Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «НОМИ НЕКИ ҚАҲРАМОНОН ҶОВИДОН МЕМОНАД»,


«НОМИ НЕКИ ҚАҲРАМОНОН ҶОВИДОН МЕМОНАД»,




- зери ин унвон имрӯз дар шаҳри Бохтар бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ баргузор гардид.


Дар ҳамоиши илмӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Амиралӣ Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҷамшед Самадзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшо Маҳмудов ва саромӯзгори кафедраи фарҳангшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав Раҳмонҷон Соатмуминов иштирок ва суханронӣ намуданд.



Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки пос доштани хотираи қаҳрамонони миллат, омӯзиши роҳи зиндагӣ ва ҷоннисориҳои онҳо дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбият намудани ҷавонон нақши муассир дорад.



Иштирокчиён иброз доштанд, ки маҳз шуҷоату ҷонфидоии фарзандони барӯманди миллат боис гардид, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар таҳким ёбад. Аз ин рӯ, гиромидошти номи неки қаҳрамонон рисолати ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.


Дар анҷоми конференсия миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.

Сабринаи САЙВАЛӢ, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода