Сада баёнгари арзишҳои миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 964
Одамони аз қадим то имрӯз ба чор унсури ҳастӣ - об, ҳаво, хок ва оташ эътиқоди махсус доштанд ва доранд. Мардум ба хубӣ медонистанд, ки то чӣ андоза оташ ва хуршед дар зиндагии онҳо мавқеи муҳим дорад. Аз ин ҷост, ки қавму қабилаҳои гуногун ба хуршеду оташ эътиқоди махсус доштанд.
Аз ҷумла, мардуми форс-тоҷик низ доир ба ин унсур устураи махсус дорад. Онҳо дар чунин эътиқод буданд, ки хуршед низ ба монанди тамоми мавҷудоти дигар таваллуд мешавад ва мефавтад. Мутобиқи боварҳои мардумӣ дарозтарин шаб ин вилодати хуршед ва анҷоми тирамоҳ қабл аз оғози зимистон ин фавти хуршед аст. Шаби дарозтаринро шаби чилла ё шаби ялдо меномиданд. Калимаи ялдо ин суриёнӣ буда, маънояш таваллуд аст. Гузаштагони мо ин шабро бо номи шаби ялдо ва шаби чилла ҷашн мегирифтанд. Сада аслан калимаи авестоӣ буда, яке аз маъноҳои он пайдо ва намоён шудан, ба хусус падид омадани хуршед аст. Ба маънии дигар метавонем Садаро чунин баён кард, ки пирӯзии пурраи гармо бар сармо мебошад.
Дар ин рӯз мардумон оташи зиёд меафрӯхтанд. Дар бораи Ҷашни Сада бузургони илму адаб Берунӣ, Байҳақӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Низомӣ ва дигарон дар асарҳои худ ёдовар шудаанд. Бо мурури замон Сада бо ин ном дар байни мардум мавқеи махсусро ишғол намуд. Дар замони Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиён, Сосониён ва дигар гузаштагони мо Сада мавқеи намоён дошт. Бо гузашти вақт хуршед, равшании он ва оташ ба оини зардуштӣ роҳ пайдо карда, яке аз рукнҳои он гардид. Ориёиҳо, яъне гузаштагони мо ҳангоме, ки Худоро ибодат мекарданд, ба тарафи хуршед менигаристанд. Аммо агар шаб мехостанд, ки ибодат кунанд, оташ фурӯзон мекарданду ниёиш менамуданд.
Ҷашни Садаро ҳангоми давлатдории Сомониёну Ғазнавиён ва дар дигар манотиқи ориёнишин бо як шукӯҳу шаҳомати махсус ҷашн мегирифтанд, ки нишонаҳои он то замони мо омада расидааст. Ҳамин буд, ки пас аз Истиқлоли давлатии ҷумҳурии азиз дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада таваҷҷуҳи бештаре дода шуд. Метавон чунин гуфт, ки ҷашну оинҳои миллӣ ҳамеша дар зери нигоҳбонии сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Президенти кишвар кӯшиш ба он доранд, ки ин ҷашну оинҳо эҳё шаванд, то ҷавонону наврасон аз он бохабар бошанд.
Вобаста ба ин, ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳамияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон оид ба ҷашни Сада мақолаҳо, шеърҳо ва китобҳо нашр шуда истодаанд.
Муҳаққиқон А. Раҳмонзода, Р. Аҳмадов, М. Ҳазратқулов, Р. Раҳмонӣ, Д. Раҳимов ва дигарон дар рисолаву мақолаҳои худ доир ба ин ҷашн андешаҳои худро баён намудаанд.
Абубакр Давлатов,
ассистенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносии
ДДБ ба номи Носири Хусрав