Ворух танҳо нест!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 951
Вазъияти марзие, ки чанд моҳ пеш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири Ворух ба вуқуъ пайваста буд, дуюмбора муноқишаи хунинро ба бор овард. Бинобар иттилои мақомот даргирие, ки шоми 27-уми январи соли равон миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар сарҳади шаҳри Исфара ва вилояти Бодканди Қирғизистон ба амал омад, сабаби марги ду тоҷик гардид.
Дар равиши муноқишаҳои сарҳадӣ нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ”-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара, ки барои расонидани кӯмаки аввали тиббӣ ба захмбардоштагони ғайринизомӣ рафта буд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз бо миномёт тарконида шуд. Дар натиҷа Абдулатиф Шарифов - ронандаи нақлиёти мазкур дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҳамчунин, Обидҷон Тӯйчиев, сокини ҷамоати Хоҷа Аълои шаҳри Исфара дар натиҷаи таркиши тири миномёти марзбонони қирғиз дар хонаи истиқоматиаш ҷон бохт.
Мардуми Қирғизистон бо баҳона ва далелҳои беасоси худ дар расонаҳои дохилию хориҷӣ даҳҳо паём гузошта истодаанд, ки гӯё бегуноҳ ҳастанд. Вале ба ҳамагон маълум гардид, ки тарконидани мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ки ба хотири кӯмак роҳсипор шуда буд, аз мақсади палидонаи онҳо дарак медиҳад.
Тибқи гуфтаи мардуми вилояти Бодканд гӯё марзбонони тоҷик роҳи байни ин ҷамоатро ба маркази шаҳри Исфара бастаанд ва ин сабаб гаштааст, ки марзбонони қирғиз ба ҷониби марзбонони тоҷик оташ кушоянд.
Бо вуҷуди гуфтушуниди роҳбарияти вилояти Суғду Бодканд дар хусуси ором намудани вазъи сарҳадӣ ва бе хунрезӣ гирифтани пеши роҳи ин муноқишаи марзӣ, марзбонони қирғиз ором наистода, ҷониби марзи тоҷик оташ кушоданд. Дар хусуси куштор ва захмӣ намудани марзбонону мардуми маҳаллии тоҷик, сарҳадбонон ва онҳое, ки оташ кушоданд, бояд ҷавоб гӯянд. Ворух танҳо нест!
Ҷасури Қиёмиддин, “Хатлон”