Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Тушбераро хом шумурдаанд


Тушбераро хом шумурдаанд




Ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз вазъият тезутунд гаштааст. Дар маҳаллаи Сомониён ҳамсояҳо-шаҳрвандони Қирғизистон боз ба иғвогариҳо сар карданд. Мошинҳои мо сангборон мешаванду ҳарбиёни қирғиз ба ҳама ин бенизомиҳо чашм мепӯшанд. Расонаҳои Қирғизистон ба ҷойи он, ки сабаби асосии муноқишаи навбатиро гӯянд, ҷониби Тоҷикистонро дар бастани роҳ ва оташфишонӣ айбдор мекунанд.

Ҳарчанд мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои ғайрирасмӣ низомиёни Тоҷикистон танҳо баъди як соати тирпаррони аз ҷониби Қирғизистон ба кушодани оташ маҷбур шудаанд. Албатта, иғвогарии навбати аз ҷониби ҳамсояҳо ташкил шуда буд. Сабаб дар ҳадафи ҳамсояҳо, ки ба қитъаи навбатии замини тоҷикон даъво доранд. Аз ин хусус ҳанӯз моҳи ноябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов лаб кушода буд. Ҳамсояҳо бе ҳеҷ асос китъаи замини 275-метраро, ки ба онҳо Тоҷикистон ба муҳлати 49 сол иҷора додааст, азони худ мешуморанд.
 
Дар ҳама харитаҳо, аз ҷумла харитаи охирини давраи шӯравӣ, ки худи Қирғизистон ҳангоми гуфтушунид доир ба аломатгузории сарҳади ду кишвар ба он такя мекунад, ҳавзаи дарёи Исфара ва замини атрофи вай дар байни деҳаҳои Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизистон ҳудуди Тоҷикистон нишон дода шудааст. Аммо Содир Ҷабборов моҳи ноябр собиқ раиси Шӯрои амнияти кишвараш Адахон Мадумаровро барои имзои протокол дар бобати иҷора айбдор карда гуфта буд, ки ин замин ба Қирғизстон тааллуқ дорад. Яъне, иғвои навбатӣ дар назар буд. 
Ҳарчанд моҳи майи соли 2021 низомиёни қирғизир дар натиҷаи задухӯрдҳое, ки бар асари муноқиша дар назди сарбанди «Головная» ба амал омада буданд, сахт саркӯб шуданд, ба онҳо вай шикаст сабақ нашудааст. Шояд гумон кунанд, ки онҳо омодагии зиёд диданд, муҷаҳҳаз гардиданд, хатто «Байрактарҳо»-ро аз Туркия харидорӣ карданд, тавоно гаштаанд ва бовар дошта бошанд, ки бо роҳи истифодаи қувва ин минтақаро ба даст меоранд. Гумон дорам, тушбераро хом шумурдаанд. Тоҷикон таҳаммулпазиранд, вале косаи сабрашон лабрез шудааст. Содир Ҷабборов ва Камчибек Тошиев ҳеч андеша намекунанд, ки тоҷик аз мулки худаш ҳеҷ куҷо намеравад.
 
Магар хуб нест, ки ҳама масъалаҳо паси миз ҳал шаванд? Охир ҳеҷ кас барои истифодаи роҳи 275-метра монеъ нашудааст-ку! Мардуми худатонро, бародарони қирғиз, зери назорат гиред, намонед, ки иғвогари бикунанд. Ҳар гуна ҷанг оқибати бад дорад. Ҳангоме ки дар марз қувваҳои зиёди низомӣ сафарбар шудаанд, оқибати задухӯрдҳоро пешгӯйӣ кардан душвор аст. Як чи маълум аст - мардуми тоҷик замини худашро барои химоя кардан ҳама имкониятҳоро дорад. 

Неъматулло МИРСАИДОВ ,
журналист, вилояти Суғд

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода