Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Гумонбари ду дуздӣ дастгир шуд


Гумонбари ду дуздӣ дастгир шуд



31-уми декабри соли 2021, тахминан соати 23:30, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии сокини 34-солаи ноҳияи Кӯшониён ворид гардида, аз дохили ҷузвдонаш 7 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён ҷавони 23-сола, сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Гумонбари ин ҳодиса, ҳамчунин, 31-уми декабри соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи марди 27-солаи сокини ноҳияи Қубодиён даромада, аз дохили ҷузвдон 4 ҳазору 450 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Зарари расонидашуда 3 ҳазору 550 сомониро ташкил дода, оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Х. Нозимов ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес- Бенс», ки таҳти идораи ронанда Мирмуҳаммадов Қурбон Усмонович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Хуҷанд, қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Х.Р. Нозимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.

Д. Ибодуллозода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода