Дар Ёвон “Самсунг”-ро рабуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 840
Шаби 6-7-уми январи соли 2022, тахминан соати 00:50, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии сокини ноҳияи Ёвон даромада, аз он ҷо 1 адад телевизори тамғаи “Самсунг”, 1 адад “ДВД”, 1 адад тарозуи электронӣ ва 1 адад таҷҳизоти барқиро рабудааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 550 сомониро ташкил дода, оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.
http://khatlon-ruznoma.tj/