“Рӯзнома бояд ҳамчун силоҳи идеологӣ дар маҳалҳо хизмат кунад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 921
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб
- Аввалин ҷавоб ба ҳама саволҳое, ки бояд дода шаванд: Ҷомеа баҳри нопайдоканорест. Тасаввур кунед, ки аз рӯду баҳр то уқёнус чи чизҳо зист доранд. Яъне муҳите, ки ҳама аз мувофиқату мухолифат лабрез аст. Мо шояд аз андешаҳои нисбатан ба ҳам мувофиқ суҳбат кунем?
- Бале. Агарчи зиндагӣ пур аз тазод аст, ба қавле “дилро ба дил раҳест”. Новобаста ба баҳсу баррасиҳо ва ихтилофи назарҳое, ки гоҳе дар ҷомеаи журналистӣ сурат мегиранд (ва ин хоси ҷомеаи мардумсолорӣ низ ҳаст), фикр мекунам, бо ихтисосмандону собиқадорони матбуот оростани суҳбат сари масъалаҳои касбӣ, табодули афкор ва таҷриба, бахусус барои журналистони замони муосир бас муҳим аст.
- Пас, гӯшам ба шумост.
- Устод, «Роҳи ленинӣ», чун нашрияи дигари вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», дар замони Шӯравӣ аз ҷумлаи рӯзномаҳои бонуфузи маҳаллии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Шумо тӯли чандин сол ба ҳайати эҷодии ин нашрия, ки дорандаи мукофоти давлатии ИҶШС «Нишони фахрӣ» (соли 1983) мебошад, роҳбарӣ кардаед. Муҳимтарин дастовардҳои рӯзнома дар он айём чӣ буд?
- Рӯзномаҳо дар даврони шӯравӣ асосан тарғибгари сиёсати ҳизби коммунист буданд, яккаҳизбӣ ва яккароҳбарӣ буд. Ҳама соҳаҳо аз рӯйи нақшаҳои пешакӣ муайяншуда пеш мерафтанд, рӯзнома низ. Ба он асосан ҳизби коммунист роҳбарӣ мекард ва хубу бади маводҳои чопӣ дар доираи тарғибгарии ғояҳои ин ҳизб баҳогузорӣ мегардид. Аз ин рӯ, ба мукофоти давлатии ИҶШС – «Нишони фахрӣ» соҳиб шудани рӯзнома дастоварди бузург буд. Ёдрас карданиям, ки заҳмати рӯзноманигорӣ низ қадр мешуд, дар мисоли унвонҳо, сари вақт гирифтани ҳаққи қалам, қадр шудани беҳтарин мақолаҳо бо маблағ, ифтихорномаҳо ва ғайраҳо. Рӯзномаҳо ба нархи арзон ба таври оммавӣ, бо теъдоди зиёди қариб ба ҳама дастрас ба чоп расонида мешуданд. Масалан, соли аввале, ки ман сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» (нашрияи Кумитаи ҳизби коммунистии вилояти Кӯлоб, соли 1990) будам, теъдоди нашри рӯзнома қариб ба сад ҳазор нусха мерасид ва сари вақт ба обуначиён расонда мешуд.
Яъне дар як навбат сад ҳазор одам аз сиёсати давлатӣ ва навигариҳои рӯз дар қаламрави вилоят ошно мегардид. Ҳам рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» (ман аз соли 1981 то 1988 дар ин рӯзнома ба ҳайси муовини муҳаррир фаъолият доштам) ва ҳам «Хатлон» (аз соли 1990 то апрели соли 1993 сармуҳаррири рӯзнома будам) сари вақт, чунон ки гуфтам, ба теъдоди зиёд ба чоп мерасид ва то соати 8-и саҳар нусхаи чопии он ба шахсони аввали роҳбарикунандаи вилоят ва шуъбаи идеологӣ расонида мешуд.
Рӯзнома, обуначӣ, хонандаҳои огоҳдил ва мухбирони ғайриштатӣ ҳамеша дар робитаи зич бо якдигар амал мекарданд. Ба мухбирони ғайриштатӣ ҳаққи қалам дода мешуд. Гумон мекунам, ин ҳама дастоварди кам набуд, ҳарчанд нисбат ба имрӯз озодии сухан дар доираи ғояҳои ҳизбӣ маҳдудият дошт. Яъне, ҷомеа барои солимияти вуҷуди худ қонунҳои худро дорад.
- Ба ҳайати журналистон, ки одатан одамони индивидуал ва дорои ҷаҳонбинии гуногун буда, бо истиқлоли фикрӣ, дигарандешӣ ва сабку услуби хоси худ фарқ мекунанд, роҳбарӣ кардан кори чандон саҳлу сода нест. Дар рӯзномаи вилоятӣ журналистони соҳибному соҳибқалами бисёре кор кардаанд. Аз он солҳои муҳарририатон дар нашрияи вилоятӣ кадом лаҳзаҳои корӣ хотирмон шудаанд?
- Рӯзноманигор шахси мустақил ва озодандеш аст. Солҳои 1974- 1981 ман бо онҳо аз рӯйи дараҷаи ҷаҳонбиниашон муносибат мекар дам. Дар давоми 7 соли раиси кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб буданам низ ба ҳама рӯзноманигорон муносибати хубу дӯстона доштам. Ман ҳеҷ гоҳ ба журналистон барои ибрози ақида ва ҳамчун шахсият барои ишғол кардани вазифа зид набудам, муҳимаш, зиддият нишон намедодам, қасос намегирифтам, ҳамеша муносибати хайрхоҳона, рафиқона, одилона ва инсонгаронаро барои худ дар муқобили ҳама гуна кирдорҳо дуруст мешуморидам. Дар муқобили нотавонбиниҳо қобилияти эҷодиамро дар рӯзноманигорӣ нишон медодам, то он ҷое, ки худи онҳо инро эътироф мекарданд, ба рағми ҳама гуна хислатҳои гоҳо номатлуб ҳеҷ гоҳ сидқияти худро ба онҳо кам, ҳамчун роҳбар мавқеи ҳамкоронро «танг» намекардам. Касеро аз рӯйи ихтилофи бо ман доштааш аз кор озод накардам. Ба ғайр аз як ҳолате, ки дигар илоҷ набуд ва як касро аз кор пеш кардам, бо ризоияти ақаллияти зиёди аҳли коллектив ва ризоияти ҳамаи ҳайати таҳририя. Гумон мекунам, дар шароити ҳаёти осоишта инсон ба инсон ҳеҷ гоҳ аз рӯйи кина, якдигарбадбинӣ, ноҷоя вайрон кардани шароити муҳити кор муомилаи бад набояд дошта бошад. Беҳтараш бо фаъолияти амалӣ бояд собит сохт, ки ӯ аз дигарон беҳтар кор карда метавонад ва дар ҷойи худаш бо беҳтарин хислатҳо ивазнашаванда аст.
Бояд гӯям, ки бо ман ҳам дар кумитаи телевизион ва радиои вилоят (солҳои 1974-1981), ҳам дар рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» ва ҳам дар рӯзномаи «Хатлон» беҳтарин рӯзноманигорон кор мекарданд. Дар он миён собиқ муҳаррирон низ буданд. Шахсони аз ман калонсол ва мактабҳои ҳизбиро хатмкарда низ кор мекарданд. Муносибати ман бо онҳо аз рӯйи ҳурмати байниякдигарӣ, риояи мақому манзалат ва истеъдоди рӯзноманигорӣ сурат мегирифт. Ман ҳеҷ гоҳ аз пайи он намегаштам, ки аз пайи ман кӣ чӣ мегӯяд. Баръакс, талаб мекардам, ки кор иҷро шавад.
Хотирмонтарин лаҳза он аст, ки дар рӯзҳои мушкили солҳои 92-уми асри гузашта, аҳли қалами рӯзнома 2 қисм шуда буданд, ман ҳатто носазогӯиҳои баъзеи онҳоро мешунидам, вале муносибатро ба онҳо дигар намекардам. Баръакс, бо онҳо бегилагӯяк суҳбат карда, вазъиятро фаҳмонда, аз роҳи нодуруст баргаштанашонро хоҳиш мекардам. Дар ин вазъият сабри сангин лозим буд, ки дар аксар ҳолатҳо ба ин муваффақ мешудам. Рӯзе фаро расид, ҳама онҳое, ки хилофкорӣ мекарданд, мардонавор аз кирдори худ пушаймон шуда, узр пеш оварданд, вале ман онҳоро гунаҳкор надониста, баръакс, аз беҳтарин хислатҳояшон мисол оварда, дилбардориашон кардам. Зеро айб дар вазъияти носолим буд... Мо одамем, дар ин дунё мисли инсони комил зистан аз ҳама болост.
- Дар баробари чеҳраи намоёни адабиёт будан, Шумо инчунин дар журналистикаи муосир мақоми устуворе доред. Бо такя ба собиқаи беш аз 50-солаи фаъолияти публитсистии худ, метавонед махсусиятҳои озодии сухан ва матбуотро дар солҳои 70-80-90-и асри гузашта ва оғози асри ХХI баён намоед?
- Озодӣ, чӣ дар матбуот ва чӣ дар ҷомеа, нисбист. Барои озодона баён доштани сухан дониши зиёд, таҷриба, малакаи дуруст баён кардани андеша, дар шакли мувофиқ бо далелҳо баён кардани фикр... лозим аст. Хештаншиносие лозим аст, ки ба ҷомеа бори зиёдатӣ оварда, хештаншиносии онҳоро поймол накунад, яъне барои журналист донистани андозаи сухан, мавқеъшиносӣ ва шакли қобили қабули ақида чизи заруртарин аст. Ин ҷо ҷуръати журналистӣ низ истисно нест.
Масалан, шоҳе хоби мудҳиш дидааст. Муаббирон сухани рост гуфтаанд: «Баъди мурдани наздикону хешу таборон шумо низ мемиред». Шоҳ фармон додааст, ки онҳоро ба дор кашед. Сипас, шоҳ ба Мушфиқӣ рӯ овардааст. Мушфиқӣ низ ҳамин гапро гуфтааст, вале дар пояи баланди ақлу хирад:
- Бай-бай-бай, аҷаб хоби хуше, умри шоҳам аз ҳама наздикон ва хешу таборон зиёдтар будааст. Худо умратонро аз ин ҳам зиёд гардонад. Шоҳ фармудааст, ки ба Мушфиқӣ ҷомаи фохири зарбофт пӯшонанд.
Яъне, қолаби баёни фикр бо далелҳо барои журналист бояд дар ҳама давру замон дар ҷойи аввал истад. Гумонам, тарзи муносиби баёни фикр ба журналист пеш ҳам лозим буду имрӯз ҳам, ҳарчанд имрӯз озодии суханро ба солҳои 70-уму 80-ум ва 90- уми асри гузашта ҳеҷ муқоиса карда намешавад.
- Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қарор дорем. Баъзе муаррихон дар публитсистикаи китобии худ ишора кардаанд, ки дар солҳои аввали истиқлолият гурӯҳҳои алоҳидаи журналистон ва ВАО ба «оташ»-и нофаҳмию низоъҳо «равған» мерехтанд. Бигӯед, ки рӯзномаи вилоятии «Хатлон» дар он айём чӣ мавқеъ дошт ва сиёсати редаксиониро кӣ ва чӣ тавр муайян мекард?
- Воқеан, солҳои 90-ум барои журналистон нофаҳмиҳои зиёде овард. Баъзе журналистон ба бозичаи дасти гурӯҳҳои муайян табдил ёфта буданд. Ба фикрам, намедонистанд, ки «дирижёр»-и ин ҳама нохушиҳо кисту дар куҷост. Рӯзномаи «Хатлон» комилан ҷонибдори ҳокимияти конститутсионӣ буд. Мо аввалин мусоҳибаи раиси онвақтаи вилояти Кӯлоб, имрӯза Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба чоп расонидем (мусоҳиб каминаи камтарин буд), ки мақсад ба сулҳу ваҳдат расонидани миллат буд (12 ноябри соли 1992).
Ин рӯзнома ва як рӯзномаи махсуси ба Иҷлосияи XVl Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшидаро ба Хуҷанд ба ин иҷлосия бурда будам, яъне рӯзномаи «Хатлон» ва аз апрели соли 1993 рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» аз рӯзҳои аввал ба Ҳукумати конститутсионӣ содиқ буд ва содиқ монд, ҳарчанд гурӯҳҳое низ буданд, ки фаъолияти рӯзномаро аксар барои манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ зери фишор қарор медоданд. Вале шарҳи ин ҳолат гапро ба дарозо мекашад.
- Ба андешаи бархе афроди соҳибназар, имрӯз агарчи журналистика аз лиҳози фаннӣ пеш рафтааст ва типҳои гуногуни ВАО, майдони васеи иттилоърасонӣ бамиён омадааст, аммо аз ҷиҳати си-фати маводи журналистӣ, забон ва
касбият хабарнигорон ва расонаҳо ба ҳамтоҳои шӯравии худ баробар нестанд. Андешаи шумо ба ин иддао чист?
- Вазъияти имрӯза комилан дигар аст. Мо ҳоло ҳам дар даврони гузариши сохти нави ҷомеа қарор дорем. Аз ин рӯ, журналистикаи имрӯзаро ба замони шӯравӣ муқоиса кардан мушкил аст. Зеро проблемаҳои замони гузариш бисёранд. Журналистони мо дар ин сатҳ, бо вуҷуди мураккабии иттилоотии замон, таҷрибаи зиёде ҷамъ кардаанд, вале ҳанӯз ҳам кам аст.
Тасаввур кунед, ки рӯзномаҳои озод бояд ризқи худашонро худашон пайдо кунанд. Ин чиз ва даҳҳо чизи дигарро ба замони шӯравӣ муқоиса карда намешавад. Дараҷаи забони рӯзнома ба дониши забонии журналист ва андешаронии ӯ вобаста аст. Инро ҳам бо чанд ҳарфи бедалел исбот карда намешавад. Дар ин соҳа тадқиқоти махсус лозим аст. Ба ҳамин маънӣ, ман ба ҳамқаламони худ хайрхоҳ ҳастам.
- Пӯшида нест, ки имрӯз вазъи нашрияҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон беҳбуд мехоҳад. Мушкилот зиёданд: теъдоди ками нашр, нарасидани кадр, техника ва технология, маблағ ва ғайра. Андешае дар доираҳои коршиносон гардиш мехӯрад, ки бинобар харҷи бисёр ва камсуд будан аз чопи нашрияҳои маҳаллӣ даст бояд кашид. Оё роҳи ҳалли масъала танҳо ҳамин аст? Вазъи имрӯзаи матбуоти даврии маҳаллиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?- Асли гапро худи шумо гуфтед.
Ҷомеае, ки ҷонибдорони худро кам мекунад, ба гумонам, ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ медиҳад. Идеология кори як кас ва ё 50 касу 100 кас нест. Дар байни 3 нафаре, ки ҳамсуҳбат мешаванд, ҳамеша як нафаре даркор аст, ки ба сиёсати давлатӣ содиқ бошад. Яъне, барои мо идеологияи ҳамаро фарогиранда лозим аст. Мо бояд ба ин муваффақ шавем. Қувват бахшидани фаъолияти рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявиро низ мо бояд дар савияи чунин фаҳмиш ба роҳ монем. Аз барҳам додани онҳо манфиате нест. Бояд бикӯшем, ки теъдоди хонандагони рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявии минтақаи Кӯлоб (ва дигар минтақаҳо) ба 90-100 ҳазори соли 90-уми асри гузашта бирасад. Дар сурате, ки 400-500 нафар ҳам онро хонад, ба манфиати сиёсати давлатист. Таъкид мекунам, ки кори идеологӣ кори асоситарини давлат аст. Ин кор ба фазилати роҳбарии раисони шаҳру ноҳияҳо вобастагии калон дорад. Рӯзнома бояд ҳамчун яроқи идеологӣ дар шаҳру ноҳияҳо хизмат карда тавонад. Ҳар қадар теъдодаш зиёд бошад, манфиат ба давлат зиёдтар мерасад. Тасаввур мекунем: якояк 100 000 кас рӯзнома дар даст дораду бо сиёсати давлатӣ ба ин васила шинос мегардад. Мо бояд аз ошкорбаёнии созанда наҳаросем, аз рақибсозии оқилона низ ваҳм надошта бошем. Муҳим он аст, ки аз «идеологияи хурд» то «идеологияи бузург», иқтидори идеологияи давлатамонро тавоно гардонем ва дар атрофи ғояҳои олии Пешвои миллат оқилонаю одилона, таъкид мекунам, оқилонаю одилона, илова ба ин, ҳушёрии содиқона гирду ҷамъ оем.
- Сиёсатмадори маъруфи олмонӣ Отто фон Бисмарк гуфтааст: «Метавонам аз даҳ журналист даҳ вазир бисозам, аммо аз даҳ вазир як журналист баромаданаш дар гумон аст». Баҳои баланд аст ба мақоми журналист. Аз нигоҳи шумо, ин ҳарфи Бисмаркро ба журналистони тоҷик низ нисбат додан мумкин аст? Таърифи шумо ба мафҳуми «журналист» чист?
- Вазъияти муайяни ҷомеаи шаҳрвандӣ посухгӯйи бисёр саволҳост. Аз ин рӯ, гуфтаи Отто фон Бисмаркро бояд биандешем, ба таври солим биандешем, ки оё онро ба шароити имрӯзаи Тоҷикистон метавон мутобиқ кард?
Журналисти хуб воқеан донандаи ҳама соҳаҳост. Вазираш ҳам гузорем, меарзад. Вале агар журналисти хуб бошад, дар соҳаи худаш даркортар аст. Инаш ҳам маълум аст, ки вазир журналист нахоҳад шуд. Зеро ин ба психологияи кориҷрокунии ӯ мувофиқат намекунад. Бинобар ин, гуфтаи Бисмаркро ҳамчун беҳтарин баҳо ва эътирофи ҷавонмардона ба журналист дониста, шахсан ифтихор мекунам.
Тавсифи ман ба рисолати журналист: «Бо заруртарин одамҳои ҷомеа заруртарин одам. Ба нафъи давлату миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мухолиф ба ҳама нобасомониҳои ҷомеа, дӯсттарин дӯст ба ононе, ки аз қонуншиканиҳо ва фишорҳои иҷтимоии сунъӣ ба шӯр омадаанд…».
- Шумо аз ҷумлаи журналистонед, ки дар ду системаи давлатдорӣ – сотсиалистӣ ва демократӣ – кору зиндагӣ кардаед. Миссия ё рисолати ВАО ва журналистони замони шӯравӣ аз агитатор, пропагандист ва ташкилотчии коллективӣ будан иборат буд. Имрӯз ВАО ва журналистон чӣ рисолат доранд?
- Баҳои замони шӯравиашро шумо гуфтед. Имрӯз ҳам ин корро карда тавонад, зарар надорад, балки хуб аз хубтарин аст. Таҷрибаи хуб ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад, агар мисли замони шӯравӣ ба роҳбарӣ ва ғамхорӣ фаро гирифта шавад. Рисолати журналист қавӣ гардондани рӯҳи созандаи ҷомеа ва давлат аст. Пешвои миллат бо рӯҳи созанда тавонист давлати аллакай барҳамхӯрдаи тоҷикро аз нав барқарор кунад, ҷанги хонагии беваҳдатиро барҳам дода, ба сулҳу ваҳдат расонад, ки мо бо ифтихор 20-солагии онро тантана мекунем. Журналист ҳам бояд, пеш аз ҳама, бо рӯҳияи баланди давлатсозӣ қалами қисматсоз ба даст бигирад ва дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли Тоҷикистон ҷоннисор бошад.
Суҳбаторо
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”,
№15-16, 19-26 апрели соли 2017
-
8-12-2021, 09:22
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
7-12-2021, 08:41
Хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд (1961) ва мактаби олии...
-
4-12-2021, 12:59
Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Сохтмони...