Даргузашти Далер Лоҳутӣ, писари Абулқосим Лоҳутӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 831
Далер Лоҳутӣ, писари шоири пуровозаи Тоҷикистону Эрон Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзи 27-уми январ, дар Маскав, дар синни 88-солагӣ, бар асари беморие, ки дошта даргузашт.
Далер Лоҳутӣ, 26-уми апрели соли 1934 таваллуд шудааст. Доктори илмҳои техникӣ, профессор буд. Ӯ мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши сунъӣ, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумони варзида буд. Муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ буд.
Ду сол пеш, дар моҳи ноябри соли 2020 писари дигари Лоҳутӣ, Гив Лоҳутӣ, низ дар 85-солагӣ дар Маскав даргузашта буд.
Дар ҳоли ҳозир, ягона духтари Лоҳутӣ, дуктур Лайло Лоҳутӣ, эроншиноси варзида ва тарҷумонӣ номӣ боқӣ монда, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад.