ҚИЁСИ ВОПАСИН ЛАҲЗАҲОИ РӮЗГОРИ ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ВА ЛЕОНАРД ЭЙЛЕР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 75
![]()
31 августи соли равон ба зодрӯзи яке аз маъруфтарин донишманди овозадори тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ, ки ҳанӯз дар Аврупои асримиёнагӣ асосан бо номҳои таҳрифшудаи Абу Батер (Abu Bater) ва Разес (Rhazes, Razes) маъруф буд, тибқи солшумории милодии григорианӣ 1160 сол пур шуда, рӯзи 31 октябри ҳамин сол ба рӯзи вафоташ 1100 сол пур мешавад. Дар ин ҷумла вожаи «асосан»-ро ба он хотир зикр кардем, ки номи ӯ баъзан дар шакли таҳрифшудаи бештаре ба монанди Abucbare filins Zacbarie Rafis ва ё Abu bare Zacharias Rafi навишта мешуд.
Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ аз худ мероси гаронбаҳое доир ба аксари донишҳои замонааш боқӣ гузоштааст ва бадин васила дар инкишо-фи соҳаҳои муайяни илм таъсири бузург расонидааст.
Ӯро бештар ҳамчун файласуф ва табиб мешиносанд ва ҳамчунин яке аз асосгузорони илми кимиё (баъзан бо лақаби «падари кимиё») низ эътироф мекунанд.
Ҳарчанд ӯ ҳамчун донишманди ҳамадон, дар соҳаҳои физика, математика, биология, геология ва астрономия низ осори арзишманде ба мерос гузоштааст. Албатта, дар фалсафа ва илоҳиётшиносӣ низ нодири замон буда, мувофиқи баъзе ривоёт шеър ҳам мегуфтааст ва неку мусиқӣ менавохтааст. Шумораи таълифоту таснифоти ӯро бештар аз ҳама пажӯҳишгари маъруфи эронӣ Маҳмуд Наҷмободӣ (1904-2001) нишон додааст, ки бино-бар маълумоти андӯхтаи ӯ ба қалами Муҳаммад Закариёи Розӣ 266 номгӯй рисолоту мақолот тааллуқ доштааст.
Албатта, дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ ӯ пеш ва беш аз ҳама ҳамчун табиб шуҳратёр гардидааст. Дар бораи шаъну шуҳрат ва мавқею мартабаи Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илми пизишкӣ Алиасғари Ҳалабӣ чунин гуфтааст: «Пизишкӣ набуд, онро Буқрот (460-377 пеш аз милоди Масеҳ, муарраби Гиппократ Hippocrates, Ἱπποκράτης – А.К.) ба вуҷуд овард, пизишкӣ мурда буд, онро Ҷолинус (129-200, муарраби Гален Galenus, Γαληνός – А.К.) зинда кард, пизишкӣ пароканда буд, онро Закариёи Розӣ (865-925, лотинишудаи Abubater ва Razes – А.К.) фароҳам овард, пизишкӣ ноқис буд, онро Бӯалии Сино (980-1037, лотинишудаи Avicenna – А.К.) комил кард».
Манбаи асосии ҳаёту осори Муҳаммад Закариёи Розӣ асосан дар «Феҳрасу-л-улум»-и Абулфараҷ Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исҳоқ ан-Надим ал-Варроқ ал-Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Надим (909-999), «Мизону-л-ҳикма»-и Абулфатҳ Абдурраҳмон Мансу-ри Хозинӣ (1077-1155), «Татиммат сивон ал-ҳикма»-и Алӣ ибни Абулқосим Зайди Байҳақӣ (1105-1169), «Ал-мабоҳису-ш-шарқия»-и Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар ибни Хатиб ал-Ҳусайн ат-Тайми ал-Бакрӣ ат-Табаристонӣ Фахруддин ар-Розӣ (1149-1209), «Китоб ихбору-л-уламо би ахбори-л-ҳукамо»-и Ҷамолуддин Абулҳасан Алӣ ибни Юсуф ибни Иброҳим Шайбонии Қифтӣ, маъруф ба Ибни Қифтӣ (1172-1248), «Уйуну-л-анбо фӣ-табақоти-л-атиббо»-и Муваффақуддин Абулаб-бос Аҳмад ибни Қосим ибни Абиусайбиа ибни Халифа ибни Юнус ас-Саъдӣ ал-Хазраҷӣ, маъруф ба Ибни Абиусайбиа (1203-1270), «Китаб вафоёту-л-аъён ва анбо абноу-з-замон»-и Шамсуддин Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Абубакр ибни Халликон ал-Бармакӣ ал-Ирбилӣ аш-Шафиъӣ, маъруф ба Ибни Халликон (1211-1282) собит гардидааст.
