Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»


М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»



Соли 1938 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд (1961) ва мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1975-1977) аст. М. Абдураҳмонов собиқ муҳаррири рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (1971-1975), «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҳақиқати Хатлон», «Навиди Вахш» (1979-1992), «Шуълаи умед» (1999-2000) мебошад. Вай, инчунин дар идораи рӯзномаҳои «Коммунисти Исфара» (1956), «Тоҷикистони Советӣ» (1977-1978) кор кардааст. Солҳои 1993-1999 хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд буд.

Очерку ҳикояҳояш солҳои гуногун дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Истеъдодҳои ҷавон», «Обу ободӣ», «Поле подвига» чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои «Шаҳдрез», «Ситораи Вахш», «Вахшская долина» (ҳамроҳи шодравон Иноят Нас-риддин), «Хонаи дуюм» (соли 1983, дар бораи коргарони заводи трансформаторбарории шаҳри Қӯрғонтеппа), «Абри сафед», «Дурахши ахтарон», «Чароғи афрӯхта» ва ғайра мебошад.

Солҳои 1979-1992 якчанд навбат депутати Шӯрои намояндагони халқи собиқ вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Хатлон, раиси созмони вилоятии ИЖТ интихоб гардидааст. Корманди шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон (соли 1986) ва аз соли 1998 нафақахӯри шахсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буд. 

Соли 2020 дори фониро видоъ гуфт.

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик мусоҳибаи ихтисосие оростем бо Муқим АБДУРАҲМОНОВ, меҳтари матбуоти тоҷик ва собиқ муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» (имрӯза «Хатлон»), доир ба таърихи ин нашрия ва вазъи феълии матбуоти маҳаллӣ, ки фишурдаи он манзури хонандаи арҷманд мешавад.

- Қабл аз ҳама, Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона шодбош мегӯем. Устод, саҳми Шумо дар таҳаввул ва ташаккули матбуоти маҳаллии Тоҷикистони шӯравӣ бориз аст. Шумо аз соли 1979 (соли дуюми таъсисёбии собиқ вилояти Қӯрғонтеппа) муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» буда, то соли 1992 ин масъулиятро ба дӯш доштед. Лутфан, аз таърихи ташкили ин рӯзнома ва муҳаррири он таъйин шуданатон чанд ҷумла бигӯед.

- Ташаккур! Ман ҳам Шумо ва кулли ҳамкорону ҳамкасбони азизи хатлониамро бо Рӯзи матбуоти тоҷик сидқан табрик гуфта, комёбиҳои тозаи эҷодӣ таманно менамоям.

Инак, ба қавли Шумо, якчанд ҷумла аз таърихи ташкили нашри тозаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва муҳаррири он таъ-йин шудани банда. Ман барои он «нашри тоза» гуфтам, ки рӯзнома аз ин пеш ҳам бо ҳамин унвон чоп шуда, баъд фосила ба миён омадааст. Тирамоҳи соли 1978, дар соли дуюми азнавташкилёбии вилояти Қӯрғонтеппа, бюрои комитети партиявии вилоят маро, ки он вақт мудири шуъбаи ҳаёти партиявии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» будам, бо тавсияи КМ ПК Тоҷикистон ба вазифаи муҳарририи рӯзномаи навтаъсиси вилоятӣ тасдиқ намуд. Охирҳои моҳи ноябр буд. Чопи рӯзнома мебоист аз 1-уми январи соли 1979 оғоз ёбад. Рӯзнома расман таъсис ёфта бошад ҳам, корҳои амалӣ ҳанӯз дар пеш буданд.

Ҳайати кормандон алҳол асосан аз ҷомеаи меҳнати рӯзномаи шаҳрии «Коммунисти Қӯрғонтеппа» иборат буд, ки чопи он аз ибтидои соли нав мебоист қатъ гардад. Боз аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ кадрҳои лаёқатмандро даъват карданамон лозим меомад.

Азбаски матбааи шаҳрӣ имкони чоп кардани рӯзномаи калонҳаҷмро надошт, ба мо лозим буд, ки ҳар як шумораро дар ин ҷо тарҳрезӣ карда, дар комбинати полиграфии шаҳри Душанбе чоп намоем. То аниқ шудани бинои идораи рӯзномаамон лозим меомад, ки дар идораи рӯзномаи шаҳрӣ фаъолият барем. Вале он хурд буд ва мушкилоти зиёдро пеш меовард. Хайрият, идораи бонки вилоятӣ холӣ шуд ва баъди таъмир мо зуд ба он ҷо кӯчидем.

Ба шарофати ёриву ғамхорӣ ва дастгирии роҳбарони ҷумҳурӣ ва вилоят ҳамаи мушкилоти даврони ташкилӣ бартараф гардид ва шароити мусоиди корӣ фароҳам омад.

Шумораи якуми рӯзнома дар вақти муқарраршуда – 1 январи соли 1979 дар комбинати полиграфии Душанбе аз чоп баромада, худи ҳамон шаб ба Қӯрғонтеппа оварда, рӯзи дигар ба шаҳру ноҳияҳои вилоят паҳн карда шуд. Мо ҳафт моҳ бо ана ҳамин тартиб кор кардем. Хушбахтона, дар ин муддат дар матбааи шаҳрӣ сехи нави чопӣ бунёд карда шуд ва аз моҳи августи ҳамон сол чопи рӯзнома ба тариқи офсет дар ҳамин ҷо оғоз ёфт.

- Замони роҳбарии Шумо ба рӯзномаи вилоятӣ ба авҷи таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти вилояти навбунёд рост омада буд. Рӯзнома ва ҳайати эҷодии он масъалаҳои актуалии он айёмро чӣ гуна инъикос мекарданд?

- Вилоят навбунёд ва ташаббускор буд. Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пешравӣ ва навоварӣ ҳис карда мешуд. Ободкорию созандагӣ авҷ мегирифт. Вилоят  ғолиби чандинкаратаи мусобиқаи умумииттифоқӣ гардид. Дар он вақт ба афзун намудани истеҳсоли пахта, хусусан навъи маҳиннахи он, эътибори зиёд медоданд. Соли 1980 ҷумҳуриамон аввалин бор зиёда аз як миллион тонна пахта истеҳсол кард, ки қариб нисфи он ба вилояти Қӯрғонтеппа рост меомад.

Мардуми заҳматкаши вилояти овозадор бо ҳисси рӯҳбаландии бузург ва ифтихор аз диёри зарнисори хеш баҳри ба даст овардани комёбиҳои нави меҳнатӣ талош меварзиданд ва бо ташаббусҳои нав ба нав ба майдон мебаромаданд. Аз ҷумла сардори бригадаи пахтакорӣ аз ноҳияи Колхозобод Хӯҷақул Қувватов ибтидои сол эълон кард, ки ҳосилнокии ҳар гектар пахтаро ба 50-сентнерӣ мерасонанд. Ташаббуси ватандӯстонаи ӯ на танҳо дар вилоят ва ҷумҳуриамон, балки дар тамоми гӯшаю канори мамлакати Шӯравӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард.

Табиист, ки дар чунин муҳити созандагиву бунёдкорӣ, ҷӯяндагиву ташаббускорӣ ва навоварӣ мо низ дар канор буда наметавонистем. 

Мо ҳам тарзу усули нав ба нави эҷодиро ба кор бурда, меҳнати пурбаракати аҳли заҳматро инъикос менамудем. Ташкили суҳбатҳо дар атрофи «мизи мудаввар», тарғиби таҷрибаи пешқадамон, танқиди ошкорои камбудию нуқсонҳо, сарпарастӣ ба ҷомеаҳои ақибмондаи меҳнатӣ ва ғайра аз ҷумлаи воситаҳои муҳими таъсиррасонӣ ба ҷараёни пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят ба ҳисоб мерафт.

Воқеан, ҳамон сол дастаи Хӯҷақул Қувватови колхозободӣ аз марраи 50-сентнерӣ андак камтар ҳосил ба даст овард. Вале бо шарофати ташаббуси олиҳимматонаи ӯ дар вилоят ва ҷумҳурӣ даҳҳо ва садҳо пайравонаш мисли ӯ ҳосилнокиро ба 40-45-сентнерӣ расониданд.

- Охири солҳои 80-уми асри пор вилоятҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб муттаҳид шуда, дар натиҷа, дар заминаи рӯзномаҳои «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Роҳи ленинӣ» нашрияи ягонаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» таъсис ёфт. Ҳайатҳои эҷодии ду нашрия низ ба ҳам омаданд. Роҳбарии ин ҳайат ба Шумо то куҷо осон даст медод?

- Худатон хуб медонед, ки ба рӯзноманигор, хусусан ба роҳбари рӯзноманигорон, ягон вақт осон набуд. Ҳамон вақти муттаҳидшавии ду рӯзномаи вилоятӣ ва ҷомеаи меҳнатии онҳо низ бароямон мушкилиҳо пеш меовард. Аввалан, на ҳамаи кормандони рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» имконияти ба Қӯрғонтеппа омадан доштанд, ки аз ин мо – кормандони рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» дар хиҷолат будем. Хайрият, ин масъаларо ҳамкасбони кӯлобиамон худашон одилона ҳал кардаанд. Ба назди мо чор нафар – Мисралӣ Сониев, Раҳмат Ташрифов, Бобоҷон Абдувоҳидов ва Туҳфа Аҳмадова ба кор омаданд. Қисми дигари ҳамкасбони кӯлобиамон, аз ҷумла Ҳақназар Fоиб ва Неъматулло Худойбахшов дар дафтари корӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб ташкил ёфт, ба фаъолият оғоз карданд.

Бояд иқрор шавам, ки ҳамаи кормандони навамон, чӣ дар Қӯрғонтеппа ва чӣ дар Кӯлоб, бо ғайрати дучанд ва фаъолона амал намуда, дар пурмазмуну шавқовар баромадани ҳар як шумораи рӯзномаамон саҳми сазовор мегузоштанд. Махсусан, Неъматулло Худойбахшов ва Бобоҷон Абдувоҳидов сермаҳсул буданд. Очерку мақолаҳои онҳо аз лиҳози талаботи касбӣ таъсирбахш буда, дар байни хонандагон ҳамовозӣ ба амал меоварданд.

Қаламкашони таҳҷойиамон, аз қабили Саидалӣ Бобохонов, Саидҷаъфар Сафархӯҷаев, Асалмо Сафарова, Ҳусейнҷон Маликов, Саттор Қарахонов, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Шарифамоҳ Кишварова, Fуломҷон Соҳибов, Грез Қосимов ва дигарон низ ҳамвазни онҳо хома ронда, бо маводҳои ҷолиби хеш ба қалби мухлисони рӯзнома ҷой мегирифтанд. Хулоса, дар байни онҳо як навъ сабқати эҷодӣ оғоз ёфта буд, ки дар ҷомеаи меҳнатии мо муҳити созгор ба амал овард ва ин фаъолияти маро ҳамчун сарвари идораи рӯзнома осон гардонд.

- Рӯзноманигорони нашрияи «Навиди Вахш», ки меросбари «Ҳақиқати Хатлон» буд, низ чун дигар рӯшанфикрон дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ қарор гирифта, дар охири солҳои 80- ум ва оғози даҳаи 90-ум матолиби зиёде оид ба мавқеи забони тоҷикӣ, худшиносии миллӣ, мустақилияти кишвар ба нашр мерасониданд. Ин солҳои аз лиҳози сиёсӣ ҳассос буданд, бахусус рӯзноманигорони давр дар фаъолияти худ бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ нишон медоданд. Дар ин марҳилаи кор бо кадом навъи мушкилот рӯ ба рӯ мешудед?

- Бале, ин давраи ниҳоят ҳассос ва имтиҳони ҷиддие буд, барои мо – рӯзноманигорон. Баъзе ҳамкоронамон рӯзҳои аввал сиёҳу сафедро фарқ накарда, бехабар аз асли воқеа маводҳое ба чоп омода мекарданд, ки дар сурати нашри онҳо вазъияти ҷомеа боз ҳам муташанниҷ мегардид. Муаллифони беруна ҳам чунин маводҳо оварда, бо исрор талаб мекарданд, ки онро ҳатман чоп кунем. Дар сурати рад карданамон замони демократия ва ошкорбаёниро баҳона оварда, моро муттаҳам карданӣ мешуданд.

Хулоса, он замон дар байни обу оташ монда будем. Ҳеҷ кас, ҳатто мақомоти болоӣ имкони дастгирии моро надошт. Қарор додем, ки аз рӯйи мақоли русии «Илоҷи халосии шахси ғарқшуда дар дасти худи ӯст» амал намоем. Мебоист нахуст худи кормандонамонро мусаллаҳ намоем, ки дар шароити ҳозира чӣ тавр рафтор намоянд.

Бо маслиҳати рафиқон маҷлиси васеи ҳайати таҳририяро доир намуда, вазъияти баамаломадаро муҳокима кардем. Маҷлис қарор кард, ки ҳамагон воқеаҳоро холисона, бе тарафгирии ин ё он гурӯҳ инъикос намоем, ба маҳалгароӣ, миллатчигӣ, иғвоангезӣ ҳаргиз роҳ надиҳем, бо маводҳои ба чоп омодакардаамон ба муътадил гардонидани вазъи ҷомеа мусоидат намоем.

Воқеан ҳам қарори ҳамон маҷлисамон аъзои ҷомеаи меҳнатиамонро ҳушдор сохт ва ба фаъолияти минбаъдаамон таъсири мусбат расонд.

- Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ вазъи рӯзномаҳои маҳаллӣ низ бад шудан гирифт. Теъдоди нашр ва даврияти чопи нашрияҳо коҳиш ёфт. Ҳолатҳое буданд, ки бавижа дар водии Вахш чанде аз рӯзноманигорон кушта ё нопадид гардиданд. Ҳаёту саломатии журналистон низ дар хатар буд. Аз он солҳои барои журналистикаи тоҷик вазнин чӣ хотира доред?

- Махсусан моҳҳои июн-августи соли 1992 бароямон хеле вазнин буд. Дар маркази вилоят ва ноҳияҳо зуд-зуд гирдиҳамоиҳо ба амал меомаданд. Мухолифин истеъфои роҳбарони ноҳияҳою вилоятро талаб мекарданд.

Ҳар гоҳ, бештар шабона, байни силоҳбадастони мухолифин ва қувваҳои некиродаю некандеш задухӯрдҳои шадид ба амал меомад ва аз ҳарду ҷониб талафоти ҷонӣ ҷой медошт. Одамрабоӣ ва куштори шахсиятҳои маъруф авҷ мегирифт. Ҷони ҳамкасбони мо ҳам дар хатар буд. Роҳҳо баста мешуданд, омаду рафт ба ҷойи кор торафт мушкил мегардид.

Аввалин шумхабар ба мо ибтидои моҳи июли ҳамон соли наҳс расид. Маълум шуд, ки рӯзи 1 июл ҳамкори собиқамон Тӯрабой Қобиловро, ки муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Бохтар) буд, силоҳбадастон дар ҳаммоми совхози «Туркманистон» зиндонӣ карданд ва баъд ба ноҳияи Қумсангир бурда куштанд.

Минбаъд дар ҳолатҳои гуногун аз дасти силоҳбадастони ҷоҳил ва хуношом рӯзноманигорони варзида - ҳамкоронамон Шарифамоҳ Кишварова, Шарофиддин Қосимов, Олимҷон Ёрасенов, Пиримқул Сатторӣ, Саидҷалол Фахриддинов, Ҳомидҷон Ҳакимов низ ба шаҳодат расиданд. Ёдашон ба хайр!

- Бисёре аз ҳамкорони пешин ва шогирдонатон аз мактаби рӯзноманигорӣ ва роҳбарии Шумо ба некӣ ёд меоранд. Мегӯянд, ки дар кор сахтгир буда, ҳамзамон аз вазъи иҷтимоии ҳар як корманд огоҳӣ доштед, нисбаташон ғамхорӣ мекардед. Ҳатто ёд меоранд, ки ба хотири шояд парешон нашудани фикри эҷодкорон, дар даҳлез садои қадаммонӣ ё овози баландатонро касе намешунид… 

- Шояд чунин бошад, ба фикрам, ҳамкорони азизам ба хизматҳои банда аз будаш зиёд баҳо медиҳанд. Ман некиҳои онҳоро бисёр дидаам, нону намакашонро бисёр чашидаам. Аз ин рӯ, беҳад миннатдорам ва худ-ро як умр дар назди онҳо қарздор мешуморам. Алҳол, ки дар қайди ҳаётам, агар онҳоро заррае ранҷонда ва ё дилхас-та карда бошам, сидқан маъзарат мехоҳам, аз гуноҳи банда гузаранд.

- Ҳарчанд ҳоло дар вилояти Суғд иқомат дошта, давлати пирӣ меронед, яқин медонам, ки, чун пешин, бо матбуоти даврии маҳаллӣ ҳамкории зич доред. Аз нигоҳи Шумо, имрӯз барои рушди бештари матбуоти маҳаллӣ чӣ намерасад? 

- Ба назари банда, имрӯз матбуоти маҳаллӣ дар ҳолати ноҳинҷор қарор дорад, робитаи он бо хонандагон хеле суст аст, аз душвориҳои молиявӣ мекоҳад, рӯзномаҳо сари вақт ба обуначиён дастрас намешаванд.

Аз ин рӯ, рӯзноманигорон ҳар қадаре, ки воқеаҳоро таъҷилан инъикос нанамоянд, хонанда аз он дер огоҳ мешавад.

Аз афти кор, ин ҳолатро муассисони рӯзномаҳо низ ҳис мекунанд ва асосан ба телевизиону радио такя менамоянд. Ҳол он ки мақоми рӯзнома дигар аст, ҷойи онро телевизиону радио гирифта наметавонад.

- Дар саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷик заҳамоти қариб 60-солаи Шумо дар роҳи рушду такомули журналистика, бешак, ба некӣ сабт шудааст. Дар фароварди суҳбат, лутфан, бигӯед, ки тӯли ин солҳо матбуот ба Шумо чӣ доду чӣ нақше дар рӯзгоратон боқӣ гузошт?

- Ман тамоми умр дар соҳаи матбуот кор карда, аз он ба манфиати худ ҳаргиз чизе умедвор набудам. Ҳарчанд ин соҳаи пурзаҳмат ва вазнин буд, ман дар он манбаи илҳом ва хушбахтии худро медидам.

Ба шарофати касби рӯзноманигорӣ оламу одамро дидам, ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ, баъзе мамолики олам сафар карда, бо бисёр инсонҳои наҷиб вохӯрдам, аз суҳбатҳояшон баҳраҳо бурдам. Матбуот маро чун модари ғамхору дилсӯз тарбият кард. Имрӯз ҳам ҳамроҳи ин модари мушфиқ ҳастам, аз он ҷудоӣ надорам. Худам ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст.

Дар интиҳои сухан ҳамаиҳамкасбон ва хонандагони рӯзномаи қадрдони «Хатлон»-ро бо Рӯзи модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик бори дигар сидқан табрик гуфта, барояшон хушиҳои рӯзгор ва илҳоми саршорро таманно дорам. Сиҳату саломат ва дар паноҳи Худованд бошанд!

Суҳбаторо
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон», №9, 6 марти соли 2017

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода