Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар Фархор каналу заҳбурҳоро тоза мекунанд


Дар Фархор каналу заҳбурҳоро тоза мекунанд



Имрӯзҳо дар ноҳияи Фархор барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва дар мавсим сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани кишоварзон бо истифода аз 8 адад механизм тоза кардани каналу заҳбурҳо бо маром идома дорад.

Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, дар канали обрасонӣ то пойгоҳҳои обкашии мавзеи Уртабуз бояд дар масофаи 5,2 километр такшони канали асосӣ тоза карда шавад. Дар маҷмӯъ, тибқи нақшаи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, ин мавсим бояд дар масофаи 45 километр каналҳо ва 25 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шавад.

Бо ин мақсад бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯзишворӣ ва техникаи лозима дастрас гардида, заҳкаши КА-9 дар ҳудуди деҳоти Фархор пас аз солиёни зиёд аз нав тоза шуда истодааст. Масофаи ин заҳкаш дар ҳудуди се деҳот беш аз 27 км-ро ташкил медиҳад, ки имсол бояд масофаи 13 километри он пурра тоза карда шавад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода