Индонезия пойтахти худро кӯчонд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 831
Индонезия пойтахти нави худро Нусантара номид. Он дар музофоти Калимантани Шарқӣ дар ҷазираи Борнео ҷойгир аст. Тибқи гузориши «Голос Америки» нигарониҳои ҳукумати ин кишвар аз серодам ва зуд ғарқ шудани Ҷакарта ба зери об сар зада, боиси зарурати пойтахти нав шуд.
Ҷакарта дар заминҳои ботлоқзору наздикии баҳр ҷойгир аст, ки ин махсусан ба обхезӣ дучор мешавад.
Сохтмони пойтахти нав 466 триллион рупия (32 миллиард доллар) арзиш дошта, бояд соли 2020 оғоз мешуд. Аммо, бо сабаби пандемияи КОВИД-19, мақомот татбиқи лоиҳаро боздошт.
http://khatlon-ruznoma.tj/