ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Шоми имрӯз, 5 июн, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини аввали раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон таъкид доштанд, ки ҳифзи муҳити зист барои зиндагии солим ва ояндаи дурахшони инсоният аҳамияти калон дорад. Қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд табиатро дӯст дорад, дарахт шинонад ва кӯчаву маҳалҳоро тоза нигоҳ дорад. Ифлосшавии ҳаво ва об ба саломатии инсон ва ҳайвонот таъсири манфӣ мерасонад. Агар ҳар як шахс нисбат ба муҳити зист ғамхорӣ намояд, сайёраи мо ҳамеша зебо ва ободу сарсабз боқӣ хоҳад монд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолони соҳа аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои дилнишин ба чорабинии бошукуҳ ҳусни анҷом бахшид.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...