Албатта, дар асоси сарчашмаҳои фавқуззикр муҳаққиқони мухталиф аз қабили Юлиус Фердинанд Руска (1867-1949), Маҳмуд Наҷмободӣ (1904-2001), Убайдулло Исроилович Каримов (1920-1997), Маҳдии Муҳаққиқ (тав. 1930 м.), Парвиз Азкоӣ (1939 м.), Мусо Диноршоев (1934-2020), Алиқул Девонақулов (1928-2010), Тоҷиддин Мардонӣ (1947-2024), Ғаффор Ашуров (1930-2001), Баҳром Қурбонов (тав. 1965), Сабоҳат Ҳайдарова, Нигина Махсумзода ва дигарон таҳқиқоти арзишманде ба мерос гузоштаанд. Мутаассифона, дар нишон додани санаи дақиқи таваллуду вафоти ӯ тибқи солшумории милодии григорианӣ иштибоҳ роҳ ёфтааст, ҳоло тарзи дурусти онро тибқи солшумориҳои гуногун дар ҷадвали зерин нишон хоҳем дод:
Нуктаи дигаре, ки қабл аз муқоисаи охирин лаҳзаҳои ҳаёти ду абармарди дунёи мутамаддин Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Леонард Эйлерро пешорӯи шумо - хо-нандагони арҷманд хоҳем гузошт, нишон додани ақидаи нодурусте аст, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ гӯё атеист будааст. Албатта, ӯ аз бузургтарин намояндаи фалсафаи асҳоби ҳайуло буд. Лекин дар бораи «даҳрият» («атеистмаобӣ»)-и Муҳаммад Закариёи Розӣ гуфтани як нуктаи ҷолиб бамаврид ва ҳикматпазир хоҳад буд. Ҳанӯз аз замони зиндагиаш Муҳаммад Закариёи Розиро ба «бединӣ», «мулҳидӣ», «атеистмаобӣ» ва «бидъат» таъна мекарданд. Агарчанде ӯ воқеан яке аз барҷастатарин намояндаи фалсафаи «асҳоби ҳаюло» ба шумор меравад, вале Худоро инкор накардааст ва дар қоилияти панҷгонааш ҳамешагии Худо чунон тасдиқу эътироф карда мешавад, ки тамоми динҳои тавҳидӣ абадияти Ӯро чунон эътироф кардаанд. Аз номгӯи осори ӯ ба хубӣ ҳадс зада мешавад ва мантиқан натиҷабардорӣ карда мешавад, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ ба ҳеч ваҷҳ Худоро инкор накардааст.
Дар радди ақидаи онҳое, ки Абубакр Муҳаммад Закариёи Розиро ба бехудоӣ туҳмат мезаданд, ин ҷо овардани номи чанде аз осори илоҳиётшиносии ӯ кофист, то туҳматномаи эшон ботил шуда бошад:
1. «Китоб андар ин ки инсонро Халлоқи Ҳакиму Ко-миле ҳаст».
2. «Андар зарурати даъвати пайғамбар алайҳи онҳое,
ки нубувватро дашном мекунанд».
3. «Андар имомон ва имомат».
4. «Андар имомат».
5. «Андар имомат алорағми ал-Кийёл». Киёл – номи шахс, донишманди ҳамзамони Муҳаммад Закариёи Розӣ, ки дар фаҳмиши масъалаи имомат мухолифақидаи Розӣ будааст.
6. «Китоб андар пайғамбарие, ки «лағви адён» ме-кунад».
7. «Андар ҳияли пайғамбарони дурӯғин, ки «пайғамбартарош» номида мешаванд».
Танҳо аз унвони ин таълифот бо возеҳият бармеояд, ки Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ бар панҷгонаи қоилияташ ба Халлоқи Ҳакиму Комил комилан муътақид будааст. Ва ҳамчунин аз мутолиаи номи ин осор алайҳи ин ақидаи ботил, ки гӯё Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ пайғамбариро эътироф намекард, бармеояд, ки ӯ маҳз пайғамбарони козибро эътироф намекард. Дар ҳама давру замон мардуми сустаносире ёфт мешаванд, ки бинобар заифии имон ва адами дониш бар андак сеҳру ҷоду (гипноз) ва ё ҳилаҳои мардумфиребонае гаравида, баъзе афродро муқаддас эълом медоранд ва ҳатто дар радифи пайғамбарон ҷой медиҳанд, ки сафаҳоти таърихи инсоният аз зуҳури чунин “муъҷизот” моломол аст...
Ва чунон ки бо суҳулат мушоҳада шуд, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ воқеан ҳам ин рукни тавҳидро на танҳо инкор накардааст, балки баръакс, ҳақиқати онро бо далоили зиёд, ки ҳар кадом ба манзалаи китоби воҳидест, собит намудааст.
Агарчанде «муллочаҳое», на муллоҳои воқеан донишманд (вақте сухан дар бораи танқиди «мулло» ме-равад, танҳо ҳамон «муллоҳое», ки сустаносиранд, чунин танқидҳоро ба худ мекашанд, аммо муллоҳои воқеан донишманд ба монанди фозили фарҳехта шодравон Боқизода, ҳеч гоҳ ба зудранҷӣ ва худкашӣ роҳ намедиҳанд, балки ҳамфикри танқидҳои одилонаанд, ки ин масъалаест дигар) «атеистон»-ро дузахӣ фатво мекунанд, ин ҳама дар чаҳорчӯбаи фаҳмишу идроки ҳосилкардаи худашон ҳасту халос, на ҳақиқати мутлақ. Ҳақиқати мутлақро ба таъбири Хоҷа Ҳофиз («Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт») ва ба қавли Ҳоҷӣ Хайём («Асрори азалро на ту дониву на ман») бигӯем, касе ҳукм карда наметавонад, ки кӣ дӯзахӣ ҳасту кӣ биҳиштӣ, ба ибораи мардум касе фолбинӣ карда наметавонад, ки киро ҷаннат интизор ҳасту киро ҷаҳаннам ва ё, кӣ аз Худо баргаштаасту Худо аз кӣ баргаштааст? Дар ин маврид шоир бисёр хуб ва ба маврид чунин сарводасароӣ кардааст:
Аз Худо баргаштагонро кор чандон сахт нест,
Сахт кори ӯ бувад, к-аз ӯ Худо баргаштааст.
«Аз Худо баргаштагон» фаразан ҳамон атеистон бошанд, ки дар чаҳорчӯбаи донишашон чунин мегӯянд, аммо чандон сахт набудани корашон чунин маънидод мегардад, ки новобаста аз ҷаҳонбинии атеистиву фалсафию илоҳиётшиносиашон метавонанд, шахсони баин-соф, адолатпеша, бовиҷдон ва рострав бошанд. Ҳамин адолатпешагӣ ва бовиҷдониашон боис гардидааст, ки шоир оқибати кори онҳоро «чандон сахт нест» гуфтааст.
«Худобаргаштагон» онҳоеанд, ки агарчанде аркони шариатро расмӣ иҷро мекунанд, лекин дар рафтору гуфтору пиндорашон натанҳо худи инсоф, балки бӯи инсоф ҳам вуҷуд надорад. «Худобаргаштагон» онҳоеанд, ки аз хӯрдани ризқу рӯзии мардуми бечора ва ятиму бенаво заррае ҳарос надоранд, ҳол он ки аз хӯрдани ҳаққи ҳама кас – нодору тавонгар канорагирӣ даркор аст. «Худобаргаштагон» онҳоеанд, ки дар вуҷуди хабисашон заррае инсоф вуҷуд надорад. «Худобаргаштагон» онҳоеанд, ки дар забон зикри Худову расул, вале қалбашон пур аз фанду фиреб ва дар мағзашон ба ғайр ҳисси танпарастиву молпарастӣ чизи дигар ҷой нагирифтааст...
