ҳарду кишвари ба ҳам дӯст ва ҳамсоя амалӣ мегардад.
Татбиқи  лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону  Қазоқистон дар вилояти Хатлон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ аз  масъалаҳои муҳими сӯҳбат буд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид иброз намуданд, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои аграрӣ ба шумор рафта, ҷиҳати парвариши маваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лиму таҷрибаи бой дорад ва мо омодаем, ки  содироти лимуро ба Қазоқистон ба роҳ монем.

Дар мулоқот вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳлили раванди ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳо ба ташаккули боз ҳам беҳтари равобит дар масъалаҳои тиҷорат, илму маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо гуфтугӯ карданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолона идома доранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода