Баҳори хазонрасида
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 866
АБДУЛЛОЕВ НАСРУЛЛО
Соли 1906 дар шаҳри Конибодом, дар оилаи дуредгар ба дунё омад. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1924 ба Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд дохил шуд.
Баъд аз хатми он Насрулло Абдуллоев дар Комиссариати маорифи халқ мудири шуъбаи тарбияи сотсиалистӣ ва инструктор шуда кор мекард. Солҳои 1930- 1931 дар аппарати Комитети марказии ВКП(б) Тоҷикистон инструктори калони иттифоқи камбағалон буд. Соли 1931 Комитети марказии комсомолии республика Насрулло Абдуллоевро ҳамроҳи 800 нафар аъзои худ ба кори сохтмони Вахш фиристод. Ӯ муҳаррири масъули газетаи «Зарбдори сохтмони Вахш» таъин шуд. Н. Абдуллоев дар ахбори фишурда, мақолаву очеркҳояш мекӯшид, ки набзи сохтмони азимро бо вусъаташ инъикос кунад. Соли 1933 Н. Абдуллоев аввал дар вазифаи ҷонишини муҳаррир ва аз соли 1934 муҳаррири масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» таъин шуд.
Аммо 10 августи соли 1937 Насрулло Абдуллоевро бо туҳмату даъвоҳои сохта ба ҳабс гирифта, ба Сибир бадарға карданд. Он ҷо соли 1951 аз олам даргузашт.
Дар бораи Насрулло Абдуллоев - аввалин муҳаррири «Зарбдори сохтмони Вахш», ки ҳоло рӯзномаи вилоятии «Хатлон» меросбари он маҳсуб мегардад, маълумоти зиёд рӯйи даст нест. Танҳо дар мақолаи «Баҳори хазонрасида», ки соли 1988 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») чоп шудааст, дар бораи ҳаёту фаъолияти ӯ маълумоти мухтасаре мавҷуд аст. Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар низ баъзе хотираҳояшро дар бораи Абдуллоев дар китобаш «Ёди ёри меҳрубон» ва повести «Мо комсомол будем» навиштааст.
Таъқиботи солҳои 30-40-ум ва аввали солҳои 50-ум дар таърихи халқи советӣ яке аз саҳифаҳои фоҷиавиро ташкил медиҳад. Ҷазои оммавӣ, ки бунёдашро ҳукумат ва гумони бад ташкил медод ва дар мамлакат чун ифодагари муборизаи синфӣ тафсир дода мешуд, дар саросари мамлакат паҳн гардида, ҳазорон-ҳазор намояндагони партияи болшевикӣ, ходимони илму фарҳанг, сарлашкарони ҳарбӣ ва роҳбарони хоҷагии халқро аз байн рабуд ва ё сарнавишти онҳоро доғдор намуд.
Журналисти бомаҳорат, собиқ муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» Насрулло Абдуллоев низ дар айни авҷи камолоти эҷодӣ қурбони сталинизм гардида буд. Насрулло Абдуллоев соли 1906 дар шаҳри Конибодом, дар оилаи дуредгар ба дунё омад. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1924 ба Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд дохил шуд.
- Ман ҳамроҳи Насрулло Абдуллоев дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд шарикдарс будам, - он рӯзҳоро ба хотир оварда мегӯяд ветерани партия, ҷанг ва меҳнат генерали мустаъфӣ Мастибек Тошмуҳаммедов. - Вай аз аълохонҳои синфамон буд. Дар андӯхтани дониш ҳирси зиёд дошт. Устоди сахтгиру меҳрубонамон аз фанни забону адабиёт Собит Манофзода, муаллимони фанни иқтисодиёти сиёсӣ Мирзоев, риёзиёт Панкратов, табииёт Аббосов, физика Навитский, санъати тасвирӣ Ершова, химия Архангелский ва дигарон дар дили мо чароғи маърифат афрӯхта, дониш меомӯхтанд. Насруллоев махсусан ба омӯзиши забону адабиёт шавқи зиёд дошт. Устод Манофзода муҳаббати Сотим Улуғзода, Насрулло Абдуллоев, Абдураҳмон Бухоризода барин як гуруҳ толибилмони ҳассосро ба омӯзиши забону адабиёт бедор карда тавонист. Дар албоми суратҳоям як акси таърихӣ ҳаст, ки соли 1932 баъд аз Пленуми III комсомоли республика гиронда будем. Дар он сурат аъзои КМ ЛКСМ Тоҷикистон Абдуллоев ҳам акс ёфтааст. Ҳоло ин сурат дар музейи Шарафи комсомоли республика ба маърази намоиш гузошта шудааст.
Баъд аз хатми Дорулмуаллимин Насрулло Абдуллоев дар Комисариати маорифи халқ мудири шуъбаи тарбияи сотсиалистӣ ва инструктор шуда кор мекард. Соли 1929 ҳукумати республика тасмим гирифт, ки алифбои лотиниасосро ҷорӣ кунад. Ба комиссариати маориф лозим омад, ки оид ба омӯхтан ва татбиқ намудани алифбои лотинӣ курси такмили ихтисоси муаллимон ташкил намояд. Насрулло Абдуллоевро низ ба ин кор ҷалб карданд. Комиссариати маорифи халқ як гуруҳ фаъолони ин маъракаи сиёсӣ - Насрулло Абдуллоев, Сотим Улуғзода, Абдураҳмон Бухоризода, Ваҳҳоб Шамсиев, Воҳид Бобозода, Рауф Рофиев, Обид Ҷалоловро бо роҳхат ба сайёҳати Москваю Ленинград фиристод.
Насрулло Абдуллоев дар кор лаёқати ташкилотчигӣ ва принсипнокӣ зоҳир менамуд. Ин буд, ки ӯро ба аппарати КМ ВКП(б) Тоҷикистон ба кор гирифтанд. Солҳои 1930-1931 дар Комитети Марказӣ инструктори калони иттифоқи камбағалон буд.
Аз ибтидои солҳои сиюм сохтмони азими Вахш оғоз ёфт, ки дар Тоҷикистон рукни асосии плани панҷсолаи якумро ташкил медод. Ба кори ин сохтмон ҳазорҳо нафар коргарону мутахассисони ҷавонро ҷалб мекарданд. Комитети марказии комсомолии республика 800 нафар аъзои худро ба кори сохтмон фиристод. Дар байни онҳо сарварони ҷавонон Василий Коночкин, Леонид Немковский, Валентина Астафйева, Насрулло Абдуллоев ва Мирсаид Миршакар низ буданд.
Насрулло Абдуллоев муҳаррири масъули газетаи «Зарбдори сохтмони Вахш» таъин шуд. Дар ҳаёти вай имтиҳони санҷиши қалам фаро расид. Ӯ дар ахбори фишурда, мақолаву очеркҳояш мекӯшид, ки набзи сохтмони азимро бо вусъаташ инъикос кунад.
Муҳаррири ҷавон дар ҳамин ҷо ба сафи партияи болшевикӣ дохил шуд.
- Баҳори соли 1932 ба сохтмони канали Вахш омадам, - ҳамкорони меҳрубонро ба ёд оварда мегӯяд Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар. - Ман бояд Насрулло Абдуллоевро иваз мекардам. Ин буд, ки чанд вақт ҳамроҳи ӯ дар баровардани газетаи «Зарбдори сохтмони Вахш» кор кардам. Хотираҳоямро дар бораи ин шахси наҷиб, қаламкаши эҷодкор, нахустмуҳаррири рӯзномаи сохтмони Вахш дар китоби хотираҳоям «Ёди ёри меҳрубон» ва повести «Мо комсомол будем» навиштаам.
Баъд партия Насрулло Абдуллоевро барои кор ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фиристод. Соли 1933 аввал дар вазифаи ҷонишини муҳаррир (он вақт муҳаррири масъул Ҳ. Шарифов буд). Аз соли 1934 муҳаррири масъули рӯзнома буд. Кас саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон»-и солҳои сиюмро варақ зада, дарк мекунад, ки роли газета дар сохтмони колхозӣ, маҳви бесаводӣ, мустаҳкам кардани мудофиаи Ватан, мубориза бар зидди душманони синфӣ, баланд бардоштани роли комсомол то чӣ андоза бузург будааст.
Баъдтар Насрулло Абдуллоев дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон мудири шуъбаи адабиёти ҷавонон буд. Баҳори соли 1937 фаро расид. Боди сарди гумонҳои бад сар то сари мамлакат вазид. Гули интеллигенсияи тоҷик, ки бунёди фарҳанги миллатро ташкил медод, низ ба таъқиб афтод. Ҳамсафу ҳамнабардони Абдуллоев яке паси дигаре ба ҳабс гирифта шуданд. Гирдбоди ҷаҳолат ба нашриёт низ расид. Аввал раиси управленияи Нашриёти давлатии Тоҷикистон Аюбҷоновро бурданду ба гарданаш тавқи «душмани халқ» овехта парронданд. Сонӣ, 10 августи соли 1937 Насрулло Абдуллоевро ба ҳабс гирифтанд. Трибунали Округи ҳарбии Туркистон дар асоси қарори махсуси маҷлиси НКВД-и СССР 8 майи соли 1938 ӯро чун «унсури аксулинқилобӣ» ба муддати 8 сол маҳкум кард.
- Тақдири маҳрумияти ман, - мегӯяд аъзои партия аз соли 1923, вакили съездҳои I ва II ВКП(б) Тоҷикистон, нафақахӯри дараҷаи умумииттифоқӣ Мустафоқул Нурмуҳаммадов, - бо маҳрумияти Насрулло Абдуллоев тавъам афтид. Ман раиси комитети радиошунавонӣ ва дар як вақт муҳаррири газетаи «Тоҷикистон сурх» будам. Маро низ чун «унсури аксулинқилобӣ» 8 сол ҳукм дода, ба Магадан фиристоданд. Моро маҳбусони сиёсӣ эълон карда буданд. Ёд дорам, моро ба вагонҳои боркашонӣ андохта, аз роҳи Турксиб ба Сибир мебурданд. Посбонон дар сарамон ҳатто вақти қазои ҳоҷат ҳам рост меистоданд. Маҳбусон маҷбур буданд, ҳар қадам таҳти назорати посбонон гарданд. Ба сармоҳои шадиди Шимол тоқат кардан барои ҷанубиҳо басо душвор буд... Насрулло касби падараш - дуредгариро пеша кард. Хӯроки дуруст намедоданд, аз сифаташ ҷойи гап ҳам набуд. Аз витамин танқисӣ мекашидем.
Дар арафаи соли 1940 аз касалии зангила дандонамон пурра рехт. Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд, моро бештар аз пеш, таҳти назорат гирифтанд, ки мабодо нагурезем. Ва мо тоқат мекардем. Ба иқлими вазнини Сибир мутобиқ шуда, ҳар коре, ки мефармуданд, ба сомон мерасондем. Оқибат субҳи озодӣ дамид. Соли 1946 бисёр фарзандони тоҷик, аз ҷумла ману Насрулло ҳам баъд аз адои муҳлати ҳукм ба Сталинобод баргаштем...
Собиқ маҳбусони сиёсӣ, ки акнун дар сарзамини бобоӣ нафаси озод мекашиданд, дар орзуи он буданд, ки ба қадри умри боқӣ расида, зиндагӣ ба хушӣ гузаронанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар ҳаёти Насрулло воқеаи фараҳбахше ба вуқӯъ пайваст. Вай дар 41-солагӣ бо духтари конибодомӣ Роҳатхон Аҳмадова тақдир ба ҳам пайваст ва орзу дошт, ки бачаю качадор шуда, осудаҳолона мезияд. Сад афсӯс, ки ин орзуҳои вай ҷомаи амал напӯшиданд. Сталинизми дар солҳои ҷанг муваққатан хамӯшида боз аз пайи таъқиби собиқ «душманони халқ» афтод. Онҳоро нагузошт, ки озод бошанд. 20 апрели соли 1949 Насрулло Абдуллоевро дубора ба ҳабс гирифтанд. Вай дар маҳбаси шаҳри Сталинобод мехобид, ки хабари духтарчадор шуданашро шунид. Мувофиқи хоҳиши падар, номи навзодро чун рамзи орзуву омоли солҳо дар дил парвардааш Матлуба номиданд.
Вақте ки Матлуба думоҳа шуд, хабар расид, ки падарашро ба Сибир бадарға мекардаанд. Ин хабар базудӣ ба Конибодом расид ва Роҳатхону авсунаш Очахон тифлро гирифта, дар се шабонарӯз ба Сталинобод омаданд. Барои видоъ иҷозатнома ҳам гирифтанд. Вақте ки навбати мулоқоти зану шавҳар фаро расид, посбони дарвоза бе паспорт иҷозат надод, ки бо ҳам вохӯранд (Ноомади корро бинед, ки он рӯз паспорти Роҳатхон дар қароргоҳаш монда будааст). Авсунаш Очахон, ки бо худ паспорт дошт, Матлубаи маъсумаро ба даст гирифта, ба мулоқоти Насрулло даромад. Насрулло ҷигарбандашро ба даст гирифту дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Вале хурсанд буд, ки фарзандашро дид…
Поезди махсус рӯ ба самти шарқи Сибир, ба кишвари Красноярск роҳ гирифт. Ин дафъа ҳам тақдир Насруллою Мустафоқулро ба ҳам пайваст. Дар шаҳри Туруханск маскан гузиданд. Чанд соли аввал аз Сушинск, Норилск то Дудинка, ки қад-қади дарёи Енисей воқеанд, боркаши киштӣ буданд.
Моҳи сентябри соли 1951 катери боркаше, ки Насрулло кор мекард, ҳангоми шино дар райони Тура ба лой ғӯтид. Одатан барои катерро аз лой баровардан ба ягон дарахти соҳил трос баста, раҳо медоданд. Ин бор ҳам ҳамин тавр карданд. Чӣ хатое содир шуду троси тобхӯрда аз дасти Насрулло бадар рафта, аз миёнаш сахт зад ва ӯро аз по афтонд. Бо ҳамин дигар ба по хеста натавонист ва дар сарзамини Сибири бекарон абадуддаҳр бимонд. То баҳори соли 1953 ҳамагӣ ду сол нарасид, ки чун дигар бадарғашудагон ба зодгоҳаш баргардад.
Зани ҷабрдидаи бегуноҳ, зани содиқи шавҳари худ Роҳатхон Аҳмадова як моҳ пеш аз фавти шавҳараш мактубе гирифт, ки дар он чанд байти падар сабт ёфта буд дар ҳаққи духтараш Матлуба:
Аҷаб дилбар, гули бодом дорам,
На шаб хобу на рӯз ором дорам.
Намедонам, ки кай бинам рухашро,
Умеди бӯса субҳу шом дорам.
Ту хуштар аз суман, Матлубаи ман,
Шукуфӣ дар чаман, Матлубаи ман.
Набинад рӯйи ту ранги хазонро,
Нишони умри ман, Матлубаи ман!
Матлуба бе падар ба воя расид.
Вале хешовандонаш нагузоштанд, ки ӯ бепадариашро ҳис кунад. Аммааш Муаллимаи Хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон Санавбархон Абдуллоева то охири умраш ҳомии ин оилаи мусибатзада буд. Аз пайи тарбияю таҳсили Матлуба шуд. Матлуба амакаш Ҳабибхон Абдуллоевро, ки аз ӯ бӯйи падараш меомад, «дада» мегуфт.
Матлуба кӣ будани падарашро аз рӯйи мактубҳояш шинохт. Донист, ки падари бегуноҳашро ноҳақ, бе ҳеҷ асос ду бор ҳабс намуда, ба Сибири дурдаст фиристода буданд, ки имрӯз ҳатто қабрашро ҳам дарёфта наметавонад. Ӯ чун фарзанди лоиқи падар ба камол расид. Институти тиббии Душанберо хатм намуд. Соҳиби чаҳор фарзанд аст. Солҳост, ки ҳифзи солимии мардумро ба уҳда дорад.
Ниҳоят ҳақ ба ҳақдор расид. 20 апрели соли 1949 аз хусуси дар делои Абдуллоев Насрулло набудани унсури ҷиноятӣ тафтиши кор қатъ гардид. Ҳамсари марҳум, ҳамсари инсони бегуноҳ аз шунидани ин хабар ашки талх рехт.
Ин ягона санаде буд, ки модару духтарро таскин бахшид.
Наримон АБДУЛЛОЕВ
(«Комсомоли Тоҷикистон», №112 (7973),
аз 16 сентябри соли 1988)