Дар таърихи башарият аз Одам то ба ин дам ҳастанд онҳое, ки ислом доранду инсоф надоранд ва ё баръакс инсоф доранду ислом на.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳикмати асосӣ, яъне ҷавҳари фалсафии ҳамаи динҳо адлу инсоф, раҳму шафқат, ақлу адаб мебошад. Агар ин мазмунро дар шакли сарводасароӣ баён созем, он гоҳ онро бо чунин мисраъҳое, ки банда замоне ба озмуни татаббуи шеъри Беранги Кӯҳдоманӣ навишта будам, чунин бояд гуфт, ки:
Аз соли нав маяндеш, шояд ки он хуш ояд,
Хуршеди рафта аз кӯҳ ҳар субҳдам барояд.
Булбул чу менахонад, бар шохсори мурда,
Дар боғи тирхӯрда, оҳу, бале, назояд.
Навмед менашав ту, аз ёри бозрафта,
Навмед агар набошӣ, хуршеди ту барояд.
Биншин ту дар баҳорон, бо ёди ёди ёрон,
К-он ёри бозрафта, доманкашон биёяд.
Исфандиёру Рустам, ҳарчанд буда ёрат,
То худ нахоҳӣ бар худ, оре, дигар наояд.
Бо халқ менапояд золим, агар шаҳаншост,
Кофар чу адл дорад, бо халқ мебипояд.
Чун гуфта менатонӣ, он чӣ ки менахоҳӣ,
Бояд набояд онро, чун боядаш набояд.
Абдулҳай ин муаммо, ҳарчанд боз карда,
Мушкилкушои он ку, ё доваре, ки бояд.
Агарчанде бар гардани ҳакими тавоно, пизишки воломақом, табиатшиноси барҷаста Муҳаммад Закариёи Розӣ тавқи «атеистӣ»-ро новобаста ба эътиқоду эътирофаташ бар Худованд, илҳоқ кардаанд, бояд гуфт, ки осори фалсафиаш саршори ҳикматҳоест, ки лабрези инсофанд. Ногуфта аз он ки осори илмӣ ва тиббиаш кори миллионҳо ниёзмандону корафтогонро сабук кардаасту сабук кардан дорад...
Ниҳоят барои аз мақсад дур нарафтан бармегардем бар баёни матлаб. Дар ҳаёт, дар рӯзгори одамони наҷиб баъзе монандиҳои аҷиб ба чашм мерасад, ки чунин монандиро дар поёни рӯзгори Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Леонард Эйлерро қиёс хоҳем кард.
Дар нимаи дуввуми асри IX ва чаҳоряки аввали асри X ҷомеулулуми бузурги тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ (865-925) ва дар асри XVIII донишманди дараҷаи аввали замони хеш Леонард Эйлер (1707-1783) рӯзгори пурмоҷарое ва монанде доштанд. Масалан, Закариё Розӣ, дар илми тибб натанҳо дар замонааш донишманди рақами аввал буд, балки то ҳоло аз чаҳор табиби маъруфи олам сеюм (якум Буқрот, дуюм Ҷолинус ва чаҳорум Бӯалии Сино) ҳисобида мешавад.
Дар илми кимиё яке аз асосгузорони илми кимиё қаламдод шудааст, дар физика асосгузори физикаи амалии форс-тоҷик ва дар фалсафа, яке аз файласуфони бузурги инсоният ҳисобида мешавад, ки дар кимиёву физикаву фалсафа донишманди қадри аввали замонааш буд. Бо бисёре аз донишмандони замони худ дар баҳсу мунозара, ба забони илмии имрӯза дар танқиду тақриз буд.
