Конференсияи илмӣ-назариявӣ ба муносибати иди Сада дар донишгоҳ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 040
Дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣназариявӣ бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид, ки дар он Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия, Ҷӯрабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, деканҳои факултетҳо ва омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар оғоз Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия конференсияро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Сада иди миллии халқи тоҷик буда, ҳамагонро ба оромию осоиштагӣ, бародарию баробарӣ, дӯстию рафоқат, ҳамдилию меҳрубонӣ ва бунёдкорию сабзгардонӣ даъват мекунад. “Боиси саодатмандии тамоми мардуми тоҷик аст, ки ҷашни бузурги аҷдодӣ – Сада маҳз тавассути раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, имрӯз ба як маросими ҳамдиливу ваҳдати миллии сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст”- қайд гардид дар конференсия.
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, дар мавзӯи “Ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад”, Файзиддин Наботов, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дар мавзӯи “Сада-ҷашни қадимаи халқи тоҷик”, Муродгул Қурбонова, омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик, дар мавзӯи “Эҳёи ҷашни Сада дар даврони соҳибистиқлолӣ” ва Раҷабалӣ Худоёрзода, директори Маркази илмӣ-тадқиқотии “Мавлоношиносӣ”, дар мавзӯи “Сада ҳам муждае аз Наврӯз аст” маърӯза намуданд.
Гуфта шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд.
Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Комрони Бахтиёр, «Хатлон»