Ғазали Сада
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 737
Рӯзе, ки вошикофем рози камоли оташ,
Ёбем сурхрӯӣ мо ҳам мисоли оташ.
Ҷашни Сада чу Ялдо дарсе зи худфурӯзист,
Ҳатто, ки ишқ дорад бо худ ҷамоли оташ.
Хуш ҳоли он диле, ки аз сӯзи хеш ёбад
Боле чу боли оташ, ҳоле чу ҳоли оташ.
Хуршедро чу донак ҳар шом мегузоранд
Дар хок, то бирӯяд аз он ниҳоли оташ.
Монанди мост шоир, аммо ба як тафовут:
Бо шеъри нур нозад табъи зулоли оташ.
Кас раҳнамои худро чун медиҳад ба куштан?!
Шармандаам ҳамеша аз ин суоли оташ.
Озар Сали