Муҳаммад Закариёи Розӣ дар поёни умраш, бино бар нишондоди сарчашмаҳо бо сабабҳои хондан ва навиштани зиёд, дар натиҷаи истифодаи барзиёди боқило, аз сабаби бар болои чашмаш афтидани китоб (китобро ба боло монда хонда хоб мекардааст, то мабодо хобаш барад, китоб афтода бедораш кунад ва хонданро идома диҳад) комилан кӯр мешавад. Боқии асарҳояшро бо чашмони шогирдонаш мехондаасту бо дасти эшон китобҳои лозимаро менавиштааст. Дар хондану навиштан ба ӯ бештар аз ҳама яке аз шогирдонаш, ки аз Табаристон ба зиёраташ ба шаҳри Рай омада буд. Роҷеъ ба саволи шогирдони содиқаш, ки шояд чашмонаш ба ҷарроҳӣ ниёз дошта бошанд ва онҳо омодаи табобати чашмони устодашон ҳастанд, чунин посух медиҳад: «...Мурғи аҷал бар қасди ҷонаш парвоз кардааст ва намеарзад, ки дар поёни умраш худро дучори ранҷу шиканҷа гардонад». Ва бадин минвол бо чашмони шогирдон хондану бо дасти онҳо навиштани афкораш ӯро қонеъ мекард.
Роҷеъ ба саволи душманонаш, ки нобиноии чашмонаш гӯё нодурустии ақоидаш мебошад, чунин посух медиҳад: “...Чашмони ман нобино нашудаанд, балки аз дидани дидори шумо хаста шудаанд!”.
Ҳоло мухтасари поёни кори бузургтарин риёзидо-ни асри XIX, ба қавли Пер-Симон Лаплас (1749-1827), устоди ҳамаи риёзидонони нимаи дуюми асри XIX – Ле-онард Эйлерро ба ёд меорем. Дар соли 1771 дар ҳаёти Леонард Эйлер 2 ҳолати нохушӣ рӯй дод. Моҳи май дар Санкт-Петербург, дар он мавзее, ки Эйлер зиндагӣ дошт, сӯхтори бузурге ба амал омад, ки дар натиҷа хонаи ӯ бо ашёаш сӯхт. Хушбахтии олим дар он буд, ки каме пештар аз ҳодисаи сӯхтор ба хонаи ӯ косибе бо номи Пётр Гримм аз ватанаш Базел ба меҳмонӣ омада буд ва Эйлерро маҳз ҳамин Пётр бо ранҷу азобе аз марги сӯхтор наҷот дод. Боз хушбахтии дигари олим дар он буд, ки қариб ҳамаи дастхатҳояш ҳам аз сӯхтор эмин монданд. Охирҳои тобистон Эйлер ба бемории шадиди чашм гирифтор шуд, ки сентябри ҳамон сол чашмпизишки машҳури олмонӣ Вентсел, ки низ ба Петербург омада буд, чашми чапи ӯро ҷарроҳӣ кард. Пас аз ҷарроҳӣ чашмони Эйлер боз хуб медиданд, вале табиб ӯро муддати мадиде аз хондану навиштан ва ҳатто аз рӯшноиро нигоҳ кардан манъ карда буд, то ки чашмонаш оҳиста-оҳиста барқарор гарданд. Аммо олими беқарор нахондану нанавиштан наметавонист ва ӯ зуд ба корҳои илмиаш машғул шуд, ки дар натиҷа, ин дафъа, чашмонаш тамоман кӯр шуданд.
Леонард Эйлер фаъолияти илмии боқии умрашро ба воситаи чашму гӯши шогирдону мухлисон ва дӯстону меҳмононаш давом медодааст. Дар ин кор, хусусан, дар соли 1773 бо тавсияи Даниил (Дониёл) Бернулли яке аз шогирдони ӯ, бо номи Николаус Фусс (Николай Иванович) низ аз Базел ба Санкт-Петербург ба зиёрати устодаш омада буд, то ёрии худро расонад. Сафари Николаус Фусс ба Петербург барои Леонард Эйлер бахти калон буд. Дар давоми 10 соли охири ҳаёташ (то дами марг) Эйлер бо чашмони Николаус Фусс мехонду бо дастиӯ менавишт. Ҳар саҳар Фусс барои Леонард Эйлер аввал рӯзномаҳои нав ва мактуботи ирсолшударо мехонду баъд баъзан мақолоти риёзиро. Боз Фусс қайду эродҳои Эйлерро гӯш мекарду бо супориши устодаш баъди 2-3 рӯз ислоҳшудаашро оварда қироат мекард...
Ин буд шаммае аз вопасин лаҳзаҳои умри ду тан аз донишмандони овозадори олам Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Леонард Эйлер.
Абдулҳай КОМИЛӢ,
профессор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...