Аз умри гузаштаам шикоят накунам...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 889
ХОЛОВ ҚУВВАТАЛӢ
20-уми майи соли 1937 дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Шӯрообод ба дунё омада, мактаби миёнаро дар деҳаи Чорбоғ (собиқ Эмомалӣ)-и ноҳияи Восеъ хатм намудааст. Соли 1953 ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1957 ба итмом расонид.
Фаъолияти кориашро аз ходими адабии рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ оғоз намуда, пасон дар рӯзномаҳои «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод, «Ҳақиқати Ховалинг», радиои шаҳри Кӯлоб кор кардааст. Соли 1963 ба мактаби олии партиявии шаҳри Тошканд шомил шуда, онро соли 1967 ба поён мерасонад. То соли 1974 дар рӯзномаҳои маҳаллии ноҳияҳои Темурмалик, Ҳамадонӣ ва Муъминобод фаъолият намуд. Соли 1974, баробари ташкил шудани рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб, ба ҳайси муҳаррир таъин шуда, онро то соли 1980 сарварӣ намудааст. Қувваталӣ Холов то лаҳзаи вопасини зиндагӣ соли 2012 бо нашрияҳои даврӣ ҳамкорӣ дошт.
Дар мазори «Чилтанҷон»-и деҳаи Корези Болои ноҳияи Кӯлоб, дар як гӯшаи ин водии хомӯшон рӯзноманигори шинохтаву нависандаи ҳақиқатнигор, устоди қаламкашони ҳамон ҳавза Қувваталӣ Холов хуфтааст. Инсони наҷибе, ки тамоми умр дурри сухан суфта, рӯзномаҳову маҷаллаҳоро аз хабару мақола, ҳикояву хотирот пур карда, қиссаи ватандорони ҷонфидоро гуфтааст. Дар ин ҷо қаламкаше хоб аст, ки ҳанӯз гӯраш бенишона аст, дар сари гӯраш, санги ёдгорие аз кӯҳсори кишвар нест. Гӯиё, ки зинда аст ҳанӯз, касеро ба маргаш бовар нест. Ҳар инсони асил медонад, ки танҳо бо роҳи некномӣ ба умри фонӣ рутбаи ҷовидонӣ бахшидан мумкин аст. Вале ба тани ин орзу ҷомаи амал пӯшонидан кори осон нест. Барои ба қуллаи мақсад расидан бояд роҳи нангу номусро пеш бигирӣ, рӯзона ба каф парчаму шабона машъал бигирӣ. Бисӯзию шамъи хонаи дили дигаронро биафрӯзӣ. Бо дигарон хешу ба худ бегона бишавӣ, гирён ба олам биоиву шодон аз олам биравӣ.
Қувваталӣ Холов марди некном буд. Ҳангоми саҳифагардон кардани зиндагиномааш пай мебарӣ, ки ӯ, пеш аз ҳама, ба модари азизаш хизмат карда, дуо гирифтааст. Қувваталии хурдсол баъди вафоти падар дар тарбияи модари ғамдораш мемонад. Эҳтиёҷи рӯзгор аҳли оиларо маҷбур мекунад, ки аз зодгоҳашон Деҳаи Баланди ноҳияи Шӯрообод ба таҳдашт бикӯчанд. Айёми наврасии Қувваталӣ дар деҳаи ЭмомАскари ноҳияи Восеъ гузаштааст.
Баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб давом додааст. Фаъолияти рӯзноманигории худро аз омӯзишгоҳ оғоз карда, пайваста дар матбуоти даврӣ хабару мақолаҳо чоп мекард. Офаридаҳояшро писандида, баъди хатми омӯзишгоҳ ӯро ба рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ ба кор даъват мекунанд. Дертар фаъолияташро дар рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» идома медиҳад.
Дар ин рӯзнома низ бо нақши қаламаш обрӯю эътибори баланд пайдо мекунад. Кордонию масъулиятшиносияшро ба эътибор гирифта, барои омӯхтани мушкилот ва асрори кори сарварӣ ӯро ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд ба таҳсил мефиристанд. Баъди хатми ин дорулфунун ӯро ба идораи кинонамоишдиҳии шаҳру ноҳияи Кӯлоб сарвар таъин мекунанд, ба идорае, ки нақшааш иҷро намешуд ва даромади иқтисодияш дар сатҳи хеле паст буд.
Қувваталӣ ин вазифаро як имтиҳони ҷиддии сарварӣ пиндошта, шабу рӯз меҳнат мекард.
Ӯ натанҳо роҳҳои аз буҳрони иқтисодӣ баровардани идораро ёфт, балки даромади соф гирифта, рушди соҳаро таъмин намуд. Оре, марди доно бе обу барқ ҳам ҷуброни осиёбашро аз ҳисоби бод бароварда метавонад. Ӯ аввалин шахсе буд, ки аз ин вазифа ба мансаби баланд гузашт.
Вақте ки масъалаи иваз кардани сарвари рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ»-и собиқ вилояти Кӯлоб ба миён омад, аз байни даҳҳо рӯзноманигорони шинохта Қувваталӣ Холовро сармуҳаррир интихоб намуданд. Зеро медонистанд, ки дар қаламрави вилоят аз ӯ дида соҳибкасби таҷрибадоре нест. Қувваталӣ дар ин вазифа низ кор карда, заррае худро аз дигарон баланд намегирифт.
Рӯзноманигорони соҳибтаҷрибаи бисёр ноҳияҳо, ки хоксорию дигар хислатҳои ҳамидаашро медонистанд, бо вуҷуди дар шаҳр ҷойи зист надоштан, ба рӯзнома ба кор омаданд. Ҳафтаҳо дур аз хонавода ба таҳияи матлабҳои рӯзнома мепардохтанд. Қувваталӣ меҳру садоқати ҳамкоронро дида, бо такудав ҳар кадомеро соҳиби манзил дар шаҳр кард.
Қувваталӣ Холов рӯзноманигори мулоҳизакор ва дурандеш буд. Хусусан, дар чопи шеъру ҳикоя ва қиссаҳо мулоҳизакор буд. Дар он замон, ки гоҳо ҳар ҳарф ва ҳар сатрро тобиши сиёсӣ медоданд, барои ба доми туҳмати бадандешон наафтодан пеш аз чоп сари ҳар нукта бо дӯстони эҷодкору донишмандаш машварат мекард.
Оре, зиндагӣ худ мактаби бузург аст, ки одам аз дидагони ҳамсуҳбат қиссаҳои пандомӯзеро, ки аз ягон китоб пайдо карда наметавонад, хонда ҷаҳонбин мешавад.
Қувваталӣ Холов низ баъди гузаштан аз имтиҳони мактаби ҳаёт, мушоҳидаҳо ва хотираҳои даврони рӯзноманигориашро дар шакли қиссаву ҳикоя ва ёддошт рӯйи коғаз оварда, китоби нахустинашро бо номи «Садҳо савол барои сатре» пешкаши хонандагон намуд. Китобро нашриёти «Сада», ки дар заминаи матбааи шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта буд, чоп кард.
Хушбахтии ин марди нексиришт, пеш аз ҳама, дар он буд, ки дар сари роҳи марказии шаҳри Кӯлоб ва чанд кӯчаи дигар идора дошт ва қадаме бе дидору ҳолпурсӣ намегузошт. Роҳгузарон лаҳзаҳои ба коргоҳ омадану рафтанашро медиданд ва дар дил орзуи монанди ӯ буданро мепарвариданд. Қувваталӣ Холов дар ҳамин роҳҳо ҳар лаҳзаи умри худро сарфи кори неке мекард. Бо инсонҳои рӯзона рӯ ба рӯ омадааш хаёлан шабона гуфтугӯ карда, аз байнашон қаҳрамони асари навашро меҷуст. Ва билохир симои қаҳрамонони ҳаёташон ибратбахшро дар китобҳои «Қуввати дил», «Чашмандозе аз меҳри дил», «Дар талоши зиндагӣ», «Аё Кӯлоби ман» ва ғайра офарида, ба чоп супурд, ки имрӯз дар рӯйи мизи ихлосмандонаш мебошанд.
Ҳеҷ заҳмат бе подош намемонад. Сазовори медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Ветерани меҳнат», нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома», унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва дигар мукофотҳои арзишманд гаштану пазируфтан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон подоши заҳматҳои кашидаи Қувваталӣ Холов мебошанд. Ҳамчунин, он марди дурандешу дилогоҳ як қисми умри нотакрорашро ҳамроҳи ҳамсари азизу меҳрбонаш дар тарбияву хонаобод кардани 12 фарзанди кордону донишманд сарф кард. Қисми дигарашро ба эҷод ва ба роҳи рости ҳаёт ҳидоят кардани садҳо шогирд бахшида, дар боғи ҳастӣ ба чандин навъ ниҳол парварид.
Муҳаммад ҒОИБ
(«Ҷумҳурият», №58, аз 5 майи соли 2012