МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат», ки бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди робитаҳои байни минтақаҳо, сармоягузорӣ ва тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони муҳими иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳои ду кишвар дар солҳои охир бо шарофати сиёсати оқилона ва натиҷабахши роҳбарони олии ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев ба сатҳи нав баромадаанд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ барои густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди муносибатҳои байни минтақаҳои ду кишвар такони ҷиддӣ бахшидааст.
Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Қазоқистон зоҳир гардид. Қайд шуд, ки вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи аграрии мамлакат имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли меваҳои тару тоза, хушкмева, сабзавот ва дигар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дорад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, бахусус меваҳои тару тоза ва хушк, бо сифати баланд, таъми табиӣ ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ миёни истеъмолкунандагони хориҷӣ маҳбубияти зиёд доранд. Дар ин замина имкониятҳои хуб барои афзоиши содирот ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ вуҷуд доранд.
Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов аз рушди босуръати вилояти Хатлон ва иқтидори бузурги иқтисодии он ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҷониби Қазоқистон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дорад. Ӯ таъкид намуд, ки барои афзоиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти босифати кишоварзии Тоҷикистон ва рушди робитаҳои мустақими соҳибкорон имкониятҳои мусоид мавҷуд мебошанд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, логистика ва ташкили намоишгоҳҳои муштараки маҳсулотро баррасӣ намуда, онҳоро самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ карданд.
Дар анҷоми мулоқот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои байни минтақаҳои ду кишвар иброз намуда, таъкид карданд, ки чунин мулоқотҳо ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳанд кард.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
26-01-2021, 14:00
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...