Афғонистонро гуруснагӣ таҳдид мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 2 051
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва шарикон тарҳи кумак ба 28 миллион афғон - 22 миллион дар дохили Афғонистон ва 5,7 миллион паноҳандаи дигар, ки дар панҷ кишвари минтақа паноҳ бурдаанд, муаррифӣ карданд. Эҳтиёҷоти онҳо дар соли 2022 маблағи рекордии 4,44 миллиард долларро талаб мекунад.
Тибқи иттилои расмии СММ, 23 миллион нафар одамон дар ин кишвар дар вазъи гуруснагӣ қарор доранд. Кӯдаконе, ки аз сабаби гуруснагӣ бемор шудаанд, дар беморхонаҳо бистарӣ ҳастанд, омӯзгорон маош намегиранд, миллионҳо талабаҳо аз имкониятҳои таҳсил маҳруманд.
Қимати гандум ва сӯзишворӣ 40 дарсад боло рафта, 80 дарсади буҷаи як хонаводаи афғон барои таъмини рӯзгор меравад.
СММ ҳушдор медиҳад, ки Афғонистон метавонад то нимаи сол ба як кишвари фақри умумӣ табдил ёфта, 97 дарсади аҳолӣ дар ҳоли фақр қарор хоҳанд гирифт.
http://khatlon-ruznoma.tj/