Маърифати экологӣ - омили рушди ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар шароити тағйирёбии иқлим ва вазъи номусоиди ҳаво, таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ба табиат ва муҳити зист рӯз ба рӯз бештар гардида, ҳифз ва нигоҳдории табиатро аз ҳар як фарди ҷомеа тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар фардро зарур аст, ки дар ҳифзи муҳити зист ҳиссагузор бошем.
Ҳамасола 5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҳифзи муҳити зист таҷлил карда мешавад. Ин сана бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти муҳити зист ва ҳифзи табиат роҳандозӣ гардидааст. Дар ин рӯз дар бисёр кишварҳо аксияҳои тозагӣ, ниҳолшинонӣ, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои маърифатӣ баргузор мешаванд.
Мутахассисони ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон аз ин иқдоммҳо орӣ набуда, бҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ тадбирҳои мушаххасро руҳандозӣ намудаанд. Шералӣ Тулфорзода, сардори шуъбаи мониторинги Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, зимни суҳбат қайд намуд: «Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 286 маротиба аксияҳои тозагии маҳал, 267 маротиба аксияҳои тозагии шоҳроҳҳо ва 246 маротиба аксияҳои тозагии соҳилҳо баргузор гардиданд. Дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби ниҳодҳои марбута, то ҳол нафароне ҳастанд, ки маърифати баланди экологӣ надошта, даст ба қонуншиканиҳо мезананд. Дар давоми панҷ моҳи соли равон нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 1618 протокол тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаҳо зиёда аз 741 ҳазору 624 сомониро ташкил дод. Ҳамаи ин маблағҳо ба буҷети давлат ворид карда шуданд».
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа, барномаи давлатии «Тарбияи маърифати экологӣ» роҳандозӣ гардидааст. Ин барнома барои рушди фарҳанги экологӣ аз зинаи боғчаҳои кӯдакона то муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои илмӣ равона шудааст.
Асоси нақша-чорабиниҳои барномаи мазкур бештар ба соҳаи маориф нигаронида шуда, ҳадафи он тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мебошад. «Агар имрӯзро бо даҳ соли пеш муқоиса кунем, мебинем, ки сатҳи маданият ва маърифати экологии ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфтааст. Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва назди муассисаҳо мардум бештар ба сабзкорӣ ва гулпӯшкунӣ таваҷҷуҳ доранд. Пештар чунин ҳолат кам ба назар мерасид.
Масалан, солҳои 2014 мо дар хиёбонҳои шаҳр гул мешинондем, вале мутаассифона, рӯзи дигар аз онҳо нишоне намемонд. Ҳоло бошад, завқи зебоипарастии мардум боло рафта, онҳо бештар ба парвариш ва нигоҳубини гулҳои мавсимӣ ва ороишӣ машғул мешаванд”, - иброз дошт Тулфорзода Шералӣ. Албатта, ин ҳама натиҷаи ҳамон суҳбату вохӯриҳо ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.
Барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ба ҳифзу нигоҳдории табиат, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ равона гардидаанд. Татбиқи чунин барномаҳо барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини зиндагии солиму бехатари ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
А. РИОЕВ, «Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...