ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ МАСЪАЛАҲОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ СОҲАВӢ БАРРАСӢ ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат», ки дар мавзеи таърихиву сайёҳии Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод баргузор гардид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори Агентии давлатӣ оид ба сайёҳии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Эдуард Кубатов мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байнисоҳавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби бештари сайёҳон ба ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки дар солҳои охир муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи неки роҳбарони олии ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров ба марҳилаи нави рушд ворид гардидаанд. Ин раванд барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, фазои мусоид фароҳам овардааст.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки рушди сайёҳии минтақавӣ яке аз омилҳои муҳими афзоиши ҷараёни сайёҳон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯза аксари сайёҳони хориҷӣ ба сафарҳои фарогири чанд кишвар дар як масир таваҷҷуҳ доранд. Аз ин рӯ, ташкили хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти ширкатҳои сайёҳии минтақа метавонанд ба рушди устувори соҳа мусоидат намоянд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот зикр намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳои минтақавӣ буда, тамоми ташаббусҳои созандаеро, ки ба таҳкими дӯстӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа равона шудаанд, дастгирӣ менамояд. Таъкид карданд, ки вилояти Хатлон дорои захираҳои бузурги таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ буда, метавонад дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон, барои таҳияи масирҳои ҷолиби сайёҳӣ саҳми арзанда гузорад.
Эдуард Кубатов низ аз сатҳи баланди баргузории Форум ва имкониятҳои васеи сайёҳии вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби Қирғизистонро барои рушди ҳамкориҳои муштарак, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар бахши сайёҳӣ баён дошт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, рушди робитаҳои соҳавӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди сайёҳӣ изҳор намуда, чунин вохӯриҳоро омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат» бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва доираҳои соҳибкорӣ баргузор гардида, ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мусоидат менамояд.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...