Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР»-И ПЕШВОИ МИЛЛАТ - СИТОИШГАРИ БУЗУРГОНИ МИЛЛАТ


«ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР»-И ПЕШВОИ МИЛЛАТ - СИТОИШГАРИ БУЗУРГОНИ МИЛЛАТ




“Чеҳраҳои мондагор”. Ин китобест, ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи авроқ оварда шудааст. Китоби мазкур дар асоси осори илмиву таърихӣ эҳдо ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  тавонистаанд,  ки  он марворидҳои  парокандаро  бо  ҳам  оварда,  кохи  нуреро дар фарҳангу адабиёт ва таърихи халқи тоҷик ба хонандаи закӣ пешкаш намоянд. Пешвои миллат дар  китоби  «Чеҳраҳои  мондагор»  тавонистаанд  30 нафар мардони абарқудрат, муборизони роҳи озодӣ, бунёдгузорони  фарҳангу  миллат,  бузургтарин  марди ҷаҳон ва Паёмбари дини барҳақ Муҳаммад (с) факту далелҳои аниқ оваранд.

Яке аз ин чеҳраҳои мондагор марди бо хираду заковат, шуҷову далер, оқилтарин ва боинсофтарин шоҳ Куруши Кабир мебошад. Ӯ бо фазлу дониш ва бузургиву хирадаш дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофариву давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи олам гаштааст.

Эъломияи  Куруш  бошад,  аз  нахустин  Эъломияи  ҳуқуқи  башар  эътироф  шудааст,  ки  аз  фарҳанги ориёӣ ва ахлоқи инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин Эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур  аст,  дар  осорхонаи  Британия  маҳфуз  аст. Матни ин Эъломия бо хат ва забони бобулӣ навишта шудааст, ки тарҷумаи онро ба тоҷикӣ-форсӣ оли-ми шинохта П. Ҷамшедов ба табъ расонидааст. Мазмуни  пурраи  Эъломияро  аз  китоби  Пешвои  миллат «Чеҳраҳои мондагор» (саҳифаи 22-юм) ба табъ расо-ниданиам,  ки  аз  аҳамият  холӣ  нест: «Манам  Куруш,  шоҳи  шоҳон,  шоҳи бузург,  шоҳи  неруманд,  шоҳи  Бобул, шоҳи Сумер ва Акад, шоҳи чаҳор мамлакат,  писари  Камбузия-шоҳи  бузург, навасаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати абадӣ, ки салтанаташ мавриди  худоён  ва  ҳукуматаш  ба  дилҳо наздик аст. Вақте ки бе ҷангу ҷидол вориди  Бобул  шудам,  ҳама  мардум қудуми  маро  ба  шодмонӣ  пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири  салтанат  нишастам.  Мардак худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. 

Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре  ба  мардуми  ин  шаҳру  ин  сар-замин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул  ва  амокини  муқаддаси  он  қалби маро  такон  дод.  Фармон  додам,  ки ҳеҷ  як  аз  хонаҳои  мардум  хароб  нашавад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд  ва  ман,  ки  Куруш  ҳастам  ва  ба писарам  Камбузия  ва  тамоми  лашкари ман роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳамаи мамлакати  олам  дар  сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёипоин ва подшоҳони ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул дар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шом ва Акад ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим  бино  шудаанд,  маобидеро,   ки баста  шуда  буд,  бикушоянд.  Ҳама  худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ бар-гардонам,  то  ҳамеша  дар  он  ҷо  муқим бошанд.  Аҳолии  ин  маҳаллаҳоро  ҷамъ кардам  ва  манзили  онҳоро,  ки  хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки  “шодии  дил”  ном  дорад,  баргардондам.  Сулҳу  оромишро  ба  тамоми  мар-дум ато кардам».

Эъломияи Куруши Кабир дар ҳаёти инсонӣ падидаи нави сиёсию фарҳангӣ буд,  ба  халқҳои  мағлуб  озодӣ  ва кафолатҳои ҳуқуқӣ медод.

Куруш  мисли  шоҳони  пешин минтақаҳои  мағлубшударо  ғуломи  худ эълон  накарда,  барои  инсондӯстии бемисл  нишон  дода,  ба  онҳо  озодиро  кафолат  медод.  Куруш  пеш  аз муҳорибаҳояш барои кафолати амният, озодӣ  ва  ба  шартҳои  имтиёзнок  бастани  сулҳро  пешниҳод  мекард,  яъне бо  роҳи  дипломатӣ.  Танҳо  дар  сурати қабул нашудани пешниҳодҳояш даст ба ҷанг мезад. Баъди ғолиб баромаданаш кӯшиш мекард, мағлубонро беҳуда озор надиҳад ва иззати нафеи онро паст назанад.  Ӯ  подшоҳони  ба  асирафтодаро мебахшид.  Ба  ин  мисол  шуда  метавонанд  шоҳи  Лидия  Крез,  шоҳи  Кобул Набонид  ва  мисоли  онҳо.  Дар  ҳайати империяи ӯ қариб 70 қавлу халқиятҳои гуногун  муттаҳид  буданд,  ки  ба  ҳамаи онҳо баробарҳуқуқиро ато карда буд.

Мо  бояд  аз  таҷрибаи  давлатдории  Куруш  ибрат  омӯзем,  ҳамаҷониба омӯзем,  зеро  сохтори  давлатии Ҳахоманишиён яке аз муҳимтарин тарзи ҳукуматҳои императории аҳди бостон ба шумор меравад. Ӯ тавонист чандин кишвар  ва  халқҳои  ориёиро  дар  ҳайати  як давлат  муттаҳид  созад,  барои  инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо нақши муҳимро бибозад.

Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ин  хусус  гуфтааст:  «Омӯхтани  рӯйдодҳои  таърихиву фарҳангӣ,  зиндагиномаи  шахсиятҳои сарсупурдаи  миллат  ва  чеҳраҳои  баргузидаи  илму  адаб  имкон  медиҳад, ки  решаҳои  худро  аз  гузашта  дарёфт намоем,  бо  онҳо  пайванд  доштани хешро  эҳсос  карда,  ба  хотири  номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав  зинда  гардонем  ва  ба  фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем».

Хулоса, 2500 сол пеш аз ин Куруши Кабир амоли инсондӯстонае содир кард, ки  мислаш  дар  таърихи  давлатдорӣ дида  нашуда  буд.  Ӯ  эълон  карда  буд: «Ҳар  кас  дар  интихоби  дин  озод  аст. Одамон  метавонанд  кадом  мазҳаб  ва динеро, ки ба он эътиқод доранд, кабул намоянд,  барои  худ  касб  намоянд,  ба шарте, ки ҳуқуқи дигаронро поймол нанамоянд».

То замоне, ки китобҳо мавҷуданд, гузашта боқӣ мемонад.

Тоҳирҷон ЮЛЧИЕВ,
омӯзгори МТМУ №31-и ноҳияи Кӯшониён

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода