Ҷоми ФФТ. «Хатлон» нахуст бо «Кӯшон» бозӣ мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 759
Дар шаҳри Бохтар маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин бозиҳо дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар як зергурӯҳ бо дастаҳои “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Арал”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Пахтакор”-и Қубодиён, “Кӯшон”-и Кӯшониён ва “Ҷиликӯл”-и Дӯстӣ рақобат мекунад. Мувофиқи қуръакашӣ дастаи “Хатлон” бозии нахустини худро бо дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи 29 январ, соати 11:00 оғоз мегардад. Бояд гуфт, ки ҳамаи бозиҳои марҳилаи аввали Ҷоми ФФТ дар минтақаи Бохтар, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор мегарданд.Д. Ибодуллозода, «Хатлон»